Як пажӯҳишгари итолиёӣ, ки айни замон дар Донишгоҳи улуми сиёсӣ ва мудирияти Эстония кор мекунад, мегӯяд, мухолифати Узбакистон ба бунёди нерӯгоҳи Роғун камтар шуда, натиҷаи мусбати хулосаи Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ин нерӯгоҳ, ҷалби сармоягузоронро барои тарҳ осонтар кардааст. Филлипо Менга, ки ҳоло мудирияти захираҳои об дар Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад, дар сӯҳбате бо Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти ояндаи Роғун сӯҳбат кард.
Озодӣ: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтае пеш ва баъд аз танаффуси тӯлонӣ ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рафт. Ба назари Шумо, аҳдофи воқеии ин сафар чӣ буда метавонад?
Филлипо Менга: "Ба назари ман, ин сафар ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳамингуна эълони озмуни ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби ширкатҳои довталаб ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳи Роғун робита мегирад. Барои ҳамин, қобили дарк аст, ки ҳукумат аз ин пас кӯшиш мекунад, тарҳи мазкур дар чашмҳо бештар намоён бошад."
Озодӣ: Бо вуҷуди онки Тоҷикистон барои интихоби ширкатҳои довталаби бунёди Роғун озмун эълон кард, мо аз Узбакистон, ки солҳои пеш сарсахтона мухолифат мекард, чизе нашунидем. Ба андешаи Шумо, сабаби ин хомӯшӣ чӣ аст: оё Узбакистон фикр мекунад, ки Тоҷикистон батанҳоӣ ин нерӯгоҳро сохта наметавонад, ё чароғи сабзи Бонки Ҷаҳонӣ ва натиҷаҳои ташхиси байнулмилалӣ дар инҷо нақш дорад?
Филлипо Менга: "Ба фикри ман, дар муқоиса бо чанд соли гузашта зоҳиран Узбакистон ҳоло бештар омодаи мусолиҳа аст. Ҳоло аломатҳое дида мешавад, ки Тоҷикистону Узбакистон барои музокирот боз ҳастанд ва мулоқоти президентҳои ду кишвар моҳи сентябри соли гузашта шаҳодати ин гуфта аст. Вазъият дигар мисли пешина фавқулода нест. Ҳарчанд танишҳое хоҳад буд, вале ҳангоми сохтмони сарбанд бояд ин масъала бо Узбакистон боэҳтиёт баррасӣ шавад, вале ба ҳар сурат оҳанги сӯҳбатҳо мисли пешина тунд нест. Ман намегуям, ки Узбакистон вокуниш намекунад, балки аломатҳо баёнгари он аст, ки вазъ оромтар шудааст. Муҳим соли 2016 аст, ки бубинем, ки оё дар воқеъ Тоҷикистон барои сохтмони Роғун сармоя пайдо мекунад. Танҳо дар ин сурат метавон дид, ки Узбакистон чӣ гуна стратегияро пеш мегирад."
Озодӣ: Вале дар воқеъ фикр мекунед, ки Тоҷикистон барои як чунин тарҳи баҳсбарангез дар минтақа сармоягузор пайдо мекунад?
Филлипо Менга: "То кунун, ҷанҷолӣ будани тарҳ як омили боздорандаи сармоягузорони хориҷӣ буд, аз ин рӯ, ба андешаи ман, ба ҳадде, ки баҳс сари сарбанди Роғун камтар шавад, ёфтани сармоягузор ҳам осонтар мешавад. Дар воқеъ таҳқиқи Роғун бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумат имкон медиҳад, ки сармоягузор пайдо кунад."
Озодӣ: Дар гузашта вақти ҷанҷолҳо бар сари тарҳи Роғун ва сард шудани муносиботи Тоҷикистону Узбакистон, баъзе аз расонаҳои Тоҷикистон ин тарҳро бо ишора ба барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон, “Барномаи ҳастаии Тоҷикистон” тасвир карданд. Воқеан ҳамингуна муқоиса дуруст аст ва нерӯгоҳи Роғун, мисли барномаи атомии Эрон мояи нангу ифтихори тоҷикон ҳаст?
Филлипо Менга: "Муқоисаи нерӯгоҳи барқи обӣ бо нерӯгоҳи атомӣ
Филипо Менга
Нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад, манотиқи васеи Покистону Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки чархаи аввали нерӯгоҳ бояд соли 2018 ба кор андохта шавад
ғайримуқаррарӣ аст, чунки нерӯгоҳҳои обӣ манбаи энержии сабз ҳастанд ва нерӯгоҳҳои барқи атомӣ - не. Матбуоти Тоҷикистон аз он сабаб чунин муқоисаро пеш гирифтаанд, ки ҳарду навъи нерӯгоҳ тавоноии истеҳсоли нерӯи барқи зиёде доранд. Роғун метавонад, барои Тоҷикистон 3600 мегават нерӯи барқ тавлид кунад ва ин барои кишваре бо қудрати ками тавлиди барқ мисли Тоҷикистон баробар ба тавоноии 3 реактори миёнаҳаҷми атомӣ аст. Ба тахмини ман, тарҳе ба мисли нерӯгоҳи Роғун, ки дар сурати такмил шудан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд дар ҷаҳон мешавад, метавонад, мояи ифтихор барои бахше аз аҳолии Тоҷикистон бошад. Биноан тарафдорони бунёди чунин тарҳи азим онро ба ҳайси мояи нангу ифтихор муаррифӣ мекунанд."
Озодӣ: Шумо дар бораи таъсири Роғун ба миллатсозӣ дар Тоҷикистон пажӯҳиш кардаед. Метавон гуфт, ки нерӯгоҳи Роғун метавонад, маҳалгароиро, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад, кам кунад ва тоҷиконро ба ваҳдати миллии воқеӣ бирасонад?
Филлипо Менга: "Мутмаин нестам, ки сарбанде Тоҷикистонро ба ҳайси миллат муттаҳид кунад. Албатта, метавонад, эҳсоси ифтихори миллии бахше аз аҳолиро боло барад, чунки сохтани чунин иншооти азим дастоварди азим ба ҳисоб меравад. Сарбандҳои азим дар воқеъ бузургтарин иншооте ҳастанд, ки инсоният сохта ва манобеи обро барои баҳрабардорӣ омода кардааст. Ба ғайр аз хидмати амалӣ ба инсонҳо аз ҷумла барои истеҳсоли нерӯи барқ, идораи маҷрои об ва обёрӣ, сарбандҳо ҳамчунин рамзҳои нерӯманд ба ҳисоб мераванд. Масалан, Сарбанди Марафон дар Юнон пас аз маъбади маъруф ва бостонии Парфенони Юнони қадим бузургтарин дастоварди ин кишвар ба ҳисоб меравад. Сарбанди азими Ҳувер дар Невадаи Амрико, сарбанди Бакраи баланд дар Ҳинд ва сарбанди Асвон дар Миср низ аз ин гуна рамзҳо ҳастанд."