Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмон Тошев сармураббии тими миллии футболи Афғонистон шуд


Усмон Тошев, акс аз соли 2019
Усмон Тошев, акс аз соли 2019

Усмон Тошев, сардори шуъбаи дастаҳои мунтахаби Ассотсиатсияи футболи Узбекистон, сармураббии тими миллии Афғонистон таъйин шудааст. Ин кишвар беш аз се сол боз зери итоати “Толибон” аст. Дар ин бора “Тулуъ Нюз” хабар дод.

Ин мутахассиси 59-солаи узбек Эшли Майкл Вествуди инглисро, ки моҳи август аз вазифаи самураббии тими миллии Афғонистон истеъфо дод, иваз кард. Муҳлати қарордоди Усмон Тошев бо Созмони футболи Афғонистон (AFF) як сол аст.

Дар нишасти хабарии рӯзи 21-уми октябр, ки дар Кобул доир гардид, Усмон Тошев аз самтҳои таваҷҷӯҳи худ, аз ҷумла ҳамбастагии даста, барномаҳои мушаххаси истеъдодҳо ва урдугоҳҳои тамринӣ дар дохил ва хориҷи Афғонистон тавсиф кард. Вай изҳор доштааст, ки ҳадафи аслиаш баланд бардоштани обрӯи тими миллии футболи Афғонистон дар арсаи минтақаӣ ва байнулмилалӣ мебошад.

Таҷрибаи густурдаи мураббигии ӯ дар кишварҳо ва бошгоҳҳои гуногун ба ояндаи қавитари футболи Афғонистон дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ умед мебахшад.

Усмон Тошев қаблан ба ҳайси сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон кор мекард, ки ин ба ӯ дар футболи минтақа таҷрибаи гаронбаҳо овард.

Шарҳи ҳоли Усмон Тошев

Усмон Тошев 23-юми сентябри соли 1965 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ дар бошгоҳҳои «Зарафшон», «Пахтакор», «Нурафшон» ва «Бухоро»-и Узбекистон бозӣ кардааст. Бозигари тими лигаи аввали футболи Русия - «Атоммаш»-и Волгодонск, «Солнок»-и Маҷористон (Венгрия) ва «Кератсини»-и Юнон низ буд.

Пас аз анҷоми карйераи футболбозиаш ба ҳайси мураббӣ фаъолият кардааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Бухороро соли 1987 бо ихтисоси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ хатм намудааст. Моҳи ноябри соли 2005 парвона ё литсензияи дараҷаи “Pro”-ро гирифтааст.

Солҳои 2000-2008 сармураббии бошгоҳҳои “Бухоро” ва “Насаф”-и Қаршӣ буд. Соли 2006 ба ҳайси ёвари сармураббии дастаи мунтахаби миллии Узбекистон ифои вазифа намудааст. Аз январи соли 2009 то майи соли 2011 ба бошгоҳҳои “Шуртан” ва “Спартак”-и Тошканд роҳбарӣ мекард.

Усмон Тошев соли 2011 менеҷери кулли бошгоҳи “Насаф”, баъдан сармураббии ин дастаи шаҳри Қаршӣ таъйин шудааст. Соли 2013 сармураббии бошгоҳи “Спартак”-и Бухоро буд. Солҳои 2014-2015 ба ҳайси сармураббии бошгоҳи “Де Майванд Аталан”-и Афғонистон фаъолият кардааст. Вай соли 2017 вазифаи сармураббии бошгоҳи “Андиҷон”-ро бар дӯш дошт.

Усмон Тошев солҳои 2018-2021 сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон буд. Вай мушовири FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) ва AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) мебошад.

XS
SM
MD
LG