Наздик ба 30 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар як назарпурсӣ гуфтаанд, ки дар авҷи хашму асабоият худро бо дашном додан ором мекунанд.
Пизишкон бояд аъсоби қавӣ ва баёни нарм дошта бошанд, аммо 28 дарсади табибони ояндаи тоҷик гуфтаанд, дар ғояти хашм худро бо дашному ҳақорат ором мекунанд ва 20 дарсад ҳатто гуфтаанд, ки омодаанд, дар посух ба тавҳин аз зӯри мушт ҳам кор гиранд. Аммо ин нукта тассалибахш аст, ки 38 дарсади онҳо гуфтаанд, ки ҳангоми асабӣ шудан бештар хомӯш мемонанд ва фишори равониро дар худ таҳаммул мекунанд.
Аз онҳое ки зӯргӯиро роҳи "ҳалл"-и хашму асабонияти худ мешуморанд, 81 дарсадро ҷавонмардон ва 19 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд.
Ин арқом дар назарсанҷие ошкор шуд, ки гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон миёни ҳамсабақонашон анҷом доданд.
Фирӯз Шукуров, мудири кафедраи физиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, идеяи анҷоми чунин пажӯҳиш аз ҷониби донишҷӯи донишгоҳ Таҳмина Эшова пешниҳод шудааст. Ҷаноби Шукуров мегӯяд, ҳадаф аз ин назархоҳӣ дақиқ кардани ҳолати равонии пизишкони оянда аст. Аҳамияти он дар он дида мешавад, ки донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ва ё табибони оянда то куҷо равони солим доранд ва бо беморон кор карда метавонанд. Ба қавли ин устоди Донишгоҳи тиббӣ наздикӣ 40 дарсади донишҷӯён, ки фишори равониро дар худ нигоҳ медоранд ва ё ба истилоҳ «самоагрессия» мекунанд. Ҳарчанд он ба кас таъсири бад дорад, аммо барои пизишкон хуб арзёбӣ мешавад.
Фирӯз Шукуров мегӯяд: «Ҳамчунин ин пажӯҳиш ба устодон низ кӯмак мекунад, ки бо кадом донишҷӯ чӣ гуна бояд кор кунад. Вақте устодон медонанд, ки дар синфхона ҳангоми ба миён омадани низоъ чанд нафар донишҷӯ аз зӯри мушт истифода мекунад ва чанд дарсади дигар дашном медиҳанд, барояш кор кардан бо онҳо осонтар мешавад.»
Пажӯҳиш нишон додааст, ки истифода аз зӯр бештар миёни ҷавонмардон дида мешавад ва духтарон асосан бо гиря кардан худро ором месозанд. Ин пажӯҳиш дар байни 800 донишҷӯ анҷом шудааст. Ҷаноби Шукуров афзуд, онҳо тасмим доранд ин назарсанҷиро миёни ҳама донишҷӯёни донишгоҳ баргузор кунанд ва дар ин мавзӯъ як гурӯҳи 5-нафараи донишҷӯён тадқиқоти илмӣ анҷом диҳад.
Пурсиши сарироҳии мо дар ин мавзӯъ бо посухи сокинон хандаовар ба назар мерасид. Бештари онҳо мегуфтанд, ки бо хондани китоб ва гӯш кардани мусиқӣ худро аз ҳолати хашм ё агрессия берун мекашанд ва ё ором мекунанд. Аммо ба ин суол ки «мутолиаи кадом китоб ба шумо оромиш мебахшад?» ва ё «кадом навъи мусиқӣ шуморо ором мекунад?» гуфта наметавонистанд, ки бо хондани кадом китоб онҳо ором мешаванд ё кадом жанри мусиқӣ ҳолати равонии онҳоро ором мекунад?
Тӯрақул Тӯрақулов, як ҷавони тоҷик дар сӯҳбати сарироҳӣ ба мо гуфт, ҳангоме асабӣ мешавад, мусиқӣ гӯш мекунад ё ба тамошои шаҳр мебарояд. Аммо вақте сахт асабӣ мешавад, ҳар чизе ки дар наздаш бошад мешиканад. Вай фикр мекунад, агар касе дар наздаш бошад, мумкин аст, ба занозанӣ ҳам пардолзад. Тӯрақул мегӯяд бештар дар ҳолате асабӣ мешавад, ки кораш барор нагирад: «Як маротиба пиёла ва косаро шикаста будам дар сари қаҳрам.»
Ҷавони дигар - Иброҳим Беков - мегӯяд: «Ҳар касе чӣ тавре муносибат кунад, ман ҳамон гуна посух медиҳам. Бо ҳар гуна роҳ худамро аз агрессия берун мекашам. Дод задан, мушт задан, мусиқӣ гӯш кардан ва тамошо баромадан.»
Нигора, ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, бештар худро бо гиря ором мекунад: «Гоҳо худро бо мусиқӣ ором мекунам. Аммо бештари вақт гиря мекунам.»
Фарзона Шарифова, ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, вақте касе ӯро асабӣ ё таҳқир мекунад, ба пурхӯрӣ шурӯъ мекунад: «То ором нашавам, ҳар хӯрдание ки бошад, фурӯ бурдан мегирам.»
Ҳамчунин иддаи дигаре аз ҳамсӯҳбатони мо мегуфтанд, ки онҳоро бо садои баланд дод задан, сигор кашидан ё арақ нӯшидан аз ҳолати стресс берун меорад.
Дар ҳоли ҳозир пажӯҳиш дар бораи ҳангоми агрессия чӣ тавр худро ором кардани мардум танҳо миёни донишҷӯёни соли дуввуми Донишгоҳи тиббӣ гузаронида шудааст. Донишҷӯён ва устодони ин донишгоҳ тасмим доранд чунин пурсишро миёни донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ низ анҷом диҳанд. Зеро ба қавли онҳо, донистани роҳҳои чигуна худро аз ҳолати хашму асабоният берун овардани омӯзгорони оянда фавқулода муҳим аст ва ин метавонад барои пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ миёни мактаббачаҳо ва омӯзгорон кӯмак кунад.