Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доруномаи пизишкон ҳамоно мояи баҳсҳост


Бархе аз пизишкон дар ҳошияи матлаби Радиои Озодӣ менависанд, ки ба хулосаҳои умумии хонандагон дар бораи худ қатъиян розӣ нестанд.

Баҳси дорухат ё доруномаи пизишкон аз матлаби Радиои Озодӣ таҳти унвони "Ҳар пизишк оё доруфурӯши худро дорад?" сар шуда буд, ки дар он бемороне мегуфтанд, табибон маҷбурашон мекунанд, доруҳои заруриро аз доруфурӯшии муайянкардаи онҳо харидорӣ намоянд.

Аз ҷумла як сокини шаҳри Ваҳдат гуфта буд, ки вай фармудаи табибро ҷидддӣ нагирифт ва доруҳоро аз шиносаш харид. Баъдтар ҳайратзада шуд, ки табиб доруҳои ӯро қабул накард ва гуфт, бояд аз дорухонаи гуфтаи ӯ бихарад. Сабоҳат намедонист, ин масъала ин гуна муҳим аст: «Бархе табибон ҳатто медсестраашонро ҳамроҳи бемор равон мекунанд, то дорухонаи даркориро нишон диҳанд. Ман доруҳоро харида бурдам, духтур гуфт, аз ин дору укол намекунам. Доруҳоро гардонда ба дорухона додаму ҳамроҳи хоҳари шафқат рафта аз дорухонаи фармудааш доруҳоро харидам.»

Хулосаи суҳбатҳои ин бону ва беморону корафтодагони дигар нишон медод, ки табибон ва доруфурӯшҳо дар занҷираҳое бо ҳам пайванд шудаанд. Ба пурсиши Радиои Озодӣ дар ин бора фурӯшандаи дорухонаи назди Хонаи матбуот дар шаҳри Душанбе гуфт, духтур барои он дорухонаи муайянро ном мебарад, ки бо он ҳамкорӣ дорад ва аз фурӯши доруҳо "протсент мегирад. Мо ҳам бо табибон ҳамкорӣ мекунем".

Мавҷулдияти чунин занҷира ва “аҳдномаи нонавишта”-и байни пизишкон ва доруфурӯшонро Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Тоҷикистон тасдиқ карда ва сухангӯи он, Бибихонум Дарвешзода, ба мо гуфт: "Аз кадом дорухона харидани дору дар ихтиёри бемор аст. Табиб ҳақ надорад ба ӯ гӯяд, ки доруро аз фалон дорухона хар.»

Ин матлаб шарҳҳои зиёдеро ба дунбол дошт. Корафтодагон тақрибан дар аксари ҳолатҳо мавҷудияти чунин ҳамкориро дар байни пизишкон ва доруфурӯшон тасдиқ карда, онро ношоиста ва нораво донистанд ва изҳори нигаронӣ ҳам карданд, ки аз ин гуна ҳамбастагӣ пули беморон ва саломатии онҳо зери таҳдид меравад. Аммо пизишкон гуфтанд, ба иллати чанд нафар намесазад, ки ҳамаи онҳо ба чунин аъмол айбдор карда шаванд. Онҳо мегӯянд, хидмату талошҳои духтурон барои ҳифзи ҷони беморон ва шабзиндадориву азхудгузаштагии онҳо дар ин ҷо ба ҳисоб гирифта нашудааст.

Бо назардошти он ки баҳс идома дорад, мавзӯъро ҳамчунин дар як пурсиши видеоӣ матраҳ кардем, ки аз назари як пизишк оғоз меёбад. Онро бубинед ва агар дар ин масъала фикри тозае доред, луфтан, дар миён гузоред:

Ба дорухатти пизишкон бовар доред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
XS
SM
MD
LG