Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Узбекистон созишномаи ҳамкории гумрукиро имзо карданд


Ин созишнома 13-уми сентябр дар шаҳри Вашингтон, дар ҷараёни мулоқоти раиси Кумитаи гумруки Узбекистон Акмалхӯҷа Мавлонов бо комиссари Хадамоти гумрукӣ-марзбонии ИМА Трой Миллер ба имзо расидааст.

Созишнома имкон медиҳад, ки миёни мақомоти ду кишвар дар бахши гумрук, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, пулшӯӣ, сарпечӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ, қочоқи инсон ва гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ табодули иттилоъ сурат гирад.

Амрико то ин дам бо 17 кишвари дунё чунин созишнома ба имзо расонда буд ва ҳоло Узбекистон дар ин рӯйхат мақоми 18-умро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG