Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Исроил гуфт, хазинаи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро ёфтааст


Лубнон, 20-уми октябри 2024
Лубнон, 20-уми октябри 2024

Артиши Исроил шоми 21-уми октябр хабар дод, ки нерӯҳояш хазинаи гурӯҳи тундрави “Ҳизбуллоҳ”-ро ёфтанд. “Ҳизбуллоҳ” ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Эрон аз он ҳимоят мекунад. Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Сухангӯйи артиши Исроил Даниэл Ҳагари гуфт, хазинаи махфии “Ҳизбуллоҳ” дар зери бемористони “Ал-Саҳал” дар Бейрут ҷойгир аст. Дар дохили ин хазина эҳтимол бахши асосии сарвати гурӯҳи ҷангӣ – чандсад миллион доллар пули нақд ва тило – нигаҳ дошта мешавад. Пас аз нашри хабар беморону кормандони бемористон ба ҷойи дигар бурда шуданд.

Ҳагари гуфт, захираҳои тилои “Ҳизбуллоҳ” аз ду манбаъ ҷамъ шудааст: пулҳое, ки барояш Эрон медод ва маблағҳое, ки ҳукумати Лубнон барои барқарории иҷтимоии мардуми осоишта ҷудо мекард. Вай аз ҳукумати Лубнон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки пеши азхудкунии пулҳо бигиранд. Намояндагони “Ҳизбуллоҳ” ин хабарро як дурӯғ номида, аз артиши Лубнон даъват карданд, ки таҳхонаҳои беморхонаро рафта бисанҷанд.

Дар изҳороти артиши Исроил инчунин гуфта шуд, ки амалиёти “дақиқ”-и зидди “Ҳизбуллоҳ” дар ҷануби Лубнон идома дорад ва рӯзи 21-уми октябр ҳафт фармондеҳро нобуд кардаанд. Артиши Исроил гуфтааст, дар умум дар ҷараёни амалиёташ дар Лубнон то ҳол тахминан 70 дарсади мушакҳои захиравии “Ҳизбуллоҳ” ва то ду ҳазор ҷангҷӯи узви ин гурӯҳро аз байн бурда шуданд.

“Ҳизбуллоҳ” 8-уми октябри соли гузашта, як рӯз баъд аз ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил ба хоки ин кишвар мушак партофт. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ меноманд.

Аз он замон то кунун дар сарҳад тақрибан ҳамарӯза тирандозӣ сурат мегирад. Даҳҳо ҳазор сокини деҳоту шаҳрҳои сарҳадӣ аз ҳарду тарафи марзи Лубнон ва Исроил беҷо шудаанд. Исроил гуфт, ки 23-юми сентябр ба зидди “Ҳизбуллоҳ” амалиётро ба роҳ монд. Ҳадафи амалиёт нобуд кардани зербиноҳои ҷангии ин гурӯҳ ва ба ҷойи зисти доимии худ баргардонидани исроилиҳои беҷошуда гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG