Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мураббии тоҷиктабор дар Маскав бо гумони омодагӣ ба амали террористӣ


Акси Алишер Исматзода аз вебсайти расмии шаҳрдории Маскав гирифта шудааст
Акси Алишер Исматзода аз вебсайти расмии шаҳрдории Маскав гирифта шудааст

Рӯзи 3 июл додгоҳи ноҳияи Шербинскии шаҳри Маскав дар робита бо боздошти Алишери Исматзода, муррабии риштаи гӯштии озод ва як зодаи Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Ҳоло ӯ дар боздошти пешакӣ аст.

Парвандаи ӯро муфаттишони Кумитаи тафтишоти Русия пеш мебаранд.

Матбуоти русӣ бо такя ба иттилои расмии додгоҳ рӯзи 1 июл навишт, ки Исматзодаро бо гумони нақзи моддаи 205.1, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия боздошт кардаанд. Ин модда “барои ҷалби дигарон ба омодагӣ ваё иҷрои ҷиноятҳои террористӣ” ном дорад ва то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҷузъиёти вобаста ба аъмоли эҳтимолие, ки ба Исматзода нисбат дода мешавад, маълум нест ва ҳам назари худи Исматзода ё вакили дифояш ба ин иттиҳоми пешакӣ ҳам нашр намешавад.

Исматзода 32 сол дошта, дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2015 Донишгоҳи давлатии варзиш ва туризми Русияро хатм карда, устоди варзиши Русия оид ба гӯштии озод, номзад ба устоди варзиш аз рӯи гӯштии юнонию румӣ мебошад. Ӯ муррабии мунтахаби ҷавонони Русия оид ба гӯштии озод аст.

Исми пурраи ӯ Алишери Исматзода Камолиддин аст ва дар саҳифаи Инстаграмаш аксҳои зиёде аз ҷараёни мусобиқаҳои варзишӣ ваё ҷоизагирии варзишгарони ҷавон дида мешавад.

Охирин матлаби нашршуда дар ин саҳифа аз моҳи январ аст.

Боздошти Исматзодаро мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз шарҳ надодаанд ва маълум нест то куҷо ӯ дар мактабҳои варзишии Тоҷикистон таҳсил кардааст ё на.

Бино ба иттилои матбуоти русӣ, Исматзода муддате дар мақоми муррабии калони мунтахаби Маскав оид ба гӯштии озод кор карда, баъдан мураббии калони мунтахаби Русия оид ба гӯштии озод дар миёни занон буд.

РБК навишт, Федератсияи гӯштии озоди Русия хабари боздошт шудани мураббиро тасдиқ кард. “Барои худи мо ҳам ин хабар такондиҳанда буд, вале мутаассифона, ин хабар рост аст”, гуфтаанд дар ин федератсия.

Ба навиштаи “Азия Плюс” Алишери Исматзода вақтҳои охир ба ҳайси мураббӣ дар омӯзишгоҳи вижаи шаҳри Маскав оид ба захираҳои олимпии №1 ҳам кор мекард.

XS
SM
MD
LG