Болоравии нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
Нархи гази моеъ тайи як ҳафтаи охир дар Тоҷикистон дастикам 60 дирам, баробар ба 6 сенти амрикоӣ, боло рафтааст. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ нархи ҳар литр гази моеъ 3 сомониву 70 дирам ва гоҳе бештар аз он аст. Ин ҳолат ронандагонро нигарон кардааст. Ширкатҳои воридкунандаи ин навъи сӯзишворӣ аз шарҳи сабаби болоравии нарх худдорӣ карданд. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин кор ба кишварҳои содиркунандаи гази моеъ вобастааст.
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир