Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи густурдаи Русия ба як бандари муҳим дар Украина


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия рӯзи 27-уми сентябр бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ба бандари “Измаил” дар Украина ҳамла кардааст.

Олеҳ Кипер, волии Одесса, дар Телеграм навишт, ки дар натиҷа 3 кас кушта, 11 нафар, аз ҷумла як кӯдак, захмӣ шуд.

“Измаил” маркази муҳими содироти ғаллаи Украина аст.

Ин минтақа дар сарҳад бо Руминия ҷойгир аст ва дар гузашта низ ҳадафи ҳамлаҳои Русия қарор гирифта буд.

Мақомоти Руминия, кишвари узви НАТО, мардумро дар Тулча, минтақаи ҳаммарз бо “Измаил”, дар бораи мушоҳидаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар сарҳад огоҳ карданд.

Нерӯҳои дифои ҳавоии Украина мардумро аз ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия дар вилоятҳои Херсон, Николаев ва Сумӣ ҳушдор додаанд.

XS
SM
MD
LG