Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот дар бораи "Ҳелловин": "Ин давлат бе дарвоза нест"


Мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, таҷлили ҷашни "Ҳелловин" дар толори шабонаи "Порт-Саид" бидуни иҷозаи расмии ин вазорат доир шудааст.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, таҷлили ҷашни “Ҳелловин” дар бархе аз толорҳои шабона бидуни иҷозаи ин ниҳод ва дигар сохторҳои марбута сурат гирифтааст.

Мамаднасим Мадёров, сардори раёсати ҳунари вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод аз таҷлили ҷашни “Ҳелловин”, ки имсол бо ташаббуси студияи “Новая Эра” миёни як гурӯҳ ҷавонону хурдсолон доир шуд ва мисли солҳои қаблӣ халалдор шуд, огоҳ набуданд. Ба таъкиди ҷаноби Мадёров, созмондиҳандагони “Ҳелловин” бояд қабл аз таҷлили ин ҷашн вазорати фарҳангро дар ҷараён мегузоштанд ва ин кор танҳо бо иҷозаи ниҳоди мазкур ва дар доираи муқарарот ва қонунҳои ҷорӣ сурат мегирифт.

Ҷаноби Мадёров афзуд: “Ин давлат бе дарвоза нест. Ҳама бояд дар асоси қонун мактуб кунанд, маълумот диҳанд ва агар мо иҷоза диҳем, бояд шӯъбаи корҳои дохилӣ ҳам огоҳ карда шавад. Қоида ин хел аст, ки масалан, мо як барномаи консертӣ мекунем, албатта, онро ҳукумат мебинад, комиссияи махсус мебинад ва баъд ба халқ пешниҳод мешавад. Яъне ҳар ҷашну хурсандӣ бояд дар доираи қонун сурат гирад.”

Вазорати фарҳанг дар бораи "Ҳелловин"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи масъулони вазорати фарҳанг, ташкилкунандаҳои барномаҳои ҷашнӣ, аз ҷумла ҷашни “Ҳелловин” бояд ба онҳо муроҷиат мекарданд ва ҳадафу мӯҳтавои ҷашнашон омӯхта мешуд. Мамаднасим Мадёров афзуд: “Ин чӣ хел 4 ва ё 100 кӯдак баромада аз пеши худ ҳар коре ки хоҳанд, мекунанд? Мо чунин иҷоза надодаем аслан. Агар муроҷиат шавад, мо бояд бинем, омӯзем ва баъд иҷоза диҳем. Рафтору кирдорро бинем, агар гиранду худро мисли маймун кунанду бароянд, ин ҷомеа куҷо меравад, ин яъне чист?”

Ин ҳам дар ҳолест ки тайи чанд соли ахир гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик ҳар сол дар ин шабу рӯз ба пайравӣ ба ҳамсолони амрикоиву аврупоияшон бо ташкили маҳфилҳои хурди фароғатӣ талош мекунанд, аз “Ҳелловин” таҷлил кунанд, вале ҳар дафъа ин талоши онҳо ба зиддиятҳо дучор мешаванд.

Ҷашни "Ҳелловин" дар "Порт-Саид"
Ҷашни "Ҳелловин" дар "Порт-Саид"

Ду соли қабл ҷашни “Ҳелловин”-и ҷавонони тоҷикро дар як дискоклуби Душанбе гурӯҳи дигари ҷавонон халалдор карданд. Онҳо ин ҷашнро бегона хонда, ба таҷлили он мухолифат карданд ва аз масъулони диско-клуб хостанд, то ба ҷои мусиқиҳои хоси ин ҷашн таронаи он замон маъруфи "Хоҷа, бигӯ, на ман манам"-и Зафар Аюбовро монанд.

Соли 2013 ҳам ҷашнгирӣ аз “Ҳелловин” мунҷар ба боздошти чанд ҷавон шуд.

Имсол таҷлили “Ҳелловин” дар Душанбе аз 25-уми октябр оғоз ёфт. Бо ташаббуси студияи рақсии “Новая Эра” дар Душанбе барномаи вижае барои таҷлил аз ин ҷашн миёни ҷавонон ва хурдсолон рӯи даст гирифта шуд.

Ҳарчанд маҳфили “Ҳелловин”-и хурдсолон орому хуб гузашт, аммо ҷавонон натавонистанд, то охири барномаи фароғатӣ бимонанд ва хурсандӣ кунанд, чунки кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ин ҷавононро, ки дар клуби шабонаи “Порт Саид”аз “Ҳелловин” ҷашн мегирифтанд, пароканда карданд.

Созмондиҳандагони ҷашн – масъулони студияи рақсии “Новая Эра” аз сӯҳбат дар бораи ин ки оё барои ташкили ҷашн иҷозати расмӣ доштанд ё на?, худдорӣ карданд. Аммо ҷавононе, ки дар чунин ҷашнҳо ширкат мекунанд, мегӯянд, ин танҳо баҳонаест барои як рӯз бо дӯстонашон хурсандӣ кардан.

Александр, ки имсол бори аввал дар ҷашни Ҳелловин ширкат кардааст, мегӯяд: ”Ман соли аввал аст, ки ин ҷашнро таҷлил кардам. Дӯстонам бисёр таъриф карданд, гуфтанд, иди хубе аст, ҳама бо ниқобу хурсанд, ман ҳам хостам ширкат кунам. Дар бораи таърихи ин ҷашн маълумоти зиёд надорам, аммо медонам, ки дар ин рӯз одамон бо ниқобу либоси мухталиф хурсандӣ мекунанд. Ва фикр мекунам, ҳеҷ бадие надорад агар як ҷавон бо ин баҳона ҳамроҳ бо дӯстонаш хурсандӣ кунад.”

“Ҳелловин” дар Тоҷикистон ғолибан миёни гурӯҳи ҷавонони марказнишини Душанбе ва онҳое, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардаанд ваё дар созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе фаъолият доранд, ҷашн гирифта мешавад. Онҳо дар дискоклубу марказҳои дилхушӣ бо ба бар кардани либосу ниқобҳои мухтилафи ваҳмангез ва қаҳрамонҳои афсонаҳо, аз ҷумла бо ҷомаи Вампиру Аҷузакапмир “Ҳелловин”-ро таҷлил мекунанд.

Аммо Фарзона Абулқайсова, хабарнигори тоҷик, ки ҳамроҳи хоҳарзодаҳояш дар ҷашни “Ҳелловин” барои хурдсолон ширкат дошт, мегӯяд: “Албатта, барои кӯдакон ин ҷолиб буд, кӯдакон хеле хурсанд буданд ва бо шавқ дар озмуни беҳтарин ниқоб ширкат мекарданд. Аммо агар як алтернатива мебуд барои кӯдакон, беҳтар буд. Чун аз рӯи қиссаҳо гӯё ҳама деву аҷинаҳо ин рӯз ба замин мефароянд ва одамон ҳам ниқобҳои бадсифатро ба бар мекунанд, ки ин чандон бароям хушоянд нест.”

Ба ин тартиб таҷлили ҷашни “Ҳелловин” дар Тоҷикистон дар баробари тарафдорон мухолифони зиёде дорад. Рӯҳониёни тоҷик ва гурӯҳе аз дигар ҷавонон ин иди аслан амрикоиро мухолиф ба расму оинҳои милливу суннатӣ медонанд ва аз он нигаронӣ мекунанд, ки оҳиста-оҳиста ин ҷашн метавонад тавсеа ёбад ва ҷавонон ба ҷашну маросимҳои бегона рӯ биоранд.

Ҷашни "Ҳелловин" дар "Порт-Саид"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Аммо ба ақидаи гурӯҳи дигар аз истиқболи ин ҷашн дар миёни як гурӯҳ ҷавонон ҳам фоҷеа сохтан лозим нест. Ҷасур Абдуллоев, таҳлилгари ҷавони тоҷик мегӯяд: «Вақте дар ҷомеа маҳдудияту фишорҳо зиёд мешавад, ҷавонон ба урфу одат ва эътиқоду фарҳанҳои ғайр зуд дода мешаванд. Ҳоло бояд сари ин масъала фикр кунем ва ин ки як гурӯҳи хурди ҷавонон аз “Ҳелловин” таҷлил карданд, ин чандон муҳим нест.»

“Ҳелловин” аслан иди англисҳост, ки аз асри 9 то инҷониб таҷлил мешавад, ҳарчанд дар тӯли асрҳо расму анъанаҳои ин ид такмил ёфта, тағйир хӯрдаанд. Муҳимтарин унсури ҷашни “Ҳелловин” бар иловаи пӯшидани либоси ваҳмангез, ин сохтани қандилҳои аҷиб аз каду ва турб мебошад.

XS
SM
MD
LG