Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди "Ҷумҳурият" аз Кабирӣ ду ҳафта пас аз ситоиш аз ӯ


Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар матлабе бо номи “ҲНИТ мавқеашро иваз нахоҳад кард”, мавзеъгирии ин ҳизби сиёсӣ дар робита ба эътирози “Гурӯҳи 24”-ро мавриди интиқод қарор додааст.

“Ҷумҳурият”-- нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 25 октябр дар матлабе таҳти унвони “ҲНИТ мавқеашро иваз нахоҳад кард” ба ин ҳизби сиёсӣ тохта ва аз мавзеъгирии он дар баробари эътирози “Гурӯҳи 24”, ки қарор буд, рӯзи 10 октябр баргузор шавад, ба шиддат интиқод кардааст.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи ғайринавбатии худ, ки 8-уми октябр баргузор гардида буд, бо паёме дар робита ба даъватҳои тазоҳурот дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Эътилофи сиёсии "Тоҷикистони нав" садо доданд, аз созмондиҳандагони ин гирдаҳамоиро даъват карда буд, ки аз тасмими худ даст кашида, бо расонаӣ кардани он пеши роҳи ҳамагуна бесуботӣ ва нооромиро бигиранд.

Дертар, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, рӯзи 17 октябр дар мулоқот бо ҷавонон аз мақомот хост, пайи ислоҳи рафтору иқдоми худ бошанду баргузор нашудани митинги 10 октябрро дур шудани “бало” аз сари худ надонанд. Раиси ҲНИТ дар вохӯрии рӯзи 17 октябраш бо ҷавонони кишвар гуфта буд, "паёми мо ба мақомоти давлатӣ ва ҳамватанонамон дар ҳукумат ин аст: Агар ин дафъа ба ҳар далеле митинг баргузор нашуд, ин маънои онро надорад, ки мақомот билохира ин мушкилотро ба фаромушӣ бисупоред ва то омадани мушкили дигар боз ҳамон сиёсатҳои худро идома бидиҳед."

Муаллифи ин мақола Ҳафиз Холиқзода, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар оғози ин навишта бо ишора ба суханони болои Муҳиддин Кабирӣ “мавзеъивазкунӣ”-и раҳбари ҲНИТ-ро зери суол бурдааст. Муаллиф мепурсад, ки сару садоҳо дар мавриди тазоҳуроти "Гурӯҳи 24" аз моҳҳо қабл паҳн шуда буд, вале чаро Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамагӣ як рӯз пеш пеш аз рӯзи таъиншудаи ин тазоҳуроти баргузорнашуда ба нашр расид:

"Масъала ин аст, ки онҳо интизор доштанд, қиёмат қоим мешавад ва онҳо метавонанд ба наҳзати худ расанд. Онҳо медонистанд, ки саркардагони “Гурӯҳи 24” низ исломгаро ҳастанд ва ба пешвоёни динии мамлакат на фақат ҳусни таваҷҷуҳ доранд, балки мехоҳанд онҳоро дар садри кишвар нишонанд. Итминон дорам, ки онҳо дар пушти компютерҳои худ суҳбати яксоата ва дигар гуфтугӯҳои кӯтоҳу дарози Қувватовро дар “Зеллои нав” гӯш медоданд ва шунида буданд, ки Қувватов даъво дошт президент мешавад ва як “комиссияе аз шахсиятҳои пок, чун Эшони Нуриддинҷон...”- ро дар садри худ мешинонад. Мешуниданд, ки ӯ ба ҷони худ қасам мехӯрд, ки ба ин комиссия хиёнат нахоҳад кард. Бовар дорам, Кабирӣ ва дигар аъзои раёсати ҲНИТ дар пардаи “Ютюб” дидаанд, ки Умаралӣ Қувватов дар ҳалқаи тасаввуфӣ дар Афғонистон пазируфта шуда буд. Бешак, Кабирӣ ва дигар наҳзатиён медонанд, ки Қувватов худ як исломӣ аст.”

Муаллифи “Ҷумҳурият” тағйири мавқеи ҲНИТ-ро ба он рабт медиҳанд, ки чун наҳзатиён дарк карданд, баргузоршавии эътирозҳои мардум ғайриимкон аст ва мардум ба ҷанг омода нест, мавқеи худро “дар як шаб” иваз карданд ва гӯё бар зидди Қувватов ва "Гурӯҳи 24" баромаданд.

Рӯзномаи "Ҷумҳурият", ки ҳудуди ду ҳафта қабл аз Муҳиддин Кабирӣ ситоиш намуда ва мушкилоти мавҷударо ба "ҳайитчиёни наҳзат" марбут медонист, ин дафъа ба ҲНИТ ва раҳбари он тохта ва мегӯяд, "дар асл на Кабирӣ ислоҳ мешавад ва на Ҳайит. Онҳо яктан ҳастанд, чунки ба мавқеи идеологии худ бовар доранд. Мавқеи идеологии онҳо сохтмони давлати исломӣ ҳаст, ки муносибатҳои онро ногузир шариат танзим мекунад."

"Ҷумҳурият" бо ишора ба мулоқоти Кабирӣ бо ҷавонон мегӯяд, ки раҳбари ҲНИТ хостааст аз итизориҳое, ки дар атрофи "Гурӯҳи 24" ҷамъ шуда буданд, ба фоидаи худу ҳизбаш истифода барад ва бо ин роҳ ба ҷавонон паём додааст, ки дар интихоботи парлумонӣ ба ҲНИТ раъй бидиҳанд.

Ба гуфтаи муаллиф, "бо ин Кабирӣ ҳамсангари деринаи худ – “Гурӯҳи 24”-ро ба чоҳ тела дод, то ки ташаббусро ба дасти худ гирад. Ин масхарабозиро ҲНИТ соли 1991 нисбат ба Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳаракати мардумии “Растохез” анҷом дода буд. Гузашта аз ин, ин бозии сиёҳ ва хатарноке аст, ки дар таърихи 14-асра пешвоёни динӣ нисбат ба ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ мекарданд."

Дар ин навишта Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИТ интиқод шудааст, ки аз аргументҳое истифода мебарад, ки "Гурӯҳи" 24 айнан аз он кор мегирад. Ба назари муаллиф, қазияи муҳоҷирон ва мушкилоти онҳо аз меҳваритарин масоиле ҳастанд, ки ҲНИТ чун "Гурӯҳи 24" ба онҳо доман мезанад ва аз он моҳирона истифода мебарад, то ки тарафдории садҳо ҳазор муҳоҷири кориро ба даст орад.

Муаллиф дар поёни ин навишта аз ҳукумат хостаст, ки "ба ҷои умедворӣ доштан аз ҳамкорӣ бо ҲНИТ мушкилоти мавҷудаи муҳоҷирати корӣ, бекорӣ ва бесаводии ҷавонон ва монанди инҳоро ҳал кунад. Ин ягона роҳи муассири мубориза бо ифротгароии динӣ мебошад."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 40 ҳазор аъзо дорад ва яке аз ҷонибҳои сулҳи тоҷикон дар соли 1997 маҳсуб мешавад. Дар авоили соли 2012 сомонаи "Звезда.ру"-и Русия дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст. Мақомот ин матлабро бӯҳтон номиданд. Вале ба дунбол таъқиби ҷонибдорону аъзоёни ҲНИТ афзоиш ёфт ва дар бархе аз манотиқ дафтарҳои онҳоро бастанд. Гузашта аз ин дар шабакҳои телевизиони давлатӣ наворҳои зиёдеро пахш карда ва аксари бадкирдориҳоро ба аъзоёни ин ҳизб рабт доданд. Дар расонаҳои давлатӣ ҳамвора матлбаҳои "анти-наҳзатӣ" ба нашр мерасанд.

XS
SM
MD
LG