Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 соли табаддулоти ГКЧП. АКС


25 сол пеш дар ин шабу рӯз гурӯҳе аз сарони ҳизбӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ даст ба табаддулоти давлатӣ заданд. Онҳо таҳти сарварии ноиб-президенти СССР Геннадий Янаев ба ҳабси хонагии президенти ин кишвар Михаил Горбачёв дар осоишгоҳи Фороси Қрим дастур доданд ва хостанд, ки зимоми давлатдориро ба дасти худ гиранд.

Аммо мухолифати шадиди демократ ва ислоҳталабони Русия бо сарварии раиси вақти Шӯрои Олии Русия Борис Елтсин ва сарпечии нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ аз саркӯб кардани норозиён табаддулоти ГКЧП (Государственная Комиссия Черезвичайного Положения) дар давоми се рӯз табаддулотро ба шикаст рӯбарӯ кард.

Ин се рӯз барои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки зимни сиёсатҳои бозсозӣ ва ошкорбаёнии горбачёвӣ бо авҷи рақобат миёни нерӯҳои коммунистӣ ва ҷунбишҳои навпои мардумӣ мувоҷеҳ буданд, рӯзҳои ҳассосе буд, ки сангарнишинони ду ҷонибро рӯшан кард.

Баъд аз нокомии ГКЧП шикасти Шӯравӣ суръат гирифт ва ҳамаи 15 ҷумҳуриаш пайиҳам эъломияҳои истиқлолияти худро қабул карда, барои узвият ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат карданд. Баъди аз ҳайати Шӯравӣ хориҷ шудани се ҷумҳурии славянӣ – Русия, Украина ва Беларус – президенти СССР Михаил Горбачёв рӯзи 25 декабри соли 1991 истеъфои худ аз ин мақом ва дигар ҳамчун кишвар аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравиро эълон кард.

Дар ин аксҳо ҳолу ҳавои он рӯзҳоро бибинед:

XS
SM
MD
LG