Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фишори рӯзгор ва қомати хамидаи мардони тоҷик


Ҷомеашиносон мегӯянд, мушкилиҳои рӯзгор, ки аксаран ба дӯши мардони тоҷик бор аст, онҳоро заифу мӯҳтоҷ ба ёрии равонӣ кардааст.

Фаъолони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки вақтҳои охир мардҳо осебпазир шуда, ба ёрии равонию иҷтимоӣ ниёз доранд. Рӯзи байналмилалии мардҳо, ки 19-уми ноябр таҷлил мешавад, таваҷҷӯҳро ба мушкилоти ин бахши ҷомеа бештар кардааст. Бино ба омори расмӣ, соли гузашта 9 дарсади муроҷиаткунандагон ба марказҳои бӯҳронӣ, ки аксаран барои занон таъсис ёфтаанд, мардон будаанд.

Шаҳло Ҷӯраева, раҳбари муассисаи давлатии "Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе", мегӯяд, мардон низ ба мисли занон мушкилоти зиёд доранд. Ба гуфтаи ӯ, фарқ ин аст, ки занон аксаран дар хонавода, аммо мардон дар ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ хушунат мебинанд. Бону Ҷӯраева гуфт, "барои мардон ҳам таъсиси марказҳои кӯмаки равонӣ ногузир шудааст. Мардҳо аксаран бими доғдор шудани обрӯву мартабаашон дар ҷомеа, лаб ба шиква намекушоянд.

Шаҳло Ҷӯраева
Шаҳло Ҷӯраева
Фурӯ бурдани дарду алам ва пойфишорӣ сари "қонуни мардонагӣ” сабаби он мешавад, ки мардҳо саломатии худро аз даст медиҳанд. Абдураҳим Салимов мегӯяд, аз мушкилоти беохири рӯзгор ба истилоҳ "ҷонбезор" шудааст ва дар назди ҳамсараш ҳам қадраш намондаст: "Масалан, имрӯз то бегоҳ дар кор будам ва дар боронӣ хаста ба хона омадам, ки дарҳол духтарам гуфт, додо, пули мактаб ва китоб. Утоқи дигар даромадам, писарам ҳам аз ҷой хеста пули мактабро пурсид. Як уф, кашидаму ба ошхона даромадам, ки он ҷо занам бо қавоқи овезон маро пешвоз гирифт. Аммо дар ҷомеа ҳама аз мушкилоти занҳо мегӯянд. Нафаре фикр намекунад, ки мо мардҳо ҳам оҳанин нестем. Бовар кунед, ҳамеша дар ҷайбам доруи асаб дорам ва дар ин рӯзҳо гоҳе се маротиба ҳам онро зери забон мегузорам."

Эҳтимол, ҳазорон нафар аз мардҳо дар чунин вазъ қарор доранд, вале ифшои онро берун аз қоидаҳои мардонгӣ ва нишони заъф медонанд. Соҳибназарон мегӯянд, шароити бади рӯзгор, бекориву ниёзмандӣ ва масоили ҳалталаби афзоянда, ин қишри замоне тавонмандро аз ҷиҳати равонӣ шикастааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00
Линки мустақим

Музаффар Зарифов, раҳбари созмони "Муҳоҷират ва рушд", дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷомеа занон то ҳадде барои ҳуқуқу озодиҳои худ талош доранд, ки зарурати дифоъ аз ҳуқуқи мардҳо ба миён омадааст, зеро метавон гуфт мард дар ҷомеа торафт заиф мешавад. Дар ҳамин ҳол Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, "дар ҷомеа нафароне тавонистанд муваффақ шаванд. Агар аз нигоҳи дониш бигирем, онҳо афроди донишманд нестанд. Аммо нафароне бо маълумоти олӣ бекор ҳастанд. Ин боиси як таънаи дигар аз ҷониби ҳамсар, фарзандон ва наздикон мешавад. Инро таҳаммул кардан хеле душвор аст. Мардон ба таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ аввал дар оилаи худ ва баъд аз ин дар ҷомеа ниёз доранд."

Бобоҷони Қаюмзод
Бобоҷони Қаюмзод
Равоншинос Бобоҷон Қаюмзод мегӯяд, дар шароити кунунӣ мардон дар ҷомеа амнияти равонии худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷиҳати равонӣ бархӯрди мард ва зан ба мушкилоти зиндагӣ тафовут дорад. Табиатан мард ҷинси пурғурур ва қудратмандест, ки дар аксари масъалаҳо бояд эҳсоси бениёзӣ намояд. Дар шароити иқтисодии имрӯз мардҳо баъзан ба сахтӣ нақши заифу ҳақирро таҳаммул мекунанд. "Дар ҳолатҳое, ки мардони мо ба муҳоҷират мераванд, ҷудоӣ аз хонавода ва фарзанд аз маншаҳои аслии депрессия аст. Илми тиб исбот кардааст, ки 80 дарсади бемориҳо заминаи равонӣ доранд. Мард, баъд аз ин қадар фишорҳое, ки дар ҷомеаи мо мебинад, ба бемориҳои ҷисмӣ гирифтор мегардад ва умри ӯ низ ба таври табиӣ кам мешавад",-илова кард ӯ.

Мусоҳибони мо мегӯянд, вақти он расидааст, ки ҷомеа бояд ба мушкили мардони тоҷик ҳам таваҷҷӯҳ карда, дардҳои равонӣ ва ботинии онҳоро даво бахшад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, тамоми ҷомеа ба мушкили занон андармон шуда, зоҳиран мардон яъне "сутуни ҷомеа"-ро фаромӯш кардааст.
XS
SM
MD
LG