Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯршавии замин дарди сари нав барои деҳқонон дар Хатлон шудааст


Шӯршавии замин - дарди сари нав барои деҳқонон дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Шӯршавии замин дарди сари нав барои деҳқонон дар вилояти Хатлон шудааст. Кишоварзон мегӯянд, мақомот барои тоза кардани заҳбурҳо кӯмак намекунанд ва худи онҳо низ барои ин кор пул надоранд.

Қурбон Сафаров, кишоварзи 72-сола, аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз сарнавишти заминҳояш, ки шӯршавӣ ба онҳо таҳдид мекунад, нигарон аст. Пок накардани заҳбурҳо, ки обро ба ҷойи дигар мебаранд, намнокиро дар киштзорҳо зиёд кардааст. Азбаски минералу намаки зиёд аз он ҷамъ шудааст, ҳосили замину даромадашон коҳиш ёфтааст.

Ин кишоварзӣ хатлонӣ мегӯяд, "агар заҳбурҳо бикананд, оби зеризаминӣ якуним метр паст ва шӯрнокияш паст мешавад. Вақте шӯрнокиаш паст шуд, ҳосили зироат хуб мешавад. Аммо ду сол боз заҳбурҳоро тоза намекунанд ва онҳо пур шудаанд".

Шӯршавии заминҳо фақат як мушкили кишоварзони водии Вахш аст, ки муҳтоҷи кӯмаку дастгирианд. Қисми зиёди дигар техникаи кишоварзии кофӣ надоранд ва наметавонанд, саривақт кишт кунанду ҳосил бигиранд.

Дар Тоҷикистон хоҷагиҳои кишоварзӣ мустақиланд ва давлат ба онҳо кумаке намекунад. На имтиёзи дурусте доранд ва на имконоте, ки корашонро хуб пеш баранд. Юнусалӣ Азимов, роҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар Бохтар аст. Мегӯяд, ҳадди аққал қарзи боимтиёзе мебуд, худашон сариштаи корашонро пайдо мекарданд.

"Агар бонкҳо бо фоизи паст пул диҳанд, ҳавасмандӣ зиёд мешавад. Дору гарон шудааст, пору бошад гарон аст. Хуб мешуд барои кишоварзон имтиёз дода шавад. Кори мо аз боду ҳаво вобаста аст",- мегӯяд Юнусалӣ Азимов.

Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон аст ва маҳсулоти зиёде аз қабили пиёзу тарбузу пахта аз онҷо меояд.

Ин вилоят ҳазорон хоҷагии кишоварзӣ дорад ва аксарият ҳам бо мушкилоти фаровон даст ба гиребонанду муҳтоҷи кумаки давлат шудаанд. Кумаке, ки мерасад, ё не, маълум нест.

XS
SM
MD
LG