Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти захмӣ шудани нозири БДА аз сӯи ронандае дар Кӯлоб


Мақомоти пулис мегӯянд, Мирзоаҳмад Камолов ба фармони нозири роҳ итоат накарда мегурезад ва ҳангоми ба даст афтодан ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ба шиками Сӯҳроб Исмонқулов се корд задааст.

Мақомоти пулиси Кӯлоб Мирзоаҳмад Камолови 38-сола, сокини кӯчаи Советии ин шаҳрро ба иттиҳоми бо зарби корд захмӣ кардани нозири Бозрасии Давлатии Автомобилӣ, майор Сӯҳроб Исмонқулов, боздошт кардаанд.

Онҳо мегӯянд, ки ин сокини Кӯлоб аввал ба фармони нозири роҳ итоат накарда мегурезад ва танҳо баъди аз қафояш шудани Исмонқулов мошинро нигоҳ медорад. "Ҳамон вақт ба ҷои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ронандагӣ бо се зарби корд нозири роҳро маҷрӯҳ кардааст,"-гуфт як манбаи мо дар Раёсати умури дохилии шаҳри Кӯлоб.

Ӯ афзуд, Мирзоаҳмад Камолов мошини тамғаи "Нексия" меронд ва дар пайи тафтиши он аз дохилаш 5 кордча пайдо ва мусодира шудааст. "Ҳоло худи ӯ дар боздошт аст ва тафтиши қазия ҳанӯз ба поён нарасидааст,"-идома дод манбаъ. Мусоҳиби мо дар мавриди вазъи саломати нозири роҳ, майор Сӯҳроб Исмонқулов, гуфт, ки вай ҳоло таҳти назри табибон аст ва агарчӣ пеши роҳи хунравӣ гирифта шудааст, аммо зарби як корд ба ноҳияи шикамаш хеле сахт буда, табибон дар пайи сиҳҳат кардани онанд.

Ҳамагӣ тақрибан ду моҳи пеш мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи Баҳриддини Наҷмиддин, ронандае, ки корманди Бозрасии Давлатии Автомобилиро дар Душанбе рӯи "капот"-аш то 100 метр бурда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парванда боз намуданд.

Дар видеои ҷанҷолие, ки рӯзи 20 март дар Фейсбук нашр шуд, корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худро болои мошине андохта ва талаб мекунад, ки ронанда мошинро нигаҳ дорад, вале ронанда маъмури пулисро бештар аз сад метр болои мошинаш мебарад. Як нафар ҳам бо муроҷиат ба нозири роҳ мегӯяд, ки аз болои мошин поин биёяд ва иҷоза диҳад, ки ронанда ба ҳаракаташ идома диҳад. Коре, ки нозири роҳ намекунад ва баъдан аз болои мошин поён меояд ва ронандаи фирориро дашном медиҳад.

Дар аввали моҳи апрел мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, алайҳи боз як ронандаи дигар, ки дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви Душанбе ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро зер кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд. Аз ин ронанда Ибодулло Қодиров, сокини 24-солаи Душанбе, ном бурда мешавад.

Тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилоти умдаест, ки солҳо боз дар бораи он менависанду мегӯянд ва ба гуфтаи аксарияти ронандагон бо ин зуҳурот дар ҳар сари қадам рӯ ба рӯ мешавед. Дар як назархоҳӣ дар мавриди коррупсия дар Тоҷикистон, ки 5 соли пеш бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуд, 53 дарсади мардум гуфтанд, ки кормандони БДА бисёр “бевиҷдон ва ришвахор” ҳастанд.

Ин мушкилро мақомоти Вазорати умури дохилӣ ҳам эътироф кардаанд ва гуфтанд, ки охири соли 2014 барои нозирони роҳ 50 камераеро оварданд, ки афсарони пулис бо худ мегиранд ва тамоми муоширату рафтори онҳо бо ронандагон мустақим дар маркази назорат мушоҳида мешавад. Ин таҷҳизот ба қавли мақомот барои аз байн бурдани тамаъҷӯӣ аз ронандагон оварда шуд, ҳарчанд ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG