Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафт. Сабабҳоро намегӯянд. ВИДЕО


Нархи гази моеъ тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон дастикам 60 дирам, баробар ба 6 сенти амрикоӣ, боло рафтааст. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи ҳар литр гази моеъ 3 сомониву 70 дирам ва гоҳе бештар аз он аст. Ин ҳолат ронандагонро нигарон кардааст.

Ширкатҳои воридкунандаи ин навъи сӯзишворӣ аз шарҳи сабаби болоравии нарх худдорӣ карданд. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин кор ба кишварҳои содиркунандаи гази моеъ вобастааст.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 29-уми ноябр гуфтанд, ба таҳлили сабабҳои болоравии нархи гази моеъ оғоз кардаанд. Ин ниҳоди танзимкунандаи давлатӣ маъмулан танҳо пас аз 20 дарсад гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар як моҳ, ҳаққи дахолат ба онро доштааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Баҳрулло Абдуллоев дар Душанбе ронандаи таксӣ аст ва то як ҳафтаи пеш рӯзона барои мошинаш ба 60 сомонӣ сӯзишворӣ мехарид. Вай мегӯяд, ҳоло харҷаш 15-20 сомонӣ афзудааст. «Худатон фикр кунед, 60 сомонӣ куҷову 80 сомонӣ куҷо? Мо ронандаи таксӣ ҳастем ва аз ҳар километр роҳкиро мегирем. Ба муштариҳо гуфта наметавонем, ки газ қимат шудааст ва шумо ҳам қиматтар роҳкиро пардохт кунед,” -- гуфт ӯ.

Ба монанди мошини Баҳрулло, ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекардаанд. Маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳсулотест, ки тағйирот дар нархи он ба зиндагии мардум таъсири мустақим дорад. Болоравии нарх аллакай дар кори мусофирбарҳои шахсиву умумӣ таъсир гузоштааст.

Парвиз дар самти Душанбе-Кӯлоб мусофир мекашонад ва нархи роҳкиро аз як тараф 45 сомонӣ аст, аммо ӯ маҷбур аст аз мусофирони худ на камтар аз 50 ё 55 сомонӣ бигирад. Зеро ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, нархи роҳкирои як ҳафта пеш, дигар хароҷоти ӯро намепӯшонад.

Орзу Шоев, ронандаи дигарро болоравии пайи ҳами газ дар як соли ахир нигарон кардааст: "Ҳангоми арзон шудан нарх 5 ё 10 дирам поин меравад. Вақте қимат мешавад, якбора аз 3 сомониву 20 дирам то 3,70 - 3,80 боло меравад. Яъне панҷ дирам арзон, аммо то 60 дирам боло меравад.»

Дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ дар он нархҳоро мушоҳида карданд, фурӯшандаҳо омода набуданд сабаби якбора то шаст дирам гарон шудани ин навъи сӯзишвориро шарҳ диҳанд. Яке аз онҳо гуфт, «нарх аз мо вобаста нест, чун сӯзишворӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад».

Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, набуди рақобат дар бозори сӯзишворӣ, яке аз сабабҳои болоравии нархи гази моеъ ва навъҳои дигари сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.

Дар Тоҷикистон ширкатҳои асосии воридкунандаи сӯзишворӣ аз Қазоқистону Русия "Газпромнефт Тоҷикистон" ва "Фароз" номбар мешаванд. Ширкати «Фароз» як моҳ пеш чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва мошинҳояшро ба фурӯш гузошт ва маълум нест, ҳоло ҳам дар ин бозор аз ҷумлаи яккатозҳо аст ё не.

Мақомот мегӯянд, талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон оварда мешавад ва боқимондаи онро аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон меоранд.

Дар гузашта баланд шудани нархи сӯзишворӣ ба баланд шудани нархи роҳкиро ва, ҳамин тавр, маҳсулоти бозор таъсир гузошта буд. Охири соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, аз болоравии "ногаҳонӣ ва беасос"-и нархи молу маҳсулоти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла бензину солярка ва гази моеъ ҷилавгирӣ кунад, вале коршиносон мегӯянд, ба зӯр намешавад нархро танзим кард.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед.

XS
SM
MD
LG