Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар маросими хоксупории Амир Ҳабибуллоҳхон. АКС


Бар асари тирандозӣ ҳангоми интиқоли ҷасади Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ва ёронаш дар минтақаи Шаҳророи Кобул чор нафар захмӣ шудаанд.

Намози ҷанозаи Ҳабибуллоҳони Калаконӣ ва ёронаш баъди 86 сол, рӯзи 1-уми сентябр бо ҳузури шуморе аз мақомоти давлатии Афғонистон, вакилони порлумон ва теъдоди зиёде аз мардум дар масҷиди Идгоҳи Кобул баргузор шуд.

Мухолифати Дӯстум

Хабарнигори бахши дарии Радиои Озодӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ мегӯяд, ки афроди мусаллаҳи вобаста ба Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон, ба сӯи иштирокдорони маросими хоксупорӣ дар теппаи Шаҳроро тир холӣ кардаанд. Дӯстум бо дафни Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ дар мавзеи Шаҳроро мухолифат нишон дода ва иддао кардааст, ки ин минтақа мероси гузаштагони узбакҳо мебошад.

Ӯ гуфта буд, Тоҷикистонро аз дасти русҳо озод мекунад. Аз ин Шӯравӣ хавф бурд ва бо Бритониё ба мувофиқа расиданд, ки набояд Ҳабибуллоҳхон сари қудрат бошад. Холмуҳаммад Сафарзода

Ба қавли манбаъ, Комиссияи бахоксупории ҷасади Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ ва ёронаш аввал тавофуқ кардаанд, ки ҷасадҳо ба ивази теппаи Шаҳроро дар Кулӯлапушта дафн шаванд, аммо шуморе аз иштироккунандагони маросим ба ин тасмим мухолифат намуда, тобутҳоро дубора ба тарафи теппаи Шаҳроро бурдаанд.

Абдурашид Дӯстум
Абдурашид Дӯстум

Инқилобгар ё роҳзан?

Мирзо Шукурзода, пажӯҳишгари зиндагии Ҳабибуллоҳхон ва муаллифи китоби "Хамосаи родмардони Хуросон", баргузории намози ҷанозаи ин шоҳи собиқи Афғонистонро паёме ба ояндагон донист, ки "қаҳрамон фаромӯш намешавад". Шукурзода мегӯяд, "баъзе таърихнигорон аз Ҳабибуллоҳхон дузду роҳзан ном бурдаанд, вале таҳқиқи чандсолаи ман собит сохт, ки ин ҳарфҳо асос надоранд. Вай як инқилобгар буд ва бо роҳи як инқилоби мардумӣ сари қудрат омад. Аммо давоми 9 моҳи ҳукуматаш як рӯз ӯро нагузоштанд, ки бе ҷанг ҳукумат кунад. Китобе, ки таълиф намудам, бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Афғонистон паҳн шуд."

Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ, ки аз ӯ Бачаи Саққо низ ном мебаранд, аз нахустин тоҷиконе будааст, ки моҳи январи соли 1929 ба тахти шоҳӣ дар Афғонистон нишаста, аммо баъди нуҳ моҳ якҷоя бо 16 тан аз ёронаш аз тарафи Нодиршоҳ ба дор овехта шудааст. Ҷумъахон Алимӣ, донишманди тоҷик, мегӯяд, “Нодиршоҳ баъди гирифтани ҳукумат иҷоза надода буд, Ҳабибуллоҳхон ва ёрони ӯ бо анъанаҳои мусулмонӣ гур карда шаванд. Дар ин 86 сол низ аз тарси иғвои қавмӣ касе ҷуръати гӯрондани ӯро намекард."

Акси Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ
Акси Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ

Изҳороти Ҳабибуллоҳхон зидди Шӯравӣ

Бино ба манобеи таърихӣ, Амир Ҳабибуллоҳхон шоҳи пешини Афғонистон Амонуллоҳхонро маҷбур сохта буд, аз тахти шоҳӣ даст кашад ва бо фатвои уламои саршинос шоҳи Афғонистон эълон гардида буд. Вай баъди ба сари ҳукумат омадан дар як изҳороташ гуфтааст, ки акнун барои озод кардани аморати Бухоро аз дасти Русия талош хоҳад кард.

Ин ҳарфи ӯ дар ҳоле садо дод, ки 8 сол аз сарнагунии Аморати Бухоро сипарӣ шуда буд ва дар ҷои он асосан кишварҳои алоҳидаи Шӯравӣ, мисли Тоҷикистону Узбакистон таъсис ёфта буд. Ҷумъахон Алимӣ мегӯяд, ки “изҳороти зиддишӯравӣ ва фармонбардори Бритониё нашудан, ба истилоҳ, сари Амир Ҳабибуллоҳхонро хӯрд”.

Холмуҳаммад Сафарзода, таърихшиноси дигари тоҷик низ мегӯяд, Шӯравӣ замоне тасмими барканории Амир Ҳабибуллоҳхонро кард, ки ба истилоҳ босмачиёни Тоҷикистон бо ӯ робита барқарор карданд. Ӯ гуфт, “афроде, ки муқобили сохти Шӯравӣ дар Тоҷикистон мубориза мебурданд ва солҳои охир каме ноумед шуда буданд, баробари ба сари қудрат омадани Амир Ҳабибуллоҳхон умедашон бештар шуд. Онҳо дар шахси Иброҳимбек паёми ҳамкорӣ фиристоданд ва инро Калаконӣ низ қабул дошт. Изҳороташ дар мавриди озод кардани Бухоро низ дар пайи ҳамин даъватҳо буд. Ӯ гуфта буд, Тоҷикистонро аз дасти русҳо озод мекунам. Аз ин Шӯравӣ хавф бурд ва бо Бритониё ба мувофиқа расиданд, ки набояд ин сари қудрат бошад.”

Дар маҷмӯъ донишмандони тоҷик аз қасди дубора ба хок супурдани Амир Ҳабибуллоҳхон истиқбол гирифта ва онро расидани ҳақ ба ҳақдор медонанд. Вале ба назар мерасад, бо гузашти 86 сол масъалаи Амир Ҳабибуллоҳхон дар Афғонистон ҳалношуда боқӣ мондааст ва ҳанӯз тобути ӯву 16 ҳамроҳаш дар теппаҳои Кобул барои худ ҷой меҷӯянд.

XS
SM
MD
LG