Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилоф дар миёни гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон. Нигоҳҳо аз берун


Дар акс: Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Ҳусейн Ашӯров ва Убайдулло Саидӣ
Дар акс: Муҳиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Ҳусейн Ашӯров ва Убайдулло Саидӣ

Дар давоми як ҳафта ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа – Паймони миллӣ ва "Гурӯҳи 24" – бо ихтилофи дохилӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ба роҳбарии Шарофиддин Гадоев аз ҳайати Паймони миллии Тоҷикистон берун рафт. Убайдулло Саидӣ аз узвияти "Гурӯҳи 24" ронда шуд.

Ин тасмимҳо боис ба баҳсу муноқиша дар миёни ҳамразмони мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Онҳо ҳамдигарро ба хиёнат ва дурӯӣ муттаҳам мекунанд. Коршиносон ва нозирон ба ин рухдод назари яксон надоранд. Бархе инро натиҷаи кори ниҳодҳои истихборотии Тоҷикистон ва баъзе ҳам раванди маъмулии сиёсӣ медонанд.

Ба нафъи кист?

Рӯзноманигор Зафари Суфӣ ихтилоф ва ҷудоиро дар ҳар созмон "як амри табиӣ" медонад.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Ӯ гуфт: "Фикр мекунам, ин ҷудоӣ ба манфиати ҳарду тараф метавонад бошад. Агар Паймони миллӣ бо гурӯҳҳои дигар эътилоф набандад, тақрибан якдаст мешавад ва агар барномарезии дуруст карда тавонанд, ба созмони қавӣ табдил хоҳад ёфт. Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон метавонад дигар дар барномарезиву иқдомаш мустақилтар амал кунад. Шарофиддин Гадоев камтар фарди назарияпардоз ва бештар амалгарост. Ин вижагӣ метавонад омили муваффақият шавад, албатта, агар дуруст барномарезӣ гардад."

Ҷаноби Суфӣ бовар надорад, ки дар ин ҷудоӣ ҳукумати Тоҷикистон дахле дошта бошад, балки фикр мекунад “сирфан баҳси дохилии ин созмонҳост”.

Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев мегӯяд, новобаста аз хусусият ва сабабҳои ихтилофи дарунии гурӯҳҳои мухолиф нафъи бештарро ҳукумати Тоҷикистон мебарад.

"Воқеан, мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа мисли мухолифони берунии кишварҳои дигар шадидан ҳошияронда шудаанд. Вуҷуди эътилоф аз он шаҳодат медиҳад, ки миёни гурӯҳҳои мушаххас, ҳатто камшумор, як созиш аст, ки метавонанд дар гирди он ҷамъ шаванд. Аммо аз ҳам рехтани созиш ва берун шудани “гапи хона ба кӯча” ҳадди ақал эътимодро ба Паймони миллӣ кам мекунад ва ин хушоянди ҳукумати Тоҷикистон аст,” - мегӯяд Нуруллоев.

Баҳс дар ПМТ

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки онро Шарофиддин Гадоев аз Амстердам роҳбарӣ мекунад, рӯзи 13-уми август бо нашри баёнияе эълом кард, ки аз ҳайати Паймони миллӣ, эътилофи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, берун шуд. Ин баёния 72 соат пас аз талаби қатъӣ аз ПМТ ва раиси он Муҳиддин Кабирӣ нашр шуд.

Гадоев бозбинии шакл додани Шӯрои сиёсиро хост, ки ба бовари ӯ, бетавозунӣ дар он ба нафъи ҲНИТ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ аст. Шарофиддин Гадоев дар баёнияи худ Кабириро ба диктатура ва шахсиятпарастӣ муттаҳам кард, ки дар тайи 6 сол дар кори Паймони миллии Тоҷикистон беҳбудие наовардааст.

"…Дар натиҷа 75 дарсади аъзои Шӯрои ПМТ аъзои ҲНИТ ҳастанд. Ин баробариро дар созмон аз байн мебарад ва боис ба қабули қарорҳо ба нафъи ин ҳизб мешавад”, - таъкид дошт Гадоев дар изҳороти худ.

Худи Муҳиддин Кабирӣ ба ин иттиҳомот посух надод, аммо ба гуфтаи сухангӯи Паймон Салим Султонзода тасмими ихроҷ кардани Шарофиддин Гадоев аз Шӯрои ПМТ 10-уми август гирифта шуд. Ӯ барои “баромадан аз ҳадди ваколати худ” ронда шуд.

Салим Султонзода
Салим Султонзода

Вай нагуфт, ки манзур аз “баромадан аз ҳадди ваколат” чӣ аст. Муовини раиси Паймони миллӣ Алим Шеразмонов дар мусоҳибаи худ гуфт, масъала дар сари ҳамкорӣ бо ташкилоти хориҷӣ аз номи эътилоф ва бидуни ҳамоҳангӣ аст. Салим Султонзода дар мавриди шакл додани Шӯрои сиёсии ПМТ гуфт, ки “аз оғоз теъдоди муайяне аз аъзои ҳар ҷунбиш ё ҳизбе дар шӯро пазируфта шуданд. Баъдан худи Шӯро тасмим гирифт, ки ҳар фарди шоиста сарфи назар аз ин ки узви ҳизби хосе бошад ё на, метавонад дар таркиби он пазируфта шавад. Худи Шарофиддин Гадоев дар ин тасмим ширкат дошт.”

Ихтилоф дар "Гурӯҳи 24"

“Гурӯҳи 24”, ҳаракати сиёсии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, низ бо ихтилоф дучор шудааст. Убайдулло Саидӣ, сухангӯи ин гурӯҳро рӯзи 11-уми август ба далели “иҷро накардани оиннома” аз сафи он ихроҷ карданд.

Худи Саидӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим бо оинномаи ташкилот мувофиқ нест ва ӯ ният дорад, ки номзадиашро барои роҳбарии ин ҳаракат пешниҳод кунад. “Аз ман талаб шуд, ки баъзе аз асрорро фош кунам, аммо ман напазируфтам. Баъзе аз азъзои Шӯро маро таҳқир карданд. Ман талаб кардам, ки ҷаласаи Шӯро баргузор шавад, ки рафтори ҳамсафонро баррасӣ кунем. Аммо, ба ҷойи баргузории ҷаласа тасмими ихроҷи ман гирифта шуд”, - мегӯяд Саидӣ.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо такя ба манобеи худ дар дохили ин ҳаракат навишт, ки ихроҷи сухангӯ ҳокӣ аз шурӯи буҳрони ҷиддӣ дар ин ҷунбиш аст. “Ҳамаи аъзои ин ташкилот аз омадани Ҳусейн Ашӯров ба роҳбарии “Гурӯҳи 24” хушҳол нестанд ва эҳтимолан қазияи Убайдулло Саидӣ оғози ин буҳрон аст”, - менависад ин пойгоҳи хабарӣ.

Ихтилоф ба далели монанд?

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз миёни мухолифон, ки аз ин вазъ огоҳ аст, мегӯяд, ихроҷи Саидӣ ва Гадоев метавонад далели монанд дошта бошад. “Гадоев аъзои ПМТ-ро муътақид кард, ки дар сурати расидан ба роҳбарӣ метавонад “Гурӯҳи 24”-ро низ ба он ҳамроҳ кунад. Ин хоҳиш ҳеч вақт аз сӯи “Гурӯҳи 24” изҳор нашудааст. Эҳтимол ин ваъда бо номи Саидӣ гиреҳ мехӯрд ва то шӯрои ин созмон расид ва сабаби ихроҷи ӯ шуд,” - таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.

Убайдулло Саидӣ (Носиров) узви Шӯрои сиёсии "Гурӯҳи 24" ва тайи се соли охир сухангӯи он буд. "Гурӯҳи 24" бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон "ифротгаро" эълон ва фаъолияти он дар Тоҷикистон қатъ шуд. Ин ҳаракат аз сӯи соҳибкори мухолиф Умаралӣ Қувватов таъсис шуд, ки соли 2015 дар Истанбул ба қатл расид. Ин ҳаракат фаъолияти сиёсии мустақилонаро пеш гирифтааст.

Як рӯзноманигор аз Душанбе ба шарти фош нашудани номаш мегӯяд, тамоюли Шарофиддин Гадоев барои роҳбарии ПМТ ва ё фосила гирифтан аз он интихоби сиёсии ӯ аст. “Шояд Гадоев дар сурати мустақил будан дастовардҳои бештаре дошта бошад ё ҳадди ақал дар шароити буҳрони комил шоҳиди рақобати сиёсӣ бошем”, - мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Паймони миллии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2018 бо ҳадафи “гирди ҳам овардани нерӯҳои мухолиф, риояи ҳуқуқи инсон, тарвиҷи мардумсолорӣ, баргузор кардан интихоботи озоду шаффоф” таъсис ёфт. Дар ҳайати паймон чор гурӯҳи мухолиф – Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дохил буданд. Ҳоло бо рафтани Ҷунбиши ислоҳот ва рушд шумораашон ба се расид. Ин паймон як сол пас аз фаъолияти худ террористӣ-экстремистӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG