Додситонии кулли Узбакистон гуфт, ки Гулнора Каримова – духтари бузурги раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов – бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 21-уми августи соли 2015 дар боздошт буда, озодиаш барои панҷ сол “маҳдуд шудааст”.
Соли гузашта Вазорати адлияи Амрико Гулнора Каримова ва шариконашро ба додгоҳи Манҳеттени Ню-Йорк кашид
Додситонии кулл дар як баёния рӯзи 28-уми июл гуфт, Каримова баъди он ба ҳабс гирифта шуд, ки додгоҳ ӯ ва шариконашро ба чанд моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла фирор аз пардохти молиёт ё андоз айбдор кард. Додситонӣ гуфтааст, духтари президенти собиқи Узбакистон дар рӯбарӯи иттиҳомоти нав аст, чун ҳанӯз тафтиши қазияҳои марбут ба ӯ ҷараён дорад.
Бар асоси баёния, Гулнора Каримова ба қаллобӣ, нақзи қонунгузории гумрукӣ, пинҳон кардани асъори хориҷӣ, нақзи қоидаҳои тиҷорат, сохтакории аснод ва қонунигардонии даромадҳо аз роҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад, ки дар маҷмӯъ ба беш аз 1 триллион суми узбаки, 1 миллиарду 651,8 миллион доллари амрикоӣ ва 26,1 миллион евро баробар аст.
Додситонии кулли Узбакистон мегӯяд, ки ин айбномаҳо дар асоси ҳуҷҷат, шоҳидии шарикони боздоштшудаи Гулнора Каримова, сухани ҷабрдидаҳо ва тафтиши баъзе ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳои офшорӣ таҳия шудааст. Мақомоти тафтишотии Узбакистон гуфтанд, дар ҳудуди 12 кишвари хориҷӣ низ дороӣ ва моликияти Гулнора Каримова ва аъзои гурӯҳи ӯ ба миқдори миллионҳо доллар кашф шудааст. Онҳо аз ин кишварҳо талаб кардаанд, то ин ҳама дороиҳоро “боздошт кунанд”.
Аз ҷумла, бино ба қавли тафтишот, Гулнора ва шариконаш дар Швестсария ба ҳисоби беш аз 770 миллион доллар ва як вилла, дар Шветсия 30 миллион доллар, дар Фаронса кушки “Шато де Грусси”, дар Латвия беш аз 16 миллион доллар... ва дар Русия беш аз 8 миллион доллар пулу хона доштаанд. Зоҳиран ҳамин муомилоти пурасрори молии Гулнора Каримова дар хориҷи кишвар, ки дар замони зинда будани падараш боис ба сарусадои зиёд шуда буд, боис ба суқути ӯ гардид. Номи Гулнора бо чанд ширкати ҷаҳонӣ низ тавъам аст, ки барои додани ришва барои фаъолият дар Узбакистон айбдор шудаанд.
Соли гузашта Вазорати адлияи Амрико Гулнора Каримова ва шариконашро ба додгоҳи Манҳеттени Ню-Йорк кашид ва онҳоро дар иҷро накардани тақозои он кишвар дар мавриди пардохти маблағ аз ҳисоби 550-миллиондоллариаш дар бонки Швейтсария муттаҳам кард. Ба қавли додситонҳое, ки бо даъво ба додгоҳи федоролии Манҳеттен муроҷиат кардаанд, Гулнора Каримова ва шариконаш моҳи феврали соли гузашта ба аризаҳои шикоятӣ дар мавриди се ҳисоби бонкӣ посух надодаанд.
Вазорати адлияи Амрико ба ғайр аз Гулнора Каримова 6 нафари дигар ва ду ширкат, аз ҷумла ширкати дар Гибралтар сабтиномшудаи Takilant Ltd-ро ба додгоҳ кашидааст. Ин вазорат ба "мансубияти ширкати Takilant ба пайвандони раиси ҷумҳури инак собиқи Узбакистон" ишора кардааст.
Аз ин пеш, дар соли 2012 ҷанҷоли фасод дар атрофи чӣ гуна ба бозори мухобироти Узбакистон роҳ ёфтани “VimpelCom“, ширкати русии МТС ва ширкати финниву шведии “TeliaSonera” рӯ зада буд. Мақомоти тафтишотии Амрикову Аврупо барои он ба таҳқиқи фаъолиятҳои ин ду ширкат шурӯъ карданд, ки раҳбарони онҳоро ба пардохти дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар “пора” ба Гулнора Каримова, духтари калонии раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон Ислом Каримов гумонбар карданд. TeliaSonera дар Узбакистон бренди "Ucell"-ро мечархонд.
Гулнора Каримоваи 45-сола дар соли 2014, пас аз ҳамлаҳои лафзӣ бо мақомоти баландпояи давлати Узбакистон ва баъдан нисбат ба модару хоҳараш аз саҳна ғайб зад. Дар ин муддат чандин бор дар бораи гӯё дар ҳабси хонагӣ ё дар бемористони каслаиҳои рӯҳӣ будани ӯ хабар нашр шуд. Гулнора моҳи сентябри соли гузашта дар марсоими видоъ бо прадараш Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, ки дар 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт, низ ҳузур надошт.
Дар ин муддат бори аввал аст, ки Додситонии кулли Узбакистон расман ҳабси Гулнора Каримоваро тасдиқ кард ва ҷузъиёти парвандаҳои марбут ба ӯро ошкор намуд. Гулнора Каримова – духтари президенти собиқи Узбакистон, дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил карда, дар арсаи ҳунар бо номи Гугуша низ маъруф буд. Ӯ ба ҳайси сафири Узбакистон дар Испания ва дар идораҳои Созмони Милал дар Женева ҳам кор кардааст.