Бархе аз сокинони Узбакистон мегӯянд, ки ҳарчанд дороии онҳо барои зиёрати Хонаи Худо кифоят мекунад, вале бар асоси феҳристи мақомот навбати онҳо барои ҳаҷҷи умра баъд аз се сол ва барои ҳаҷҷи фарзӣ пас аз 148 сол мерасад. Узбакистон ҳар сол каме бештар аз 5 ҳазор сокини худро бар асоси рӯйхат ба Саудӣ мефиристад, ки аз сӯи мақомоти маҳаллӣ тартиб дода шудааст.
Шоира Содиқбековаи 61-сола, сокини шаҳри Тошканд, маркази Узбакистон мегӯяд, аз соли 2013 боз дар навбати адои ҳаҷҷи умра истодааст. Мақомот ба Содиқбекова гуфтаанд, ки барои адои ҳаҷҷи фарзӣ бояд 148 сол дар навбат биистад ва ӯ маҷбур шудааст, худро дар рӯйхати довталабони ҳаҷҷи умра ворид кунад.
"Ба ман гуфтанд, ки кадом вақте навбататон расид, ҳамон вақт ба ҳаҷ меравед. Умед доштам, ақаллан имсол барои зиёрати ҳаҷҷи умра меравам, вале ин низ имконпазир нашуд," – гуфт ӯ.
Шоира Содиқбекова мегӯяд, ки ҳар довталаби ҳаҷҷи умра ва ҳаҷҷи фарзӣ дар Узбакистон бояд худро дар мақомоти маҳалли зисташон сабт карда ва навбат бигиранд. Ба қавли ӯ, аз ҳар маҳаллаи шаҳру навоҳии Узбакистон 1 ё 2 ва барои адои маносики ҳаҷҷи умра аз 4 то 7 нафар ҳаққи рафтан ба Саудиро доранду бас.
Ӯ дар идомаи ин суҳбаташ бо бахши узбакии Озодӣ аз вуҷуди фасоди молӣ дар ҷараёни сабтином ва гусели зоирон низ шикоят кардааст. Ӯ гуфтааст, "яке аз ҳамсояҳои ман дар навбати 60-уми ҳаҷҷи умра буд. Вале бар хилофи он ки ман дар навбати 25-ум ҳастам, соли гузашта ҳаҷҷашро ба ҷо овард ва гуфт, ки дар ҳалли мушкили ӯ яке аз наздиконаш ёрӣ додааст. Агар мо ҳам ришва медодем, имсол ҳаҷ мекардем. Вале ман мехоҳам, ки зиёратамро ҳақиқӣ ва бидуни фасод ба ҷой орам."
Ҳамасола аз 5 то 5.5 ҳазор сокини Узбакистон барои адои маносики ҳаҷҷи умра ва 5 ҳазор нафар барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Каъба мераванд. Коршиносони он кишвар мегӯянд, ки Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои кишварҳои мусалмонӣ барои як миллион нафар аҳолӣ 1000 ҷой ҷудо мекунад. Ба гуфтаи онҳо, Узбакистон бо 31 миллион аҳолияаш, ки 93 дарсади онҳо пайрави дини исломанд, бояд ҳар сол то 27-28 ҳазорро ба зиёрати Хонаи Худо фиристад.
Яке аз масъулони ниҳоди сабтином ва гусели зоирон дар Узбакистон гуфтааст, аммо ин кишвар тамоми квотаҳои барояш ҷудошударо истифода намекунад.
Ин танҳо Узбакистон нест, ки сокинонаш барои адои ҳаҷҷи фарзӣ дар навбати тӯлонӣ истодаанд. Мақомоти Тоҷикистон низ дар моҳи январи соли ҷорӣ сафари то чилсолаҳоро барои зиёрати Хонаи Худо расман манъ карда ва далелашро ҳам роҳ кушодан ба сафари онҳое номиданд, ки синнашон ба ҷое расида, солҳо боз орзуи зёирати каъбаро дар дил доштанд.
Ин навоварӣ норизоиятии бархе аз шаҳрвандонро ба бор овард, ки гуфтанд, чунин қарор имкониятҳои зоирони ҷавонро маҳдуд мекунад, дар ҳоле ки бисёри онҳо ба хотири ёрӣ ба волидону азизони барҷомондаашон ба ҳаҷ мераванд.
Сафари Ҳаҷ ба ҳар мусулмон фарз шудааст. Тоҷикистон ба далели афзоиши шумори хоҳишмандони сафари Ҳаҷ чанд сол боз талош дорад, то квотаи ин кишварро ба камияш ба 8 ҳазор нафар дар сол бирасонад. Вале мақомоти Арабистони Саудӣ ба далели зарурати анҷоми корҳои бозсозӣ дар Маккаву Мадина, аз ҷумла бозсозии атрофи масҷиди Ҳарамайни Шарифайн, аз боло бурдани квотаи кишварҳо, бо шумули Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.