Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шикоят аз ярмаркаҳо дуруст аст." Вазир аз "бемасъулиятӣ" гуфт. ВИДЕО 


Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон шикояти сокинони пойтахтро аз ярмарка ё намоишгоҳи фурӯши маҳсулот дар шаҳри Душанбе "дуруст" хонд. Қурбон Ҳакимзода гуфт, "бархе бемасъулиятӣ карданд".

Баъзе аз сокинони пойтахт тобистони имсол аз он шикоят доштанд, ки намояндагони ноҳияҳо маҳсулотро аз бозорҳои умдафурӯшии Душанбе харида, дар пойтахт ярмарка баргузор карданд, ки баръакс ба болоравии арзиши маҳсулот сабаб шуд.

"Мумкин аст, чунин далелҳо бошад, зеро баъзеҳо бемасъулиятӣ зоҳир карданд. Мақсади асосии ташкили ярмаркаҳо танзими нарх ва поин овардани шиддатнокии он дар бозорҳои Душанбе аст," -- иқрор шуд вазир.

Тобистони соли гузашта дар шаҳри Душанбе аз тарафи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд. Аз ҷумла, ҳатто ноҳияи баландкӯҳ ва дурдасти Мурғоби ВМКБ, ки тақрибан маҳсулоти кишоварзие дар заминҳои он кишт намешавад, чунин ярмаркаро доир кард.

Шуморе аз бошандагони Душанбе замони баргузории ин намоишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекарданд, ки масъулони шаҳру ноҳияҳо маҳсулоти кишоварзиро аз бозорҳои пойтахт мехаранд ва арзиши бе ин ҳам баланди маҳсулотро дар бозор баландтар мекунанд.

Баъзе аз мунтақидон ташкили намоишҳои зиёд ва фурӯши маҳсулоти кишоварзиро дар Душанбе ба хотири боло бурдани имиҷи пойтахт ва шаҳрдори он, писари раисҷумҳур, унвон карданд, Ҳакимзода гуфт, “ин ярмаркаҳо солҳои пеш низ баргузор мешуданд”.

Вазир гуфт, шикоят аз ярмаркаҳо дуруст аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

“Соли гузашта мо ба муносибати идҳои миллӣ ва ҷашнҳои давлатӣ дар Душанбе ин ярмаркаҳоро ташкил кардем, ки натиҷаҳои мусбати худро расониданд. Агар чунин ҳолатҳо бошанд, мо масъулем, назорат мекунем. Зеро мардум мегӯянд, ин дуруст аст,” -- таъкид кард вазири кишоварзии Тоҷикистон.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, замони баргузории ин ярмаркаҳо дар матлабе бо номи “Чаро ҳукумат фақат ғами Душанберо мехӯрад?” ҳадаф ва тарзи баргузории онҳоро ба боди интиқод кашид.

“Ҳоло мушкилу муаммоҳои вобаста ба намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ як тараф, баъзан норозигиҳо аз баргузории чунин ярмаркаҳо ҳам ба гӯш мерасанд. Соли 2017-2018 низ, вақте шаҳру ноҳия ва вазорату идораҳои кишвар барои ободонии пойтахт даъват шуданд, чунин сару садо кам набуд: Тоҷикистон фақат Душанбе нест!” – навишт муаллиф.

Дар Тоҷикистон ҳар сол дар боғҳои тафреҳии шаҳри Душанбе ҳангоми таҷлили ҷашнҳое чун Сада, Наврӯз, Тиргону Меҳргон ва баргузории идҳои зардолу, тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва ҷашнвораҳои дигар намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мешавад.

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, дар соли 2023 аз сӯйи деҳқонони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ “бештар аз 4962,2 тонна маҳсулот нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардид”.

Дар моҳи апрели соли 2023, ки ба моҳи Рамазон рост омада буд, низ дар Душанбе чунин ярмаркаҳои 10-рӯза дар чанд бозори пойтахт роҳандозӣ шуд, аммо коршиносон гуфтанд, ки ин кор ба нархи бозор таъсир намегузорад.

Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ, баргузории ярмаркаҳоро аз ҳисоби захираҳои давлатӣ қадами хуб донист, вале гуфт, “ин ярмаркаҳо ба нархи бозор таъсири дарозмуддат надоранд”.

Тоҷикистон ҳарчанд талош дорад, ки саҳми саноатро дар иқтисод боло барад, аммо ҳамоно як кишвари аграрӣ дониста мешавад ва дар соли 2023 истеҳсоли маҳсулотро ба 63028,4 миллион сомонӣ баробар кардааст.

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, дар як соли охир ба 246,6 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ (287 ҳазор тонна) содир кардааст. Ҳамчунин Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 107 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ овардааст, ки дар ин миён аз ҳама беш картошка (47 ҳазор тонна) аз Русия мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG