Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Аббосиддин Саймуддинов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, рӯзи 16-уми март хабар дод. Вай афзуд, ин ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар мегирад, барои бори шашум бо тасмими раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад. Дар ин ниммарафон ба ҷуз варзишгарони тоҷик давандаҳои касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе, инчунин, аз шаҳрҳои бузурги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳое, ки бо мо ҳамкориҳои судманди иқтисодиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доранд (мардону занони синнашон аз 18-сола боло) ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ҷаноби Саймуддинов, барои иштирок дар ин ниммарафон варзишгарони Афғонистон, Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон, Украина, Лубнон, Марокаш, Покистон, Туркия, Фаронса, Чин, Эрон, Эфиопия ва кишварҳои дигар даъват шудаанд.
Бояд гуфт, ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010 баргузор мешавад, ба тақвими мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Ба ғолибони пойга миёни мардону занон мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ супурда хоҳад шуд. Ҳамчунин варзишгароне, ки ҷойҳои аз 2-юм то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд: ҷойҳои 2-юм – 3000-долларӣ, 3-юм – 2500-долларӣ, 4-ум – 2000-долларӣ, 5-ум – 1800-долларӣ ва 6-ум – 1500-долларӣ.
Ёдовар мешавем, ки ниммарафони байналмилалӣ соли 2014 бо пирӯзии варзишгарони Украина ва Узбакистон анҷом ёфта буд.
Дар сабқати мардон Роман Романенко (Украина) ғолиб омад. Андрей Петров (Узбакистон) дар ҷойи дувум, Юрий Чечун (Русия) дар ҷойи севум, Андрей Бризгалов (Русия) дар ҷойи чорум, Киберес Кембер Квимой (Кения) дар ҷойи панҷум ва Маина Самуел Вайтака (Кения) дар ҷойи шашум қарор гирифтанд.
Дар сабқати занон Ситора Ҳамидова (Узбакистон) мақоми аввалро касб кард. Юлия Чиженко (Русия) дувум, Екатерина Фатеева (Русия) севум, Марина Хмелевская (Узбакистан) чорум, Наталя Соловёва (Русия) панҷум ва Мария Коробитская (Қирғизистон) шашум шуданд.
Вале порсол дар байни ҷоизадорони мусобиқа варзишгарони тоҷик ҷойгир шуда натавонистанд. Аз миёни давандаҳои тоҷик ду нафар – Ҳасан Ғаффоров байни мардон ва Дилшода Раҳмонова миёни занон – натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳаштумро соҳиб шуданд.