Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе мегӯяд, Маскав аз аввал ҷонибдори сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон буд ва мемонад. Ба қавли вай, ҳоло бархе аз кишварҳои минтақа мухолифи бунёди ин нерӯгоҳи азиманд, ки онро мешавад аз роҳи якдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл кард.
Фролов дар ин бора дар гуфтугӯи мустақимаш бо хонандагони нашрияи "Тоҷикистон" сӯҳбат карда ва афзудааст, "то ҷое огоҳам, ҳоло сохтмони ин нерӯгоҳ идома дорад. Кишварҳои бо Тоҷикистон шарики стратегӣ низ метавонанд, саҳми худро дар бунёди нерӯгоҳи мазкур гузоранд. Русия ҳамеша ҷонибдори сохтмони Роғун буд ва мемонад."
Ин дар ҳолест, ки соли 1994 ҳукумати Русия бо имзои як созишномаи байниҳукуматӣ сохтмони Роғунро бар ӯҳда гирифт, вале дар муддати 10 соли баъдӣ барои иҷрои ин қарордод коре анҷом надод. Русия дар соли 2004 бо имзои қарордоди нав бо ҳукумати Тоҷикистон аз номи ширкати
"РусАл"-и миллиардери ба Кремл хеле наздик Олег Дерипаска барои сохтани обанбори Роғун ваъдаи 600 миллион доллар кард. Аммо ин созишнома ҳам ба далели гӯиё ихтилофи назари ҷонибҳо бар сари баландии сарбанди нерӯгоҳ ва таркибе, ки ин сарбанд бояд сохта мешуд, дар рӯи коғаз монд.
Ҳоло интизор меравад то 22 май ширкатҳои асосии бунёдкунандаи Роғун маълум шаванд. Аввали моҳи марти соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун озмун эълон кард ва гуфт, сохтмони асосӣ нимаи дуюми соли 2016 оғоз меёбад ва марҳила ба марҳила идома карда, соли 2027 ба поён хоҳад расид.
Ба гуфтаи намояндаи Гурӯҳи иҷрои тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, айни замон консорсиуме дар ҳайати "Трактебел Инжиринг" аз Фаронса, "Койне ет Беллие" ва "Электроконсалт" аз Итолиё барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун кумаки техникӣ мерасонанд. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ба он ширкатҳое бартарӣ медиҳад, ки таҷрибаи сохтмонҳои бузург ба мисли Роғунро доранд ва ҳам метавонанд, барои иҷрои тарҳ сармояву қарз пайдо кунанд.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи январаш гуфта буд, ду агрегат ё чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки солҳо боз ҳамчун калиди бахти сокинони кишвар барои расидан ба иқтисоди қавӣ ва раҳоӣ аз бебарқӣ унвон мешавад, то соли 2018 фаъол мегардад. Ҳоло танҳо барои сохтани сарбанди ин нерӯгоҳ 600 миллион доллар ва барои ба кор андохтани чархаҳои аввали нерӯгоҳи Роғун, бино ба ҳисобҳо, то 2 миллиард доллар сармоя лозим аст. Талошҳои Душанбе барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ барои бунёди Роғун аз соли 1992 ба ин сӯ бенатиҷа мондааст.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сарбандаш аз 300 то 335 метр баландӣ дошта, иқтидораш 3 ҳазору 600 мегаватт хоҳад буд, дар сурати пурра фаъол шуданаш метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад. Он гоҳ, ба қавли мақомот, маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ки ҳар сол аз моҳи октябр то апрел ҷорӣ мешавад, аз байн хоҳад рафт. Вале Узбакистон борҳо алайҳи ин тарҳ садо баланд карда, сохта шудани онро барои кишварҳои поёноби минтақа манфӣ донистааст. Дар пайи ин даъвоҳои Тошканд Душанбе маҷбур шуд, ба коршиносони Бонки ҷаҳонӣ иҷоза диҳад, то тарҳи фанниву иқтисодӣ ва экологии Роғунро ташхис кунанд.
Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябри соли гузашта натиҷаҳои ташхисашро нашр кард, ки мегӯяд, ба сурати умум, тарҳи Роғун кадом паёмади манфии ҷиддӣ надорад. Коршиносони бонк ҳамчунин сохтани нерӯгоҳ бо баландии 335 метрро, ки Душанбе мехоҳад, муносибтар донистаанд, чунки имкон медиҳад, Роғун нерӯи барқи бештаре тавлид ва бозорҳои ташнаи барқи ҳам Тоҷикистон ва ҳам Афғонистону Покистонро таъмин кунад.
Азоби бебарқӣ панҷ соли пеш ҳазорон нафарро водор кард, то саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро харида, дар бунёди он ҳисса гузоранд. Ҳарчанд гуфта мешуд, қисме аз мардумро ба харидани саҳмияҳо маҷбур кардаанд, аммо даҳҳо нафар мегӯянд, бо амри дил ва аз рӯйи номус барои ин коғазҳо пул доданд, то ба Ватани худ кумак кунанд. Дар пайи ин маъракаи “номусӣ”-и фурӯши саҳмияҳои Роғун беш аз 890 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд. Ин маблағ дар хазинаи Вазорати молияи Тоҷикистон ва дар ҳисоби нерӯгоҳи Роғун нигаҳдорӣ мешавад.
Сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз дар солҳои 70 оғоз ёфта, ҳукумати Шӯравӣ барои сохтмончиёнаш ҳатто шаҳракеро бо ҳамин ном бино кард. Аммо аз поёни солҳои 80, вақте фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзторӯз яқинтар мешуд, маблағгузории сохтмони Роғун аз сӯи Маскав коҳиш ёфта, аз соли 1992, баъди суқути Шӯравӣ пурра қатъ шуд. Як қисми бунёдшудаи сарбанди Роғунро дар баҳори соли 1992 сел бурд ва нақбҳои обпартояшро ҳам пур аз гил кард.
Дар соли 1992 Покистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати вақти президент Раҳмон Набиев барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоя дод, вале оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин ваъдаро нақше бар об кард. Бархе то ҳол иддао доранд, ки як сабаби оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳз маҳрум шудани Маскав аз луқмаи Роғун дар сурати иҷро шудани ин қарордод бо Исломобод буд.