Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин ҳанӯз охири кор нест." Нархи обро барои деҳқонон гарон карданд


Деҳқонҳои Тоҷикистон ин шабу рӯз ба нармкунии замин ва кишт машғуланд. Абдурозиқ Мӯъминов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садҳо бех ангур парвариш мекунад. Манбаи асосии даромадаш ҳамин аст, аммо имсол фоидаи зиёдро чашмдор нест. Бар замми хароҷоти дигар, нархномаи нави об ӯро ба ташвиш овардааст.

“Об аз минтақаи дур меояд ва нимаш дар ҷӯйборҳо гум мешавад. Ҳаминро бояд ба назар гирифта, арзон кунанд. Деҳқон агар пештар чор соат ба замин об монад, акнун се соат мемонад. Нарх гарон шудДарахтҳо камтар об мехӯранд. Инҳо забон надоранд. Шояд беҳосил монанд,” – гуфт Абдураззоқ Муъминов, раиси хоҷагии “Зархез”.

Мақомоти вилояти Суғд тағйир ёфтани нархи об барои заминҳои кишоварзиро тасдиқ карданд. Сардори идораи обёрӣ ва беҳдошти замини вилоят гуфт, ин дигаргунӣ ҳанӯз поёни кор нест.

Аминҷон Абдуллозода гуфт: “Бо мутахассисон ҳисоб кардем. Нархи асосии об ба 12-15 дирам рост меояд. Мо ҳоло 5 дирам кардем. Ин фақат 50-60 дар сади харҷро мепӯшонад. Ҳоло боз 40 дарсад зиён дида истодаем.”

Як сабаби афзудани нархи оби полезиро ба гаронии нерӯи барқ ва қарздор будани соҳа аз “Барқи Тоҷик” рабт доданд. Ҳаштод дарсади обёрӣ, ба гуфтаи масъулон, ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ва бо истифодаи барқ сурат мегирад.

Аминҷон Абдуллозода
Аминҷон Абдуллозода

“10-15 соли охир нархи барқ даҳ баробар гарон шуд. Танҳо дар соли 2023 қариб ба 80 миллион сомонӣ барқ истифода бурда бошем, пули хидмати обрасонӣ 29 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аст. Агар ҳама пули обро гирифта ба барқ диҳем ҳам, 50 дарсади пули барқро супорида наметавонем,” – гуфт Аминҷон Абдуллозода.

Ин мақомдори вилояти Суғд мегӯяд, барои ҳалли масъала, аз ҷумла бепул кардани об ё сармоягузории соҳа аз ҳисоби буҷа борҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд. Вале ҳоло танҳо ин иқдом роҳандозӣ шудааст, ки нархи обро боло баранд:

“Музди кор ҳаст, таъмири дастгоҳҳои обкашӣ ҳаст, андоз ҳаст. Кормандон 800 сомонӣ моҳона доранд, дар вақташ гирифта наметавонанд, корро партофта рафта истодаанд. Корхона муфлис шуда, соҳа аз байн рафта истодааст.”

Дар вилояти Суғд 250 ҳазор гектар замини кишоварзӣ ҳаст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз идораи обёрӣ қариб 80 миллион сомонӣ қарздоранд. Масъулони идораи кишоварзӣ мегӯянд, тасмими охир шароити деҳқононро мушкилтар мегардонад.

Ба қавли Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзӣ, “деҳқонон мегӯянд, баробари гарон шудани сӯзишворию нуриҳои минералию қисмҳои эҳтиётӣ агар об ҳам гарон шавад мо чӣ хел кор кунем? Норозигии кишоварзӣ ҳаст”.

Баъзе аз деҳқонон мегӯянд, афзоиши нархи оби полезӣ эҳтимол сабаби гарон шудани маҳсулоти кишоварзӣ низ гардад. Маҳсулоте, ки ҳоло ҳам арзиши онҳо дар бозорҳои Тоҷикистон боло ва хариданаш барои қишре аз аҳолӣ душвор гуфта мешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Қимати оби полезӣ дар Тоҷикистон боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00
XS
SM
MD
LG