Дар Тоҷикистон теъдоди корбарони Интернет ва иртиботи мобилӣ соли дувум аст, ки садҳо ҳазор коҳиш меёбад. Ҳарчанд масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон кам шудани муштариёнро ба бӯҳрон рабт медиҳанд, аммо нозирони умур гуфтанд, ки иқдомҳои ахири давлат дар амри маҳдуд ва зери назорат гирифтани соҳаи мухобирот боис ба чунин вазъ шудааст.
Ҳанӯз панҷ соли пеш дар Тоҷикистон мизони хеле баланди истифода аз алоқаи замонавии мухобирот сабт шуда буд.
Бино ба хабари расмӣ, соли гузашта теъдоди корбарони иртиботи мобилӣ 400 ҳазор ва муштариёни Интернет то 300 ҳазор нафар кам шудааст. Абдуқаюм Исоев, як масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал гуфт, ҳоло дар ҷумҳурӣ 4 миллиону 416 ҳазор корбарони фаъоли иртиботи мобилӣ ва 2 миллиону 632 ҳазор корбари Интернет, аз ҷумла интернети мобилӣ сабт шудаанд. Ин соли дувуми коҳиши нишондодҳои шумораи корбарони Интернет ва иртиботи мобилӣ дар Тоҷикистон аст.
Бахши як замон рӯ ба рушд чаро заиф шуд?
Соли 2015 шумораи корбарони фаъоли телефонҳои мобилӣ – 1,2 миллион ва интернет то 800 ҳазор нафар кам шуда буд. Мақомоти Хадамоти алоқа ин коҳишро ба бӯҳрони иқтисодӣ рабт медиҳанд. Вале нозирон ва мунтақидони соҳаи мухобирот бар инанд, ки иқдомҳои ахири давлат дар робита ба мухобирот ин соҳаи як замон пешрафтаро дучори рукуд кардааст.
Арсаи мухобирот дар Тоҷикистон аз ангуштшумор соҳаҳое аст, ки тайи ҳадди ақалл даҳ соли охир рушди бемайлон дошт ва ҳар сол Хадамоти алоқа бо ифтихор аз бештар шудани шумораи корбарони Интернет ва иртиботи мобилӣ гузориш медод. Дар қатори чораҳои охир дар робита бо соҳаи мухобирот соли 2016 ҷорӣ шудани андози аксиз, 18 баробар боло рафтани нархи истифодаи рақамҳои мобилӣ, ҷаримаҳои ҳангуфти ширкатҳои мобилӣ ва интернет ва дар ниҳоят ба кор пардохтани Маркази ягонаи коммутатсиониро метавон ном бурд.
Марказе, ки ахиран фаъол шуд, аз ҳар дақиқаи гуфтугӯҳо ба берун ба манфиати худ - 15 дирам ҳақ меситонад. Дар натиҷа, қимати гуфтугӯҳо ба берун то 1 сомониву 20 дирам боло рафтааст.
"Вазъият хеле нигаронкунанда аст"
Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкатҳои мобилӣ ҳоло дар шароити вазнинтарини молиявӣ қарор доранд. Вазъият хеле мутташаниҷ аст ва ширкатҳо имкони сармоягузории барномаҳои иҷтимоиро надоранд. Барои рушди алоқа низ маблағ нест. Бинобар кам шудани муштариён дар баъзе маҳалҳо, нигаҳдории манораҳои алоқа барои ширкатҳо зиёновар мешавад ва онҳоро аз онҷо мегиранд, ки дар натиҷа мардуми ин манотиқ метавонанд бидуни алоқа монанд.”
Иркаев афзуд, танҳо рақобат ва қонуни солими бозор ширкатҳоро маҷбур мекунад, ки дар фикри пешрафт, афзоиши муштарӣ, тавсеаи домани ҷуғрофии муштариҳояшон бошанд. Ҷаримаҳои ҳангуфт ва мизони болои андоз боис ба норизоияти ширкатҳо ва ҳатто сафири Русия дар Тоҷикистон шуд, ки ахиран гуфт, “гоҳо андоз аз даромади ширкатҳо бештар аст”.
"Суръати Интернет суст шудааст"
Зимнан, муштариён мегӯянд, солҳои охир беш аз пеш эҳсос мекунанд, ки суръати Интернет коҳиш ёфта, дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои интернетии хабаррасон маҳдуд ва сифати гуфтугӯҳои мобилии муштариён дар Тоҷикистон хароб мешавад.
Шамсия Бекова, як корбари фаъоли интернет ва иртиботи мобилӣ дар Тоҷикистон, гуфт, аз сифат ва суръати интернет ва сӯҳбатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон қонеъ нест. “Суръати интернет дар Тоҷикистон ниҳоят суст буд, боз сусттар шудааст. Файлҳои видеоӣ он сӯ истад, матну суратро боз кардан душвор аст. Ман қариб дар ҳама ҳамсоякишварҳо ва Русия будам, фарқи суръати интернети онҳо аз мо аз замин то осмон фарқ мекунад. Мо, мутаассифона, дар ин соҳа қафо мондем, ҳол онки як замон ҳатто аз Русия пеш будем.”
Ҷойи 157-уми Тоҷикистон
Баҳси таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 сар зада буд. Аммо ширкатҳои мобилӣ ин тасмимро он замон ба баҳс кашонда гуфта буданд, дар сурати таъсиси чунин як марказ тамоми бозори мухобирот дар инҳисор (монополия)-и ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” қарор мегирад ва як навъ дахолати давлат ба умури бахши хусусӣ хоҳад буд. Ташаббускори аслии ин тарҳ Бег Сабур (Бег Зуҳуров), раиси Хадамоти алоқа буд, ки он замон муваффақ нашуд, вале бо гузашти 10 сол ва содир шудани қарори ҳукумат ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшид.
Пойгоҳи байналмилалии оморҳои марбут ба интернет ё Internet Live Stats тобистони соли гузашта дар як раддабандӣ Тоҷикистонро аз ҷиҳати шумораи корбарони интернеташ дар ҷаҳон дар мақоми 157 қарор дода буд.