Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП: Аз кам шудани пули муҳоҷирон то қарзи Барқи тоҷик


Айдин Биболов, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон
Айдин Биболов, раҳбари намояндагии Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон

Ба ин нишаст хабарнигори Радиои Озодиро роҳ надоданд. Аммо бар асоси маърӯзаи раҳбари СБП, ки дар дасти мост, қарзи ширкатҳои бузурги Тоҷикистон аз марзи 10 миллиард сомонӣ гузаштааст.

Дафтари Сандуқи байналмилалии асъор дар Душанбе бо назардошти коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон аз хориҷи кишвар пешбинии рушди Маҷмӯи маҳсулоти дихилӣ (ВВП)-и Тоҷикистонро кам кардааст.

Айдин Биболов, роҳбари дафтари Сандуқи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар арзёбии тозаи худ ин ниҳоди ҷаҳонӣ шохиси афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дихилиро нисбат ба соли қаблӣ коҳиш додааст: “Афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар соли ҷорӣ мо дар сатҳи 6 дарсад пешгӯӣ кардем. Ин ба он вобаста аст, ки имсол мисли солҳои қаблӣ рушди бесобиқаи интиқоли маблағҳоро интизор нестем.”

Ҷаноби Биболов афзуд, кунд шудани рушди иқтисоди Русия ва пайомади таҳримҳои байнулмилалии зидди ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон то ҳоло таъсири чашмрасе накардаанд. Ба таъкиди Биболов, иқтисоди Тоҷикистон бо инертсияи қаблиаш ҳоло ҳам хуб рушд мекунад, аммо баъд аз ду ё се моҳ вазъият рӯшан хоҳад шуд.

Роҳбари давлати Сандуқи байналмилалии пул дар Душанбе рӯзи 3 октябр зимни як нишаст дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон маърӯзаи “Таҳлили макроиқтисодии Тоҷикистон”-и худро муаррифӣ кард. Масъулони Маркази тадқиқоти стратегӣ монеи ҳузури хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин нишаст шуданд. Аммо презентатсияи Айдин Биболов дар дасти “Озодӣ” қарор дорад, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад, қарзи 24 корхонаи калони Тоҷикистон ба 10,2 миллиард сомонӣ расидааст ва барои буҷаи кишвар риски зиёд эҷод

мекунад. Бинобар муаррифии Биболов ширкатҳои асосии қарздор дар Тоҷикистон - корхонаи алюминиюм ТАЛКО, Тоҷиктелеком, Идораи роҳи оҳан ва ширкати “Тоҷиктрансгаз” ҳастанд. Бахши аъзами ин қарзҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” тааллуқ дорад ва Сандуқи байналмилалии пул ба давлати Тоҷикистон машварат медиҳад, идоракунӣ ва ҳисоботдиҳии ширкатҳои давлатиро беҳтар кунад.

Айдин Биболов, инчунин, дар ин муаррифии инфографикии худ коҳиши савдои хориҷии Тоҷикистонро нишон додааст, ки дар натиҷаи поин рафтани нархи пахта ва алюминий ва кам шудани интиқоли пул аз хориҷ даромади давлат коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Биболов, давлати Тоҷикистон дар ин ин ҳолат бояд нуқтаҳои дохилии рушди иқтисодашро пайдо ва фаъол кунад.

Тоҷикистон аз соли 1995 узви Сандуқи байналмилалии пул аст. Аммо баъд аз як моҷаро дар соли 2009, ки бар асари пешниҳоди маълумоти нодуруст оид ба заҳираҳои байналмилалии молии Тоҷикистон ба ин созмон сар зада буд, СБП дар Тоҷикистон ягон барномаро то ба ҳол роҳандозӣ намекунад. Дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя аз ин созмон миллиардҳо доллар қарзҳои имтиёзнок дарёфт мекунанд, СБП ба Тоҷикистон танҳо дар амри реформа ё ислоҳоти соҳаи андоз, идоракунии давлатӣ ва беҳтар ба роҳ мондани кори ҳисобу китоби давлатӣ ва омор кумак мекунаду бас.

XS
SM
MD
LG