Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар маъракаҳо мехӯрем." Гелос 50, шафтолу 40 сомонӣ... дар Тоҷикистон


"Дар маърака гелос мехӯрем, дар бозор гарон аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Сарфи назар аз фаро расидани гармӣ дар Тоҷикистон, сокинон аз гаронии нархи мева шикоят доранд.

Бархе мегӯянд, аксари меваҳое, ки дар Тоҷикистон мепазанд, аз ҷумла гелосу шафтолу ва зардолу барои мардум дастнорас ҳастанд. Мақомот вазъро муваққатӣ гуфтанд. Тоҷикистон як давлати кишоварзист ва мақомот пайваста аз содироти мева ба хориҷа ситоиш мекунанд.

Азим аз ноҳияи Данғара ба Душанбе омадааст. Нархи мева ин мардро асабӣ кардааст, чун ба гуфтаи худаш қудрати хариди бештари меваҳоро надорад. “Як тарбуз 40-50 сомонӣ, як ҳандалак 20 сомонӣ. Мардум аз куҷо пул меёбад?” – пурсид ин мард.

Мушоҳидаи мо дар бозорҳои “Деҳқон” ва “Саховат”, ду макони асосии харидуфурӯши мева дар Душанбе нишон дод, ки шикоятҳо аз гаронии мева кам нест. Ҳарчанд мавсими пухтани меваҳо ҳанӯз моҳи май фаро расидааст, рӯзи 19-уми июн як кило шафтолу аз 30 то 40 сомонӣ (2.7-3.7 доллар), гелос то 50 сомонӣ (4.6 доллар) ва зиёдтар, зардолу то 15 сомонӣ (1.3 доллар) аст. Маоши миёна дар Тоҷикистон феълан каме бештар аз 2 ҳазор сомонӣ (186 доллар) мебошад.

Оимҷон Саидова роҳрӯб аст ва ба гуфтаи худаш 1200 сомонӣ (111 доллар) маош ва 360 сомонӣ (33 доллар) нафақа мегирад. Ин сокини Душанбе мегӯяд, нархи мева назар ба соли гузашта гаронтар аст. “Соли гузашта себ то 2 сомонӣ буд, ҳоло себҳои майда 5 сомонӣ аст. Мехоҳам нарх арзонтар шавад ва фарзандони мо аз мева сер шаванд,” – гуфт ӯ.

Раҳимҷон Муъминов, сокини дигари Душанбе, ки дар назди бозори “Саховат” бо мо суҳбат мекард мегӯяд, баъзе меваҳо, аз ҷумла гелосро фақат дар тӯю маъракаҳо мехӯрад: “Себу нок гарон аст, то 25-30 сомонӣ, ақаллан 10-15 сомонӣ бошад, сабуктар мешавад.”

Масъулони бозорҳо гарон будани нархи меваро то ҷое қабул доранд, аммо мегӯянд “вазъият рӯзҳои наздик хуб мешавад”. Нусратулло Раҳматшоев, як масъули бозори “Саховат”-и Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, меваҳое, ки феълан вориди бозор шудаанд, “пешпазак” мебошанд ва нархаш гаронтар аст.

Беш аз 70 дарсади сокинони Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва боғдориву кишоварзӣ аз шуғли мардум аст. Омори истеҳсоли мева дар соли равон ҳанӯз дастрас нест.

Нусратулло Раҳматшоев, як масъули бозори “Саховат”-и Душанбе гуфт, онҳо ба ҷуз нархи маҳсулоти ниёз аввал аз қабили пиёзу картошка, ба дигар нархҳо дахолат намекунанд ва ин бозор аст, ки вобаста ба талабот ва истеҳсол нархро таъйин мекунад. Дар ин миён одамоне ҳастанд, ки болоравии нархи меваҳоро ба гаронии харҷи кишоварзон вобаста медонанд.

XS
SM
MD
LG