Дар пасманзари идомаи баҳсҳо атрофи дурустии боло рафтани арзиши хадамоти интернети мобилӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 1 апрел Кумитаи андоз бо пахши баёнияе аз қарори рӯзи 4 марти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳимоят кард.
Андозро аз ҳисоби кӣ месупоранд? Аз кисаи мардум. Андоз аз ҳад зиёд, ки шуд, рушди корхона бозмемонад. Рушди корхона ки бозмонд, дигар хизматрасонии дуруст расонда наметавонад
Ин қарор афзоиши қобили мулоҳизаи нархномаи хадамоти интернети мобилиро дар назар мегирад, ки бо он дар Тоҷикистон ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет, ҳомиёни ҳуқуқи ин ширкатҳо ва ҳам корбарони зиёди шабакаи ҷаҳонӣ розӣ нестанд.
Кумитаи андоз, ки ба андешаи коршиносон, ниҳоди ҷонибдори боло рафтани нархномаҳо мебошад, дар вокунишаш ба роҳбарони созмонҳои "Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет", "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", "Анҷумани миллии расонаҳои мустақил", "Иттифоқи истеъмолкунандагон", “Имкониятҳои баробар", "Баробарӣ" ва "Анҷумани соҳибкорони хурду миёна" қарори боло бурдани нархро “дуруст” арзёбӣ кардааст.
Ин созмонҳо ва ҳам ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар тақозо карданд, ки нархи интернетро то ҳадди мумкин поин биёранд. Нигарониҳои онҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки бо қарори мақомот аз охири моҳи март нархи як мегабайт интернет на кам аз 5 дирам ва нархи як гигабайти он бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда тақрибан 70 сомонӣ таъйин шавад. Инчунин, нархи гуфтугӯҳои телефонӣ бояд даҳ баробар меафзуд. Нархномаҳои нав дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқодҳои зиёде ба бор овард. Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 28 март ин масъала дар ҷаласаи ҳукумати кишвар ҳам баррасӣ шуд ва президент ба муовини нахуствазир Азим Иброҳим супориш дод, ки ҳамаи паҳлӯҳои масъаларо бисанҷад. Мақомот дар Тоҷикистон ин хабарро расман нашр накардаанд.
Кумитаи андоз аз болоравии нархи интернет ҳимоят кард
Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон бо пахши баёнияе рӯзи 1 апрел гуфт, ки таҳлили трафики интернет дар давоми чор соли гузашта (2014-2018) нишон додааст, ки ҳаҷми зангҳои овозии байналмилалӣ шадидан кам шуда, ба ҷои он “трафики хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет), ки дар дохили худ дигар намуди хизматрасониҳои овозӣ, аз ҷумла трафики алоқаи байнишабакавӣ, байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, IP-телефония, телеграф ва ғайраро дар бар мегирад, зиёд шуда истодааст”. Ба ибораи дигар, муштариҳо аз зангҳои мустақим ба хориҷа парҳез карда, тавассути паёмрасонҳои интернетӣ зангҳои телефониро дар доираи трафики интернетии мобилии телефонашон анҷом медиҳанд.
“Агар дар соли 2015 дар ҳаҷми 2 миллиарду 303 млн. Дақиқа хизматрасониҳои байналмилалии алоқа анҷом дода бошанд, пас дар соли 2018 танҳо дар ҳаҷми 600 млн. дақиқа чунин хизматрасониҳоро анҷом додаанд”.
Дар натиҷа, пардохтҳо ё воридоти маблағ аз зангҳои байналмилалӣ кам шудааст, менависад Кумитаи андоз. “Андозҳои ихтиёран ҳисобнамудаи ширкатҳои мазкур дар соли 2018 танҳо 772,5 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2015 ба маблағи 367,2 млн. сомонӣ кам мебошад ё ин ки танҳо 67,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳол он ки даромади ширкатҳо, дар маҷмўъ, ба ҳадди андозҳои ҳисобшуда кам нашудааст”. Дар баробари ин, менависад Кумитаи андоз, дар солҳои 2015-2018 хизматрасониҳои телематикии (Интернет) чор ширкати мобилӣ (ҶСП “Индиго Тоҷикистон” бо нишони молии “Тселл”, ҶДММ “Таком” бо нишони молии “Билайн”, ҶСП “ТТ Мобайл” бо нишони молии “МегаФон”, ва ҶСП “Вавилон - Мобайл” бо нишони молии “Вавилон-М”) ҳамасола афзоиш ёфта аз 8 миллиарду 731 млн. Мегабайт дар соли 2015 то 25 миллиарду 771 млн. мегабайт дар соли 2018 афзоиш ёфтааст.
Кумитаи андоз дар идомаи изҳороташ гуфтааст, ки “танзими хизматрасониҳои телематикӣ амри воқеӣ буда”, ҳадафаш ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат аст. Иҷрои қарори боло бурдани нархномаи интернети мобилӣ, ки аз 27 март тақозо мешуд, ба навиштаи Кумитаи андоз побарҷо буда, бояд ҷанбаи амалӣ касб кунад.
“Билайн аз ин нархгузорӣ озод мешавад?”
Дар ҳамин ҳол бар асоси як санади Хадамоти зиддинҳисорӣ, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, имкон дорад ширкати “Билайн-Тоҷикистон” аз қарори боло бурдани нархи Интернет озод шавад.
Дар як санади Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо имзои Назар Одиназода, муовини аввали роҳбари ин ниҳод гуфта мешавад, ки ширкати “Билайн” дигар дар руйхати ширкатҳои монополисти бозори алоқа нест.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки Хадамоти зиддинҳисорӣ танҳо нархи тарофаҳои субъект ё ширкатҳоеро танзим мекунад, ки мавқеи ҳукмфармоӣ ё инҳисориро доро мебошанд. Ба гуфтаи масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ феълан се ширкати мобилӣ: “Вавилон”, “Тселл” ва “Мегафон-Тоҷикистон” дар бозори мухобирот ҳамчун монополист ба ҳисоб мераванд. “Хизматрасонии ширкатҳои мазкур таҳти танзими зиддиинҳисорӣ қарор доранд,”-омадааст дар мактуби Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Ин дар ҳолест, ки то чанд моҳи пеш ширкати “Билайн-Тоҷикистон” дар руйхати ширкатҳои монополисти бозори алоқа ҷой дошт ва нархҳои он бо иҷозаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ тағйир дода мешуданд.
Мақомоти Хадамоти зиддимонополӣ ва ҳам ширкати “Билайн” дар ин бора расман шарҳ надоданд. Аммо берун шудани номи “Билайн” аз рӯйхати ширкати монополист ба ин ширкат ҳақ медиҳад то минбаъд дар нархгузорӣ озод бошад. Саҳмияҳои ширкати “Таком”, ки таҳти бренди “Билайн-Тоҷикистон” кор мекунад, қаблан ба ширкати Вымпелком ва Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дошт. Моҳи июни соли гузашта саҳмияҳои он аз сӯи ширкати Zet mobile харидорӣ шуд. Бар асоси Феҳристи ягонаи давлатии шахсон ҳуқуқӣ, "Зет мобайл АГ" аз ҷониби Ҳасан Асадуллозода таъсис шудааст.
Ширкати “Билайн” яке аз чаҳор ширкати бузурги мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки наздик ба чоряки бозорро зери даст дорад.
Супориш ба Азим Иброҳим
Як манбаи огоҳ хабар дод, ки масъалаи боло бурдани нархи интернет рӯзи 28-уми март дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ба қавли манбаъ, Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа, дар ин ҷаласа гуфтааст, "бо тасмими боло бурдани нархи интернет зид аст, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ хашму норозигии сокинонро ба бор овард". Ӯ инчунин гуфтааст, "воқеан солҳои охир даромад аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ шадидан кам шудааст". Вале дар ҷаласаи ҳукумат Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфтааст, ки нархи интернет дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигар “хеле поин аст”. Ӯ афзудааст, боло бурдани нархи интернет ҳамчунин “ба ҳифзи амният дар кишвар” кумак мекунад.
“Раиси ҷумҳур ба Азим Иброҳим, муовини нахуствазир дастур додааст, ки қазияро бисанҷад ва ба ӯ гузориш диҳад”, - афзуд манбаъ.
Муқоисаи нархи Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ:
Рустам Гулов, коршиноси тоҷик иддаои арзон будани нархи Интернет дар Тоҷикистонро зери шубҳа бурда, мегӯяд, бо боло бурдани нархи Интернет наметавон ширкатҳои мобилиро ба пардохти андози бештар водор кард. Чун бо боло рафтани нархи Интернет мардум аз он камтар истифода мебаранд ва даромади ширкатҳо ҳам аз ин роҳ коҳиш хоҳад ёфт.
"Андозро аз ҳисоби кӣ месупоранд? Аз кисаи мардум. Андоз аз ҳад зиёд, ки шуд, рушди корхона бозмемонад. Рушди корхона ки бозмонд, дигар хизматрасонии дуруст расонда наметавонад. Дар ин ҳол мардум дигар аз он истифода намебаранд, истифода ки набурд маблағро аз куҷо меёбанд? Яъне ин яке аз роҳҳои шикастани миёни иқтисодиёт миёни соҳибкорон аст", - таъкид кард Рустам Гулов дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 март.
Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чанд вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд. Марк Поммершайм, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март дар як нишасти хабарӣ дастрасии озод ва бемушкил ба Интернетро муҳим арзёбӣ кард.
Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, фанноварии пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.
Аммо мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо муваззафанд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Суръати баланд ваё заифи Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст.
Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки дар кишвар тақрибан 3 миллион истифодабарандаи Интернет аст.