Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШКД ҷашни "Ҳелловин"-ро дар "Порт-Саид" пароканда кард (ВИДЕО ва 8 АКС)


Ҷашни "Ҳелловин" дар "Порт-Саид"
Ҷашни "Ҳелловин" дар "Порт-Саид"

Маъмурони милиса шаби гузашта монеъи баргузории ҷашни "Ҳеловин" дар толори шабонаи "Порт-Саид" дар маркази Душанбе шудаанд. Онҳо гуфтаанд, чаро ҷавонони тоҷик як иди бегонаро ҷашн мегиранд?

Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаби 25 ба 26 октябр гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро, ки дар яке аз клубҳои шабонаи пойтахт ҷашни “Ҳелловин”ро таҷлил мекарданд, пароканда карданд.

Як гурӯҳ ҷавонони пойтахт шоми 25-уми октябр баҳри таҷлил аз ҷашни “Ҳелловин” дар клуби шабонаи “Порт-Саид”-и пойтахт ҷамъ омаданд. Ин ҷавонон дар тан либосҳои хоси ҷашни “Ҳелловин”, назири ҷомаи Вампир, Аҷуза-кампир, Шайтон ва дигар қаҳрамонҳои афсонавии ваҳмангез доштанд. Ҳамчунин дар дохили клуби “Порт-Саид” афроди хоҳишманд имкон доштнад чашму абрӯ ва ё рӯи худро ба мисли қаҳрамонҳои хоси ин ҷашн “оро” диҳанд.

Аммо тақрибан пас аз як соати оғози ин ҷашн кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт вориди толори найтклуб шуда талаб карданд, ки мусиқиро хомӯш кунанд. Пас аз чанд лаҳзаи гуфтугузор бо ташкилкунандагони ҷашни “Ҳелловин” кормандони пулис ҷавононро аз толор берун карда дар даҳлези он ҳамагонро водор карданд, ки аксҳои ваҳмангези дар руяшон кашида шударо шӯянд.

Нисо Қаюмова, яке аз масъулони студияи рақсии “Новая эра”, ки аз ташкилкунандагони ҷашни “Ҳелловин” буд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Кормандони милиса гуфтанд, ки рӯйро рангу бор кардан мумкин нест. Ин, албатта, хандаовар аст, аммо онҳо инро ҷиддӣ гуфтанд.”

Хабарнигори радиои Озодӣ, ки шоҳиди айнии ҷашни “Ҳелловин” дар найтклуби “Порт-Саид” буд, мегӯяд, ҳамроҳи кормандони пулис як наворбардор низ буд, ки ҳамагонро ба навор мегирифт. Зимни ин ташрифи худ кормандони пулис ҳадди ақал ду нафар аз ҷавонони иштирокдори “Ҳелловин”ро боздошт намуданд. Кормандони пулис нахуст аз ҷавонон мепурсиданд, ки ин чӣ ҷашн аст ва чаро онҳо як иди бегонаро таҷлил мекунанд?

Зимнан дар ҷомеаи Тоҷикистон натанҳо кормандони милиса балки бисёриҳо ин суолро мекунанд, ки ҷаро ҷавонони тоҷик ба расму оини миллатҳои дигар бештар тақлид карда ҷашнҳои онҳоро таҷлил мекунанд.

Ҷашни "Ҳелловин" дар "Порт-Саид"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Ин ҳамааш нишонаи аз минбар дур кардани домуллоҳо ва амри маъурфи онҳоест, ки суханашонро ҷавонҳо гӯш мекарданд. Ҳамакнун онҳое дар минбарҳои масҷидҳо ҳастанд, ки дар нисбати ин гуна чизҳо бетафовутанд. Вагарна Ислом рангу расм кашидан дар рӯи инсон, чӣ барои мард ва чиӣ барои занро манъ кардааст.”

Аммо ҷомеашинсон ва равоншинисони тоҷик ба ин назаранд, ки таҷлил аз ҷашни барои тоҷикон бегонаи Ҳелловин яке аз натиҷаҳои раванди ҷаҳонишавӣ аст. Ба таъкиди эшон давлату миллатҳое, ки ба тарғибу ташвиқи фарҳанги хеш бетафовутӣ мекунад дар асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ дар миёни миллатҳои бузург “ҳал” хоҳанд шуд.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд, дар асри ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллатҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаанд ва абзори муассири таблиғотӣ доранд бештар густриш пайдо мекунанд. Вай афзуд: “Бубинед, ки ҳоло кӯдакону наврасони мо кадом филмҳои тасвириро тамошо мекунанд? Ҳамагӣ хориҷиро! Мултфилмҳое, ки дар асоси афсонаҳои халқи тоҷик бошад, қариб нест. Ин ҷавононе, ки имрӯз “Ҳелловин”-ро ҷашн мегиранд, инҳо намояндагони ҳамон наслеанд, ки бо филмҳои сохти хориҷӣ бузург шудаанд.” Ҷаноби Кабирӣ афзуд, дар асри ҷаҳонишавӣ ҳукуматро месазад, сиёсати фарҳангии хешро қавитар созад, то ба зеҳни насли наврас бештар корагар бошад.

“Ҳелловин” аслан иди англисҳост, ки аз асри 9 то инҷониб таҷлил мешавад, ҳарчанд дар тӯли асрҳо расму анъанаҳои ин ид такмилу тағйири зиёд хӯрдаанд. Муҳимтарин унсури ҷашни “Ҳелловин” бар иловаи пӯшидани либоси ваҳмангез, ин сохтани қандилҳои аҷиб аз каду ва турб мебошад. Дар даруни ин сабзавотҳо шамъ фурӯзон карда, паҳлӯҳояшро сӯрох мекунанд, то ки аз ин сӯрохиҳо равшании шамъ ҳайратовар намудор шавад.

Таҷлили густурдаи “Ҳелловин” дар мактабу донишгоҳҳои Русия нигаронии вазорати маорифи ин кишварро ба бор оварда буд ва ин ниҳод аз хонандагон хост дигар онро таҷлил накунанд. Синоди калисои провославии Русия низ ин ҷашнро шайтонӣ унвон карда, аз пайравонаш хоста буд онро таҷлил накунанд.

Дар Тоҷикистон ба далели маҳдуд будани доираи ҷашнгирандагони “Ҳелловин” то ҳол вокунишҳои расмиеро ба бор наовардааст ва маъмулан бо боздошти чанде аз ҷашнгирандагонаш аз сӯи пулис хулоса мешавад. Аммо дар маҳфилҳо интиқодҳое аз чунин ҷашнҳо ҳам садо медиҳанд ва бархе бар инанд, ки тавассути ҷашнҳое, чун “Ҳелловин” мехоҳанд арзишҳои бегонаи ғарбиро ба мардуми тоҷик таҳмил кунанд.

XS
SM
MD
LG