Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳр – дар обу хӯрок. "Мавлуда мехост худу кӯдаконашро бикушад"


Хонаводае дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рӯзи 2-юми июл кӯдаки сесолаи худро ба хок супурд. Дар камтар аз бист рӯзи охир, ин дувумин фарзанди Нуралӣ Қурбоналиев аст, ки ба иддаои ӯ, дар пайи заҳролудшавӣ мефавтад. Қаблан фарзанди шашсолаи ин хонадон фавтида буд.

Моҷаро аз забони падари хонавода

Қурбоналӣ Нуралиев ва пайвандонаш дар ин ҳодиса Мавлуда - модари кӯдаконро гумонбар медонанд. Ӯ рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло писари якунимсолааш низ дар бемористон аст ва табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош доранд. Нуралиев иддао дорад, ки дар маҷмӯъ чанд узви оилаи онҳо, бо шумули хоҳару хоҳарзодаҳояш, баъди тановули ғизо ва ҳасиб заҳролуд шуда, муолиҷа гирифтаанд.

Ҳоло ба иттилои мақомот, модари кӯдакон барои тифли ноболиғ доштан дар озодӣ қарор дорад. Зан дар хонаи падару модари худ ва 3 фарзанди ӯ ҳамроҳи падару аммаҳо ҳастанд.

"Як кӯдакро зери хок монда, назди инаш ба беморхона омадам. Як рӯзу ду рӯз не, чанд вақт аст мо ҳамин ҳолро дорем. Худам ҳам чанд бор аз пой афтодам. Дар беморхонаи ноҳия ва Қарияи Болои Душанбе рафта муолиҷа гирифтам. Намедонам, чӣ мақсад дошт", - афзуд Қурбоналӣ Нуралиев.

Хонаводаи ин мард дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, мусибат дар хонаи онҳо ҳанӯз аз моҳи майи имсол шурӯъ шуд.

"Дар хӯрок заҳр меандохт"

Шарифа Нуралиева, аммаи кӯдакон гуфт, онҳое яке пайи ҳам ба дарди шадиде гирифтор ва хунрав мешуданд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, то замони бозпурсии аҳли хонавода аз сӯи мақомот намедонистанд, ки сабаби беҳолу бемадоршави кӯдакон ва аъзои дигари хона чӣ ё кист.

Ба иддаои ӯ, келинашон марҳила ба марҳила дар хӯроку об дору ё заҳре илова мекардааст. Шарифа, ки ба гуфтаи худаш ҳамроҳ бо кӯдаки севуми бародараш ва духтари худ дар беморхонаи ноҳия аст, гуфт, келинашон дар ҳузури онҳо ба мақомот иқрор шуд, ки ин кори дасти ӯст ва изҳори пушаймонӣ кард. "Худаш дар назди мо гуфт, ки ду моҳи охир дар хӯроку зарфи об дору мерехтааст. Ман дар Душанбе зиндагӣ мекунам. Вақте акаам хун партофт, омадам, ки ӯро ба беморхона барам. Аз он ҷо баргаштам, ки кӯдакҳояш ва духтари худам беморанд. Онҳоро ҳам беморхона бурдем. Ду кӯдаке, ки даргузаштанд, зуд-зуд табларза мешуданд", - нақл кард ӯ.

Дар хонаводаи шавҳар мақсад ва сабаби ба ин кор даст задани келини хонаро дақиқ намедонад. Вале, ба қавли Шарифа Нуралиева, зиндагии бародар ва янгааш дар деҳа бад набуд. Онҳо 17 сол бо ҳам зиндагӣ кардаанд.

Бародараш дар замин кор мекард ва ҳамсари ӯ ҳам бо кӯдакон ва хусуру хушдоман дар хона буд. Нуралӣ Қурбоналиев ҳам мегӯяд, 3 гектар замин дорад ва аз субҳ то шом сари кор аст. "Дар хонаи мо на хоҳар ва на додарам ҳамроҳи ӯ нест. Саҳар як пора нону чой гирифта, саҳро мерафтаму бегоҳ меомадам. Чӣ пулу моле доштам, дасти ҳамун буд. Агар зиндагӣ зураш омада бошад, меистод дар ҳамон хона?" - афзуд ӯ.

"Наход фарзандонашро заҳролуд кунад?"

Аммо иддаои шавҳар ва хонаводаи ӯро волидони Мавлуда, модаре, ки дар заҳролуд кардани фарзандонаш гумонбар аст, рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба заҳролудшавии хонавода аз сӯи духтарашон бовар намекунанд ва инро як тӯҳмат медонанд.

Ин зан гуфт, пеш аз худкушӣ мехост фарзандонашро ба қатл расонад, ки дар оянда азоб накашанд. Ҳодиса давра ба давра дар давоми моҳи май сурат гирифтааст

Муслима Холова, модари Мавлуда, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъи сиҳатии духтараш ҳам, ки заҳролуд шудааст, хуб нест ва як моҳ боз ӯ ҳамроҳи онҳост. "Чанд бор аз таҳи дилаш даромадам, қасам мехӯрад, ки ман ин корро накардам ва ин туҳмат аст. Мегӯяд, наход ин қадар азобҳоро пушти сар кардаму фарзандонам синфи 6-9 шуданду баъд ин корро мекунам? Ӯ мегӯяд, агар хонаро барои ҳашарот бӯр мекард, дастпӯш мепӯшид, то кӯдакон зарар набинанд. Кӯдакҳо дар хонаи онҳо аст ва мо намедонем онҷо ба онҳо чӣ шуд", - гуфт ӯ.

Муслима Холова, модари Мавлуда дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, духтараш дар хонаи шавҳар зиндагии хуб надошт ва аз тарафи шавҳараш бо ҳар баҳона латту кӯб мешуд. Ӯ гуфт, "як бор дар оғилхона дасту пояшро баста задааст. Ҳар корро баҳона карда, масалан, говҳоро алаф надодаӣ гуфта, ӯро мезадааст."

Шавҳар ва хонаводаи Мавлуда мавридҳои латту кӯб ва хушунат дидани ӯ дар ин хонаводаро беасос мехонанд.

Пофишории волидони Мавлуда барои бегуноҳии духтарашон дар ҳолест, ки Додситонии ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ҳам аллакай дар робита ба ин ҳодиса, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Парванда алайҳи Мавлуда

Кӯдаки якунимсолаи Нуралӣ Қурбоналиев дар бемористон аст
Кӯдаки якунимсолаи Нуралӣ Қурбоналиев дар бемористон аст

Як манбаъ аз ин ниҳод рӯзи 2-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо нисбат ба модари кӯдакон бо гумони "қасди куштори одам" ва заҳролудсозии фарзандонаш парванда оғоз кардааст ва ҳоло тафтишот идома дорад.

Манбаи Радиои Озодӣ ба хотири халал нарасондан ба тафтишот аз шарҳи бештари қазия худдорӣ кард. Танҳо афзуд, зан дар пурсишҳои нахустин гуфтааст, мехост, ҳамроҳ бо фарзандон худкушӣ кунад. "Баъзан одам асабҳояш хароб шуда, қасди худкушӣ мекунад. Ин зан ҳам гуфт, пеш аз худкушӣ мехост фарзандонашро ба қатл расонад, ки оянда онҳо азоб накашанд. Ҳодиса давра ба давра дар давоми моҳи май сурат гирифтааст", - афзуд ӯ.

Ҳоло ба иттилои мақомот, модари кӯдакон барои тифли ноболиғ доштан дар озодӣ қарор дорад. Зан дар хонаи падару модари худ ва 3 фарзанди ӯ ҳамроҳи падар ва аммаҳо ҳастанд.

"Боре ба аёдати фарзандонаш наомад"

Нуралӣ Қурбоналиев, падари кӯдакони заҳролудшуда, мегӯяд, ҳамсараш баъд аз ин ҳодиса боре ба аёдат ва ҳатто рӯи марги фарзандонаш наомад. Ин падар, ки баъди гӯручӯби фарзанди дувумаш бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, мехоҳад мақомот қазияро мунсифона таҳқиқ ва сабаби аслии ба ин кор даст задани ҳамсар ва модари шаш фарзандашро муайян ва муҷозот кунанд.

Парвандаи нав алайҳи зане бо гумони худкушӣ бо фарзандону хонавода дар ҳолест, ки худкушӣ ё қасди худкушӣ дар Тоҷикистон сол ба сол шеваҳои такондиҳандаро касб мекунад.

Дар чаҳор соли охир ҳафт ҳолати талоши худкушии занон аз роҳи ба дарё андохтан сабт шудааст. Дар ин ҳодисаҳо се зан ҳамроҳ бо ҳафт кӯдак ба ҳалокат расиданд. Дар ду ҳолати дигар занҳо наҷот ёфтааанд, вале шаш фарзанди онҳо ҳангоми ғарқ шудан ҳалок шудаанд. Аммо қасди худкушӣ бо роҳи заҳролудшавӣ зоҳиран шеваи нав аст.

XS
SM
MD
LG