Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Қаҳҳор Маҳкамов: Ӯ аз бемории саратон ранҷ мекашид (ВИДЕО)


Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустин ва узви доимии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, баъд аз зуҳри 9 июн ва пас аз адои намози ҷанозааш дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб, дар оромгоҳи "Сари Осиё" ба хок супурда шуд. Қабри ӯ, бар асоси васияташ, дар паҳлӯи қабри ҳамсараш ҷо гирифтааст.

Дар маросими видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов дар масҷиди марказии Душанбе бисёре аз мақомдорони тоҷик, аз ҷумла нахуствазир Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Оҷонсии зиддифасод Рустами Эмомалӣ ва дигарон омада буданд. Аммо ҳеч кадом аз ин мақомдорон суҳбат накарда, намози ҷаноза бо имоматии Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон хонда шуд.

Намози ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов дар масҷиди марказии Душанбе
Намози ҷанозаи Қаҳҳор Маҳкамов дар масҷиди марказии Душанбе

Абдурашид Маҳкамов, бародари Қаҳҳор Маҳкамов дар суҳбати алоҳида бо Озодӣ гуфт, ки раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон аз бемории саратон ранҷ мебурд ва рӯзҳои охир бо хоҳиши худаш ӯро аз бемористон ба хона оварда буданд.

"Вақтҳои охир аз роҳ гаштан монда буданд. Гурдаҳояшон кор намекард. Ба ман дар бисёр масъала суҳбат карда ва аз ҷумла гуфтанд, ки баъди маргашон митинг ё ҷамъомад накунем ва дар қабристони “Сари Осиё” дар канори ҳамсарашон ба хок супорем,” – афзуд ӯ. Абдурашид Маҳкамов мегӯяд, онҳо дар оила шаш бародарон буданд ва "Қаҳҳор Маҳкамов дар баробари кори бисёри давлатӣ бо наздикон ҳамеша дар тамос буда, муносибати хуб доштанд".

Вақти истеъфо додан гуфтанд, ки мераваму пушаймон мешавед.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Абдуллоҷон Аҳмадов, вазири собиқи об ва раиси собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, низ гуфт, дар давраи кори Қаҳҳор Маҳкамов дар Госплан ва баъдан раёсати ҷумҳурӣ даҳҳо иншооту корхонаҳои муҳим сохта шудааст. Ӯ аз ҷумла гуфт, "бо кӯшиши Қаҳҳор Маҳкамов корхонаи алюминиюми тоҷик, туннели Данғара, ки зиёда аз 14 километр дарозӣ дошт, сохта шуданд. Ҳарчанд хоксор буданд, аммо хеле сахтгир буданд. Барои обрӯи Тоҷикистон талош ба харҷ медоданд."

Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон
Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон

Ваҳҳоб Воҳидов, вазири собқи кишоварзии Тоҷикистон аз Қаҳҳор Маҳкамов ба унвони "роҳбари воқеӣ" ном бурд ва гуфт, ки ӯ барои сохтмони корхонаи кимиёвии Ёвон ва нерӯгоҳи Норак санад омода карда, барои иҷрои сохтмони онҳо пешниҳодҳояшро ироа карда буд. "Вале дар солҳои 90-ум қувваҳое пайдо шуданд, ки зидди Қаҳҳор Маҳкамов садо баланд карданд. Дар он вақт 80 фоизи мардуми мансабдор коммунист буданд ва коммунистҳо низ зидди Маҳкамов овоз доданд," - гуфт ӯ.

Ваҳҳоб Воҳидов дар идома аз лаҳзаҳои истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов ёдоварӣ кард ва гуфт: "Он вақт дар Кумитаи марказӣ кор мекардам ва Маҳкамов омода гуфтанд, ки истеъфо медиҳанд. Вале мо исрор кардем, ки Шумо як инсони кордон, роҳбари ботаҷриба чаро бояд ба истеъфо равед? Маҳкамов дар посух гуфтанд, ки агар истеъфои ман ба фоидаи ободию тараққии Тоҷикистон бошад меравам. Дар вақти истеъфо додан гуфтанд, ки ман мераваму лекин пушаймон мешавед. Дар ҳақиқат, баъди истеъфои эшон нотинҷиҳо, ҷангу кушторҳо шуд."

Дар Акс: Бӯрӣ Каримов (рост) ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода
Дар Акс: Бӯрӣ Каримов (рост) ҳамроҳ бо Абдунабӣ Сатторзода

Бӯрӣ Каримов (Бӯрӣ Бачабеки Карим), раиси Госплани Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ, мегӯяд, ки дар рӯзи марги ҳар инсон сухани носазо гуфтан хуб нест, аммо “Қаҳҳор Маҳкамов ҳамчун сиёсатмадор қатъӣ набуд." Ба бовари ӯ, Маҳкамов аз майдоннишиниҳо, ки кишварро оқибат ба хуну оташ кашид, натавонист ҷилавгирӣ бикунад.

"Азбаски инсони хоксор буд, зуд аз паёмади ин нооромиҳо огоҳ нашуд. Вақте Маскав дар бораи вазъи Тоҷикистон мепурсид, ба таври қатъи вазъро шарҳ намедод ва барои ҳалли он супориши ҷиддӣ намедод. Кор ба ҷое кашид, ки аз Маскав гуруҳи “Алфа” омад ва кор ба тиркушоӣ анҷомид,” – афзуд ӯ. Бӯрӣ Каримов гуфт, ҳоло фақат мехоҳад, барои зинда нигоҳ доштани хотираи президенти нахустини Тоҷикистон номи ягон хиёбон ва ё шаҳру ноҳияе ба номи ӯ гузошта шавад.

Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, шоми 8 июн дар синни 84 даргузашт. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шахсан ба хонаи Маҳкамов рафта, ба наздиконаш изҳори талият гуфтааст. Ӯ гуфтааст, "Қаҳҳор Маҳкамов дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст."

Қаҳҳор Маҳкамов соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, фаъолияти кориашро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти Шӯроб шурӯъ кардааст. Аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд. Баъди барканории Раҳмон Набиев аз мақоми котиби аввали кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақти коммунист ба ин симат таъин шуд. Соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва дар поёни ҳамон сол дар порлумон нахустин президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Дӯстону наздикон ва мақомоти расмӣ ба маросими видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов омаданд
Дӯстону наздикон ва мақомоти расмӣ ба маросими видоъ бо Қаҳҳор Маҳкамов омаданд

Рӯзи 28 августи соли 1991, баъди суқути табаддуллоти давлатие, ки бо номи ГКЧП маъруф аст, Қаҳҳор Маҳкамов низ таҳти фишори эътирозгароне ки дар майдони марказии Душанбе барои 3 рӯз хайма заданд, истеъфо дод. Дар моҳи ноябри ҳамон сол Раҳмон Набиев президенти Тоҷикистон интихоб шуд, вале ӯ ҳам дар тирамоҳи соли 1992 истеъфо дод ва бо ҳамин даврони раҳбарии ба истилоҳ, «сулолаи Хуҷанд» бар Тоҷикистон, ки аз солҳои 40 қариб ним аср давом кард, ба поён расид.

Қаҳҳор Маҳкамов баъди истеъфояш аз ҳаёти сиёсӣ канор рафт ва аз сӯҳбат бо матбуот низ дурӣ меҷуст. Аз соли 1999 ба унвони раисиҷумҳури собиқ узви умрбоди Маҷлиси миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Ҳамсараш Гавҳар 4 сол пеш фавтид, аз ӯ ду писару як духтар боқӣ мондааст. Ва ҳарсе ҳангоми марги падар дар сари болини ӯ будаанд.

Мероси сиёсии Қаҳҳор Маҳкамовро дар мақоми президенти Тоҷикистон зидду нақиз арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоле ки ҳамсангарони зиёдаш аз ӯ ба унвони як инсони донишманд ва рӯшанфикру бомулоҳиза ёд мекунанд, мунаққидонаш ӯро дар беиродагии сиёсӣ, заифӣ дар баробари чолишҳои даврони нав, шурӯи хушунатҳои солҳои 1990-уми Тоҷикистон ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG