Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон мардумгурезанд?


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар 17 бонк, 1 созмони қарзии ғайрибонкӣ, 41 созмони амонатӣ, 43 созмони қарзии хурд фаъолият доранд.
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар 17 бонк, 1 созмони қарзии ғайрибонкӣ, 41 созмони амонатӣ, 43 созмони қарзии хурд фаъолият доранд.

Мутахассион мегӯянд, бонкҳои Тоҷикистон ба мардум наздик нашудаанд ва ё мардум пул надоранд, ки дар бонкҳо гузоранд.

Таҳқиқи Z-Analytics Group, як созмони тобеъи Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Зеркало», нишон додааст, ки аз миёни 16 бонк ва созмонҳои молии хурди Тоҷикистон мардум кам андар ками онҳоро мешиносанд. Тақрибан 50 дар сад аз 1811 пурсидашуда аз 63 маҳалли Тоҷикистон гуфтаанд, ки бонки «Эсхата», 43,7% - «Агроинвестбонк» ва 40,1% - «Амонатбонк» - ро мешиносанд. Панҷгона бо «Ориёнбонк», ки 28,5% ва «Тоҷиксодиротбонк» - 24,4% -и раъйи мардумро гирифтаанд, анҷом меёбад. Аз миёни созмонҳои молии хурд «Имон интернешнл» бо 13,5% - и раъйи пурсидашудагон пешсаф аст. Созмонҳои дигар, назири «Ҳумо», «Финка», «Оксус» ва «Матин» аз 1,7% то 4,4% - и ороро соҳиб шудаанд.

Гулнора Бекназарова, мудири ширкати консалтингии Z-Аnalytics group дар ин бора гуфт: «Аз ҳамсуҳбатон ин суолро пурсидем: «Кадом бонкҳоро Шумо медонед?». Дигар ҳеҷ. Нагуфтем, ки фалон бонкро медонед, ё не. Дар мавриди аввал ин суол маълум мекунад, ки мардуми оддӣ кадом бонкро воқеан мешиносанд. Пас аз ин суолҳои дигар барои тақвияти ин суол дода шуданд, масалан, пурсидем, ки фалон бонкро медонед ва ҳамин тавр, ҳамаи бонкҳоро ном мегирем, ки оё барои мардум ошноянд, ё хайр. Ба ҳамин минвол, аз мардум он чиро гирифтем, ки онҳо мебинанд»

Дар шарҳи ин таҳқиқ хонум Бекназарова гуфт, сабабҳои маъруфияти бонкҳо дар миёни мардум якгуна нест, масалан, «Эсхата» барои он маъруф аст, ки муҳоҷирони корӣ аз тариқи ин бонк маблағи худро интиқол медиҳанд, ё «Агроинвеcтбонк» ба ҷуз ин, ки худ маъруф аст, бештар бо кишоварзон сарукор дорад ва «Амонатбонк» - ро ҳам барои он мешиносанд, ки пардохти нафақапулиро дар Тоҷикистон дар зиммаи ин бонк аст. Коршиносон бар ин нукта низ ишора мекунанд, ки аксари бонкҳо барои, ба истилоҳ, мардумӣ шудан кӯшиш намекунанд, зеро онҳо ба хизматрасониҳои дигар машғуланд.

Онҳо «Аксесбонк» - ро мисол меоранд, ки зарурати хосе барои кор бо мардуми оддиро надорад, зеро соҳиби сармояи кофист ва умдатан бо соҳибкорон сарукор мегирад. Исматулло Асадуллоев, коршинос дар умури бонкдорӣ, мегӯяд, ҳар бонк бояд пеш аз ҳама бояд мардумӣ бошад, барои мардум кор кунад, аммо низоми бонкдорӣ, вазъи молиявии бонкҳо ва мизоҷонашон ин имкониятро фароҳам намекунанд:

«Оддитарин роҳи мардумӣ шудани бонкҳо коҳиш додани фоизҳои қарз аст, ки барои ҳама дастрас шавад. Ҳоло дар қиёс бо солҳои пеш, ки фоизҳо то 34 дарсад буданд, ба 18 дарсад поён омадаанд. Аммо ҳамин ҳам барои мардуми мо, як кишваре, ки иқтисоди нотавон дорад, баланд аст. Мардум аз маҷбурӣ қарз мегиранд, аммо баргардонида наметавонанд. Бонк, ки қарзи додагиашро баргардонида натавонист, низ ба камбуди маблағ дучор меояд ва агар бонки қавӣ набошад, муфлис мешавад».

Гулнора Бекназарова мегӯяд, аз миёни созмонҳои молиявии хурд «Имон – интернешнл» солҳост, ки мавқеи пешгомиро ҳифз мекунад. Он ба мардум қарзи хурдро бо баҳраҳои хеле хурд медиҳнд ва мардум ҳам қудрати баргардонидани қарзро доранд. Гулнора Абдуназарова бар ин ҳам ишора кард, ки бонкҳо ба таҳқиқоти сотсиологӣ ҳам алоқа нишон намедиҳанд ва кӯшишҳои ҷалб кардани онҳо ба ин гуна пажӯҳишҳо то ҳол самар надодаанд.

Исматулло Асадуллоев мегӯяд, набуди майли бонкҳо ба таҳқиқотҳои сотсиологӣ ба ин вобаста аст, ки онҳо бо мушкилоти дохилии худ машғуланд, зеро хуб мефаҳманд, ки ҳанӯз бонкдории Тоҷикистон ба сатҳи мардум поён наомадааст. Ба қавли ӯ, алҳол ҳамкории мардуму бонкҳо умдатан дар интиқоли маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ аз хориҷ ва пардохти нафақа маҳдуд мешавад. Вай афзуд, ҳамкории мардуму бонкҳо он замон қавӣ мешавад, ки мардум қарз гиранд ва бо ин маблағ коре барои беҳбуди худу иқтисод карда тавонанд. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар 17 бонк, 1 созмони қарзии ғайрибонкӣ, 41 созмони амонатии қарзии хурд, 43 созмони қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Ба шумо хизматрасонии кадом бонк писанд аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

XS
SM
MD
LG