Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳви доруҳои пастсифат


Раҳбари як доруфурӯшии хусусӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, чанд моҳ қабл «Рибоксин» ном як сӯзандоруи бемории қалбро ба фурӯш гузошт, аммо маълум шуд, ки он ба беморон таъсири манфӣ мерасонад. Ҷамолиддин афзуд, ба зудӣ онро аз ҳама нуқтаҳои ба фурӯшгузоштааш ҷамъ ва нобуд кард.

Ба гуфтаи мусоҳибам, ҳамин тавр, як қисм доруворе, ки ба доруфурӯшиҳо, ҳатто бемористонҳои Суғд роҳ меёбад, бинобар пастсифатӣ ва ё кӯҳнагӣ аз истифода гирифта мешавад.

Хадамоти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд ахиран дар натиҷаи санҷиш 5 тонна анвоъи гуногуни доруву сӯзандоруро ғайри қобили истеъмол донист ва ба коми оташ супурд. Диловар Раҷабов, сармутахассиси хадамоти мазкур, гуфт, ки доруҳои пастсифат ва бе сертификати сифат ба коми оташ рафт.

Онҳоро кормандони хадамоти мазкур баъд аз санҷиш аз доруфурӯшӣ ва бемористонҳои гӯшаву канорҳои Суғд ҷамъ овардаанд. Инчунин, қисмеро бемористонҳо баъд аз поён ёфтани муҳлати истифода дар ихтиёри хадамоти мазкур гузоштаанд. Ба гуфтаи Д. Раҷабов, доруҳои пастсифат ва кӯҳна дар кишварҳои хориҷӣ истеҳсол ва бо роҳҳои қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст. Инчунин, як бахши он аз доруҳои муҳлати истеъмолаш гузашта иборат аст.

Мутахассисин мегӯянд, доруфурӯшиҳо вазифадоранд танҳо доруҳои ҷавобгӯ ба талаботи сифат ва мӯҳлати истеъмолаш нагузаштаро ба фурӯш гузоранд. Харидорон ҳам ба навбати худ бояд аз хариди доруҳои пастсифату кӯҳна худдорӣ варзанд.

Вале бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, чун қисмати умдаи сокинони Тоҷикистон қобилияти харидории доруҳои баландсифат, аммо қиматро надоранд ва хадамоти тиббӣ ҳам дар ин кишвар ба ном бепул, вале амалан пулакӣ аст, бозори дохилиро доруҳои пастсифат, аммо нисбатан арзон пур кардааст.

Вале мусоҳиби аввали мо – Ҷамолиддин – раҳбари як доруфурӯшӣ дар Хуҷанд бар он аст, ки бо ин вуҷуд ҳам харидорон метавонанд бо риояти чанд шарти оддӣ аз хариди доруҳои кӯҳнаву пастсифат худро барканор доранд. Вай мегӯяд, доруҳои қалбакиву пастсифат сертификати сифат надорад. Бинобар ин як роҳи фиреб нахӯрдан вақти хариди дору пурсидани сертификат аз фурӯшанда аст.
Мусоҳибам афзуд, дар бархе маворид бо чашми оддӣ ҳам аз навиштаҷоти қуттии дору қалбакӣ будани онро пай бурдан мумкин аст. Ба гуфтаи вай, навиштаҷоти доруҳои сохта хатоҳои зиёди имлоӣ, ҳуруфи зиёду кам дорад. Инчунин, вай худдорӣ аз хариди дору аз доруфурӯшони тасодуфии кӯчаву бозорҳо, маслиҳат бо табибони муолиҷакунанда, дар ниҳояти кор – муроҷиат ба хадамоти ташхис барои муайян кардани сифати доруро – роҳҳои эминдоранда аз хариди доруҳои пастсифат ва кӯҳна медонад.

Аммо ба гуфтаи мутахассисини хадамоти назорати фарматсевтӣ дар Суғд, қисми ками сокинони Тоҷикистон вақти харидани дору ба ин шартҳо риоят мекунанд. Ва ё баъди хариди доруи пастсифат ба ҷое арз мекунанд. Барои мисол, дар соли равон танҳо ду сокини Суғд ба хадамоти мазкур аз пастсифат ва кӯҳна будани доруҳои харидаи худ шикоят бурдаанд.

Вале сокинони оддӣ ба навбати худ мегӯянд, имкони зуд ташхис кардани доруро надоранд. Дар тамоми Суғд ягона хадамоти ташхиси дорувор фаъолият мекунад, он ҳам дар маркази вилоят. Сокинони оддӣ мегӯянд, ин вазифаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бояд бошад, ки аз ворид шудани доруҳои пастсифат ба ин кишвар ҷилавгирӣ ва таъмини доруфурӯшиҳо ва бемористонҳо бо доруҳои баландсифат назорат барад.
XS
SM
MD
LG