Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳандозии як маъракаи эътирозӣ ба зидди болоравии арзиши Интернет дар Тоҷикистон, “флешмоб” ё таблиғоти интернетӣ ба роҳ монданд.
- Аксарият умед доранд, ки ҳарфи онҳо аз ҷониби мақомот, бахусус Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, шунида мешавад. Давоми як ҳафтаи охир дар саҳифаи аксар корбарони тоҷик дар Фейсбук навиштаи “Ман зидди болоравии арзиши интернет ҳастам!” дарҷ шудааст.
Бояд мақомоти давлатӣ якҷо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ садо баланд кунанд. Бояд сифати хадамот беҳтар карда шавад, на ин ки мардум аз дастрасӣ ба Интернет маҳрум гарданд.
"Интернет ду баробар гарон шуд"
Ин маъракаи маҷозӣ баъди он роҳандозӣ шуд, ки як ҳафта пеш Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон амр дод, то як мегабайт Интернетро аз 5 дирам арзон нафурӯшанд. Ҳамин тавр, нархи як гигабайт (1028 мегабайт) Интернет дар Тоҷикистон бе назардошти андоз, на кам аз панҷоҳ сомониро ташкил хоҳад дод.
Бо дар назар гирифтани 18 дар сад андоз аз арзиши иловашуда ва панҷ дар сад аксиз, нархи як гигибайт Интернет ба беш аз 60 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир нархи як гигабайт Интернет ба ҳисоби миёна аз 30 то 35 сомонист. Фармони нави Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон аз 27-уми март ба иҷро медарояд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Ин хабар аксар сокинони кишварро, ки зиндагӣ ва корашон бо ҳар роҳе ба Интернет вобаста аст, ба хашм овардааст. Ба ин маъарака дар баробари ҷавонону корбарони оддии интернет, баъзе кормандони ниҳодҳои давлатӣ низ пайвастанд ва аз тасмими болоравии арзиши Интернет интиқод карданд.
“Ман зид! Мо зид! Мардум зид!”
Алишер Алихонов, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумлаи онҳоест, ки зидди болоравии арзиши Интернет садо баланд кард. Ӯ бо нишони эътироз чанд рӯз боз акси саҳифаашро дар Фейсбук бо навиштаи “Ман зид! Мо зид! Мардум зид!” иваз намудааст.
Алихонов рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бо роҳандозии флешмоб мехоҳанд, масъулони боло бурдани нархи Интернет аз мансаб канор раванд: "Як шаҳрванди одӣ ҳастам ва намехоҳам, ки нархи интернетро боло баранд. Аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳам, тасмими бархе мақомдоронро дида бароянд. Умед дорам, флешмоб таъсир мерасонад. Зеро беш аз бист ҳазор нафар ин флешмобро дастгирӣ кардаанд ва мехоҳанд, раҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабур аз вазифааш озод карда шавад."
Чӣ гуна меҳмонхонаҳоро таблиғ кунам?
Ҳоло дар баробари роҳандозии флешмоб, корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо навиштани як муроҷиатнома ба номи президенти кишвар, ба ҷамъоварии имзо оғоз кардаанд. Алишер Шаҳидӣ, яке дигар аз фаъолон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар соатҳои аввали нашри муроҷиатнома дар сомонаи Change.org беш аз 150 нафар имзо гузоштанд, вале бо сабабҳои номаълум ин сомона дастнорас шудааст.
“Се соли оянда дар кишвар соли рушди деҳот ва туризм аст. Бисёр мехостам, меҳмонхонаҳои хурдеро, ки дорам, тариқи интернет ба сайёҳон пешкаш кунам. Вақте интернет гарон мешавад, ин корро карда наметавонам. Чун ҳар лаҳза бояд таблиғ кард ва ба суоли муштариҳо ҷаовб дод ва аксу навор фиристод”, - афзуд ӯ.
Нархи Интернет дар Тоҷикистон дар ҳоле гарон мешавад, ки сокинон аз суръати пасти он ва, инчунин, баста мондани чанд вебсайти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд. Мақомот мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро аз омилҳои суст будани суръати Интернет дар кишвар мешуморанд ва ҳамчунин мегӯянд, буҳрони иқтисодӣ имкон надодааст, ки ширкатҳои мобилӣ технологияи 4G, технологияи пешрафтаи Интернети баландсуръатро дар саросари кишвар ҷорӣ кунанд.
"Ҷомеа набояд аз Интернет маҳрум шавад"
Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ, гуфт, роҳандозии чунин маъракаи эътирозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ натиҷаи хашми корбарон аст, ки аз ҳар гуна тасмимҳои, ба қавли ӯ, худсаронаи мақомот хаста шудаанд.
Ӯ гуфт, болоравии арзиши Интернет монеи гирифтани таҳсилоти фосилавӣ ва ба кор ҷалб намудани мутахассисони маҳалливу хориҷӣ шуда, аз сӯи дигар ба ҷайби бе ин ҳам холии сокинон зарба мезанад.
"Барои мисол, аз хона набаромада метавонам ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шавам ва таҳсил кунам. Аз тарафи дигар, мо қадамҳои аввали худро ба сӯи ҳукумати электронӣ гузоштем. Ба назари ман, бояд мақомоти давлатӣ якҷо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ садо баланд кунанд. Бояд сифати хадамот беҳтар карда шавад, на ин ки мардум аз дастрасӣ ба интернет маҳрум гарданд”, - афзуд ӯ.
Талъат Нӯъмонов, сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мегӯяд, вақте Интернет гарон шуд, табиист, ки нархи бархе хадамот ҳам боло меравад. “Ин бештар зиёиён таъсир мекунад. Чун дастрасӣ ба маводи омӯзишӣ ҳам мушкил мешавад. Ҷомеаи академӣ бештари маълумотро аз интернет дастрас мекунанд, чун пеш аз таҳлили мавзуъ бояд аввал бо вазъи кишварҳои ҳамсоя ошно шаванд”, - афзуд ӯ.
"Ҳанӯз қарори ниҳоӣ нест"
Як ҳамсуҳбати мо дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, аз роҳандозии флешмоб ё маъракаи эътирозии корбарони Интернет огоҳ ҳастанд. Ӯ гуфт, рӯзҳои наздик мулоқоти мақомоти ин ниҳод бо масъулони ширкатҳои мобилӣ баргузор ва натиҷаи ниҳоӣ эълон хоҳад шуд.
“Инқилоби интернетӣ” дар Тоҷикистон соли 2005-ум, замоне ки бори аввал дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон иртиботи мобилӣ бо стандарти 3G муаррифӣ ва бомуваффақият озмоиш шуд, рух дод. Аввалин хадамоти “аҷиб ва ғариб” тамосҳои видеоӣ буд.
Дар зарфи чанд соли гузашта шумораи корбарони телефонҳои мобилӣ аз даҳҳо ҳазор ба 3 миллион муштарӣ расид. Ин марҳиларо соҳибназарон “давраи тиллоӣ”-и рушди “тоҷнет” қаламдод мекунанд. Раҳбарият дар ин давра борҳо тағйир кард ва равишҳои танзими бозор низ тағйир намуд.
Дар соли 2010 баъд аз он ки Бег Сабур ба раҳбарии Хадамоти алоқа расид, ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет бори аввал шоҳиди маҳдуд кардани интернет ва баста шудани вебсайтҳо шуданд.
Мунтақидон комилан таҳти назорат гирифта шудани Интернет ва бахусус суръати пасти онро ба мӯрӣ ё Маркази ягонаи коммутатсионӣ рабт медиҳанд, ки аз тарафи Хадамоти алоқа ташкил шудааст. Ва ҳамаи ширкатҳо муваззафанд, аз ҳамин мӯрӣ Интернет бигиранд. Суръати баланд ва тормози Интернет ҳам аз ин "мӯрӣ" вобаста аст. Дар Тоҷикистон бино ба арзёбиҳои гуногун аз 15 то 40 дар сади аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд.