Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳелловин дар Душанбе аз гузашта бошукӯҳтар таҷлил шуд


Ҷавонони тоҷик дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва дигар манотиқи кишвар аз ҷашни "Ҳелловин" ба таври густурда таҷлил карданд. Аммо вазорати фарҳанг мегӯянд, ки ин кор бе иҷозати онҳо сурат гирифтааст.

Ҷавонони тоҷик дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва дигар манотиқи кишвар аз ҷашни "Ҳелловин" ба таври густурда таҷлил карданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе шоми рӯзи 30-юми октябр се нуқта -- “спорт-бар”-и Истиқлол, толори “Соҳо”-и меҳмонхонаи Шератон ва клуби шабонаи “Манхеттан”, мизбони ҷашни Ҳелловин будааст.

Ин дар ҳолест, ки солҳои гузашта мақомот аз таҷлили ин ҷашн, ки ҳамагӣ дар як ва ё ду макон баргузор мешуд, ба далели бегона будани ин ҷашн ба фарҳангӣ миллӣ, ҷилавгирӣ мекарданд. Моҳи октябри соли гузашта маъмурони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро, ки дар клуби шабонаи “Порт-Саид” ҷашни “Ҳелловин”-ро таҷлил мекарданд, пароканда карда буданд.

Аммо ин бор хабарнигорони Радиои Озодӣ мушоҳида карданд, ки пулис ба баргузории ин ҷашн ҳеҷ монеае эҷод накард ва ҷавонон ба роҳатӣ аз Ҳелловин таҷлил карданд.

Аммо Акрам Олимов, раҳбари раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баргузоркунандагони ҷашни Ҳелловин аз ин вазоратхона ҳеҷ иҷозатномае нагирифтаанд. Вай афзуд: «Мо барои иҷозат додан ба баргузории ин ё он ҷашн мӯҳтавои онро аз назар мегузаронем. Аммо инҳо ба мо муроҷиат накарданд ва аслан ин ҷашн ба расму оин ва фарҳанги мо комилан бегона аст ва таҷлил кардан аз он ҳеҷ зарурат надорад.”

Аммо ҷавонони тоҷик -- онҳое, ки аз ин ҷашн таҷлил карданд, мегӯянд, ки "Ҳелловин" дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё таҷлил мешавад ва ин як чорабинии дилхушӣ аст ва онҳо низ ин ҳақро доранд, ки аз он таҷлил кунанд.

Ҷашни Ҳелловин дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00

“Ҳелловин” дар Тоҷикистон ғолибан миёни гурӯҳи ҷавонони марказнишини Душанбе ва онҳое, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардаанд ваё дар созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе фаъолият доранд, ҷашн гирифта мешавад. Онҳо дар дискоклубу марказҳои дилхушӣ бо ба бар кардани либосу ниқобҳои мухтилафи ваҳмангез ва қаҳрамонҳои афсонаҳо, аз ҷумла бо ҷомаи Вампиру Аҷузакапмир “Ҳелловин”-ро таҷлил мекунанд.

Ба ин тартиб таҷлили ҷашни “Ҳелловин” дар Тоҷикистон дар баробари тарафдорон мухолифони зиёде дорад. Рӯҳониёни тоҷик ва гурӯҳе аз дигар ҷавонон ин иди аслан ғарбиро мухолиф ба расму оинҳои милливу суннатӣ медонанд ва аз он нигаронӣ мекунанд, ки оҳиста-оҳиста ин ҷашн метавонад тавсеа ёбад ва ҷавонон ба ҷашну маросимҳои бегона рӯ биоранд.

“Ҳелловин” аслан иди англисҳост, ки аз асри 9 то инҷониб таҷлил мешавад, ҳарчанд дар тӯли асрҳо расму анъанаҳои ин ид такмил ёфта, тағйир хӯрдаанд. Муҳимтарин унсури ҷашни “Ҳелловин” бар иловаи пӯшидани либоси ваҳмангез, ин сохтани қандилҳои аҷиб аз каду ва турб мебошад.

XS
SM
MD
LG