Худи мақомоти пулис мегӯянд, ҳадафи ин амалиёт декриминализатсия ё аз унсурҳои ҷиноӣ пок кардани бозорҳои пойтахти Русия аст. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бархӯрди бераҳмона бо мардуми бозорнишин нишон медиҳад, ки ин дар асл як амалиёти интиқомҷӯёнаи монанд ба поккорист.
Рейди пулис ба бозорҳо се рӯз боз идома дорад ва бино ба хабарҳо, дар ин муддат ҳудуди 500 нафар, аксаран муҳоҷирони хориҷиро боздошт шуда, барои ташхиси ҳуввият ба боздоштгоҳҳо интиқол ёфтаанд.
Маъмури пулис Антон Кудряшов рӯзи 27 июл дар бозори “Матвеевский”-и Маскав ҳангоми талоши боздошти як нафари гумонбар ба таҷовуз ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи эҳтимолан зодагони Қафқоз қарор гирифт. Теъдоди ҳамлагарон аз 25 то 50 нафар гуфта мешавад. Кудряшов то ҳол дар бемористони ба номи Бурденко таҳти табобат қарор дорад. Вазъи саломати ӯ мӯътадил арзёбӣ мешавад, вале ба гуфтаи дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Русия, ӯро бояд ҷарроҳӣ кунанд.
Ҳамзамон бо ин пажӯҳиши парвандаи ҳамла ба ходими пулис ҷараён дорад ва гуфта мешавад, ки ҳуввияти ҳуҷумкунанда мушаххас шудааст. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия дар саҳифааш дар Твиттер навиштааст, ки гумонбари ин ҳамла рӯзҳои наздик расман муттҳам хоҳад шуд.
Аммо нафари гумонбар дар таҷовуз Магомед Магомедов, ки талоши боздошти ӯ дар бозор ба занозанӣ ва латукӯби афсари пулис мунҷар шуд, ҳамроҳ бо хоҳараш Ҳалимат Расулова ва шавҳари ӯ Магомед Расулов алакай дастгир шудаанд. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки ба пулис ҳамла карда, сари ӯро зада кафондаанд. Расулов ин иттиҳомро радд карда, гуфтааст, кормандони пулисро авбошони мусаллаҳ гумон бурдааст. Тибқи ду банди Қонуни ҷиноии Русия (317 ва 318) ҳуҷум ба ходими пулис ҷурми ҷиддӣ арзёбӣ мешавад ва муҷрим метавонад ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад.
Ҳомиёни ҳуқуқ посухи пулис ба ҳамла ба ҳамсафи онҳоро ғайримутаносиб меноманд. Светлана Ганнушкина, раҳбари Бунёди “Гражданское содействие” гуфтааст, ин тафтишоту боздоштҳои саросарӣ боиси авҷи навбатии бегонабадбиниии қавмӣ дар пойтахти Русия хоҳад шуд: “Мо дар соли 2006 алакай шоҳиди чунин ҳол шуда будем, ки дар пайи як низоъи ночиз байни Гурҷистону Русия дар Маскав таъқиби гурҷиҳо оғоз ёфт. Онҳоро дар кӯчаву бозорҳо “шикор” карда, шиносномаҳояшонро медаронданд ва худашонро ихроҷ мекарданд. Албатта, он чӣ ки дар бозори “Матвеевский” рух дод, як кори зишт буд. Пулисро ҳангоми иҷрои вазифаи хидматиаш латукӯб карданд. Аммо чаро барои ин бояд ҳамаро бардоранд? Бояд гунаҳкоронро ҷазо диҳанд. Вале пулис ба ҷои ин як амалиёти тарсдиҳандаро ба роҳ андохтааст. Мисли ин ки як гурӯҳи раҳзанон ба гурӯҳи дигари раҳзан ҳамла мекунад.”
Аммо Михаил Пашкин, раҳбари иттифоқи мустақили касабаи кормандони пулис мегӯяд, нирӯҳои пулис амр гирифтаанд, ки зӯри худро ба намоиш бигузоранд: “Бояд ба мардум нишон дод, ки соҳиби хона кист? Онҳо бояд бидонанд, ки дар инҷо на қонунҳои кӯҳистон, балки қонунҳои Федеросиюни Русия амал мекунанд. Ва агар онҳо ин қонунҳоро поймол кунанд, алайҳашон тамомииқтидори дастгоҳи таъқиботӣ, тамоми нирӯро ба кор хоҳанд бурд. Дирӯз боз дар ҳамон бозор як доғистонӣ ба як афсари ОМОН бо корд ҳамла кардааст. Ин чӣ маъно дорад? Ин мардум дар Маскав мисли дар қаламрави як кишвари душман зиндагӣ мекунанд, онҳо бо мардуми рус, бо пулис мисли раҳзан, мисли зархарид рафтор мекунанд.”
Аммо Пашкин низ бар ин бовар аст, ки чунин вазъият натиҷаи фаосди густарда дар мақомоти пулис аст. Пашкин мегӯяд, онҳо дар ивази пул ба бисёре аз ҷурму ҷиноят дар манотиқи таҳти назорати худ чашм мепӯшанд ва дар натиҷа имрӯз дар вазъияте мондаанд, ки ба истилоҳ “аз мост ки бар мост.”
Бино ба охирин хабарҳо, раҳбари шӯъбаи пулиси ноҳияи Очаково-Матвеевскийро, ки бозори “Матвеевский” дар ҳамин минтақа ҷойгир аст, аз мақом барканор кардаанд. Гуфта мешавад, ки барканории ӯ бевосита ба қазияи ҳамла ба пулис дар ин бозор бастагӣ дорад.