Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳосилот"-и Фархор ба сафи дастаҳои беҳтарин ҳамроҳ мешавад


Дар пайи пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бар тими “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби бузурги 5-0, мавқеи ин даста дар ҷадвали мусобиқот устувор гардид.

Дар пайи пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо тими “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби бузурги 5-0 дар варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи чоршанбеи 22 октябр, мавқеи ин даста дар ҷадвали мусобиқот устувор гардид. Футболбозони Фархор дар 18 бозӣ 41 имтиёз ба даст овардаанд. Коршиносон ин дастоварди тими футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро ба иваз шудани сармураббии даста, ки ахиран анҷом шуд, ба дастгирии молиявии тоҷирону соҳибкорони маҳаллӣ рабт медиҳанд.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Ҳосилот» рӯзи 23 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баргаштани ӯ ба ин даста дар он буд, ки замони Шӯравӣ бозингари ин даста буд ва аз сермухлистарин даста дар Тоҷикистони шӯравӣ маҳсуб меёфт. Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, қаблан сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб буд. Ҷаноби Ҳабибуллоев баъди барканориаш аз дастаи «Равшан» бо даъвати раиси тими “Ҳосилот” мураббигии ин дастаро пазируфт. Ӯ мегӯяд, ки дар таи як моҳ ин даста ҳудуди 7 ҳазор мухлис ва дар садри аввали Лигаи аввал қарор гирифт. Ҳабибуллоев мегӯяд, ки баъди омадани ӯ ба раҳбарии ин даста, бозингарон аз дастаҳои “Вахш”, “Равшан”, “Регар”-и ТадАз ҷалб шуданд.

Сармураббии нав мегӯяд, "Ҳосилот" бояд дар лигаи олӣ бошад!
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Сарпарастони аслии ин даста бачаҳое ҳастанд, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ кору фаъолият доранд ва онҳо хоҳиш карданд, ки бояд ин даста мисли даврони Шӯравӣ рақиби аслии “Истиқлол” ва “Равшан” бошад. Мо низ кӯшиш дорем, ки ҳамчун қаҳрамони Лигаи аввал ба Лигаи олӣ вориди майдон шавем, гуфт Муҳаммадҷон Ҳабибиуллоев. “Ҳосилот” дар аввали солҳои 1980 дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шудааст. Дар аввали солҳои 1990, «Ҳосилот» ба Лигаи дуюми СССР баромад. Он замон ин даста 30 ҳазор мухлис дошт. Аммо баъди пошхӯрии Шӯравӣ ин даста нуфуз ва эътиборашро аз даст дод.

Ҷаҳонгир Умаров, яке аз мухлисони дастаи футболи «Ҳосилот» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин даста баъди хатми ҷанги дохилӣ бо номи нави «СКА-Хатлон» эҳё шуд ва дар лигаи аввал рақобат кард. Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, дар соли 2010 даста номи пештараи худро барқарор ва бозиҳояшро дар Лигаи аввал идома дод. Ӯ мегӯяд, дар бозиҳои соли 2010 ва 2011 соҳиби медали нуқра шудааст. Ҷаҳонгир Умаров мегӯяд, вақте «Ҳосилот» дар соли 2011 соҳиби нишон нуқра шуд, дар рӯзномаи «Спорт», ки як нусхааш дар хонааш маҳфуз аст, навишта буданд, ки «Ҳосилот» ба Лигаи олӣ роҳ ёфт.

«Ростӣ, маблағе надорам, ки ба ноҳияҳои дигар рафта бозиашро тамошо кунам, аммо ҳамеша аз муваффақияташ хурсанд мешавам», - гуфт Ҷаҳонгир Умаров. Зимнан, дастаи футболи «Ҳосилот» баъди пирӯзиҳои соли 2012 дар Лигаи олӣ рақобат кард ва бо надоштани сарпараст аз Лигаи Олӣ ба лигаи аввал гузашт. Нурулло Маҳмудов, раҳбари дастаи «Ҳосилот» дар сӯҳбат ба Раҳбари Озодӣ гуфт, бо машварати раиси ноҳияи Фархор, Раъно Раҳимзода тавонистаанд афродеро пайдо кунанд, ки барои беҳбуд ёфтани фаъолияти даста кӯмак кунанд, то ки “Ҳосилот” ба Лигаи олӣ роҳ ёбад ва дар канори тимҳои пурқуввати Тоҷикистон рақобат кунад. Зимнан, сарпарастии дастаи «Ҳосилот»-ро ду сол боз Раъно Раҳимзода бар дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG