Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамзҳои СССР - дар кӯҳнафурӯшиҳои Душанбе


Дар бозорҳои кӯҳнафурӯшии пойтахти Тоҷикистон даҳҳо навъ аз осори бозмонда аз замони Шӯравӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. Ва бо нархҳои хеле арзон.

Кӯҳнафурӯшиҳои Душанбе пур аз ордену пулҳо ва таҷҳизоти гаронарзиши замони Шӯравист, ки ҳоло бо нархҳои хеле пойин ба фурӯш мераванд. Ин ордену медалҳоест, ки дар замони Шӯравӣ ба соҳибонаш имтиёз ва обрӯ меовард. Ҳоло соҳибонашон дар беҳтарин ҳолат метавонанд ин чизҳои таърихирона бештар аз нархи панҷ нони бозорӣ бифурӯшанд.

Магнитофону танга ва ашёи дигари замони Шӯравӣ, ки шояд дар оянда маводи антиқӣ арзёбӣ шаванд, феълан дар бозорҳои кӯнафурӯшии Душанбе чандон қиммат надоранд ва моҳҳо муштарии худро интизор мешаванд.

“200 рубли Шӯравиро 60 сомонӣ мефурӯшам”

Бобоҷон Сафаров, сокини 46-солаи шаҳри Душанбе бо як халта тин ё танга ва дигар ҷиҳози замони Шӯравӣ ба кӯҳнабозор баромадааст, то онҳоро ба фурӯш барорад ва камбудии рӯзгорашро буд кунад. Ӯ мегӯяд, вақте модарбузургаш аз дунё даргузашт, аз сандуқаш бештар аз 200 рубл тини Шӯравӣ пайдо шуд. Ҳоло ӯ розӣ аст, ки ин ҳама тинҳоро ба 60 сомонӣ ва ҳатто камтар аз он ба савдо гузорад.

- Тасаввур кунед, ки агар замони Шӯравӣ модарбузургам ин тинҳоро ба мо медод, шояд ҳоло ин қадар зиндагии сахт намедоштам. Бо 3 тин дар Шӯравӣ мо хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрдем. Худатон бифаҳмед, ки 200 рубл чӣ қадар арзиш дошт. Даҳ тинро бо сӣ дирам фурӯхтаниам. Ҳоло як ҳафта зиёд шуд, вале касе як тинамро намехарад, - гуфт ӯ.

Рамзҳои СССР - дар бозорҳои кӯҳнаффурӯшии Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

“Магнитола”-и 150 рублӣ 15 сомонӣ фурӯхта шуд

Дар гӯшаҳои гуногуни Душанбе ҳоло бозорҳои хиёбонии кӯҳнафурӯшӣ ташкил шудааст. Савдогарони ин бозорҳо аслан сокиноне ҳастанд, ки “ашёҳои замони Шӯравӣ”-мефурӯшанд. Ин ашёҳо нархи аниқе надоранд ва вобаста ба муомилаи харидору фурӯшанда пасту баланд мешаванд.

Сироҷиддин Эшонов, пас аз як моҳи ба бозор баровардани “Магнитола”, як навъ магнитофони маъруфи Шӯравӣ онро бо 15 сомонӣ фурӯхт. Ӯ ин дастгоҳро охири солҳои 70-уми асри гузашта бо зориву тавалло дар ивази 150 рубл аз як дӯсташ харида буд. Ӯ ин хотироти овони ҷавонишаро фурӯхтанӣ набуд, аммо пул барояш ҳоло болотар аз ҳама гуна хотирот ҳаст.

Ӯ гуфт: “Инро як нафар, ки гуфт, 70 фиттаи лентадор дорад, аз ман харидорӣ кард. Пайдо кардан ва харидани ин дар он солҳо осон набуд. Марде, ки аз ман онро харид, гуфт, он фиттаҳояшро бо дигар тарз гӯш карда намешавад. Ҳеҷ бовар надоштам, ки барои ин дастгоҳам харидор пайдо мекунам.”

Харидорони осори Шӯравӣ кистанд?

Аммо на ҳама ашёҳои замони Шӯравиро афроди корафтода харидорӣ мекунанд. Бештари харидорони осори Шӯравӣ коллексионерҳое ҳастанд, ки бовар доранд, чанд сол баъд онҳоро бо нархи қимматтар мефурӯшанд.

Сиёвуш Сатторов, як марди 38-солаи тоҷик мегӯяд, ӯ нусхаҳои тинҳои Шӯравиро аз солҳои 20-уми асри гузашта то замони пошхӯрии Шӯравӣ ҷамъ оварда ва барои худ коллексия мекунад. Ин мард бовар дорад, ки рӯзе ин коллексияи худро бо нархи гаронтар ба фурӯш хоҳад гузошт. Ӯ аз ҳоло пеши фурӯшандаҳо меравад ва тинҳои солҳои муайянро аз онҳо ҷудо ва харидорӣ мекунад.

Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ ё СССР, ки Тоҷикистон низ узви он буд, 70 сол давом кард ва дар поёни соли 1991 ба 15 кишвари алоҳида тақсим шуд. Ҳоло аз Шӯравӣ ба ҷуз хотироти зиндагии хуб ва осорҳои кӯҳнаи камарзиши он замон чизе дигар дар Тоҷикистон боқӣ намеондааст.

XS
SM
MD
LG