Тибқи хабарҳо, гӯё ин амалиёти боздошт баъд аз занги телефонии як нафар анҷом гирифтааст ва шахси зангзада хабар додааст, ки тундгароёни исломӣ ба яке аз хонаҳои шаҳраки Мытищ ҷинояте омода мекунанд. Дар байни боздоштшудагон шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ҳастанд. Шуморе аз онҳо баъд аз расидагӣ ба ҳуҷҷатҳояшон раҳо шудаанд. Вале муҳоҷироне низ ҳастанд, ки ба сабаби дуруст набудани ҳуҷҷатҳои кор ва иқомат муҳоҷири ғайриқонунӣ дониста мешаванд. Маъмулан чунин муҳоҷиронро барои истирдод омода мекунанд.
Чунин амалиёт дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар ҷануби шарқи Маскав дар шаҳраки Печатники низ анҷом гирифта буд ва дар ҷараёни он бештар аз 300 нафар боздошт шуданд. Ин ду амалиёти ахири боздошт дар атрофи Маскав на дар ҷои зисти муҳоҷирон ва ё дар маҳали корашон, балки ҳангоми адои намоз дар намозгоҳҳои муваққатӣ анҷом гирифт.
Дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, “анҷоми чунин амалиёт дар намозгоҳҳои муваққатӣ ё “молельный дом”-ҳо падидаи тоза нест. Вале афзоиши он дар ин рӯзҳо бо моҳи Рамазон иртибот дорад, зеро шумораи намозгузорон дар ин моҳ афзоиш меёбад. Дар гузаштаҳо низ пулис ва хадамоти амниятии Русия чунин амалиёт анҷом додаанд ва муттаассифона дар миёни намозгузорон тундравҳои исломӣ низ боздошт шудаанд”.
Масалан, моҳи апрели соли ҷорӣ пулис дар наздикии шаҳри Тюмен дар яке аз намозгоҳҳои муваққатӣ амалиёти боздошт анҷом дод ва дар миёни боздоштшудагон аъзои “Ҳизби Исломии Туркистон” низ буданд. Баъд аз таҳқиқ мақомоти интизомии Русия эълон карданд, ки ин афрод ба ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Маскав омодагӣ мегирифтанд.
Оқои Эгамзод мегӯяд, ба сабаби он, ки дар ҳама ҷо масҷидҳои расмӣ вуҷуд надорад, мусулмонон маҷбур мешаванд намози худро бештар дар намозгоҳҳои муваққатӣ адо мекунанд. Чунин намозгоҳҳо ҳамеша зери назари пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия қарор доранд. Вале дар масҷидҳое, ки сабти номи расмӣ доранд, амалиёт камтар анҷом мегирад. Оқои Эгамзод эътироф мекунад, ки дар Русия мушкили тундгароӣ вуҷуд дорад ва баъд аз инфиҷор дар ду истгоҳи метрои Маскав дар соли 2010 ин раванд баъзе аз қишрҳои ҷомеаи Русияро нигарон сохтааст.
Оқои Эгамзод меафзояд, дар Русия барои унс гирифтани муҳоҷирони кории кишварҳои дигар, ба хусус муҳоҷирони кишварҳои мусулмоннишини Осиёи Миёна то ҳол шароити мусоид вуҷуд надорад. Аҳолии ҳамаи минтақаҳо онҳоро яксон қабул намекунанд.
Ҷавононе, ки аз ин кишварҳо меоянд, худро дар ин ҷомеа дар инзифо эҳсос мекунанд ва барои ҷуброни танҳоӣ онҳо ғайриогоҳона ба гурӯҳҳои тундгаро ҳамроҳ мешаванд.