Варзишгарони Норвегия дар ин муддат чор нишони тиллову се нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварданд. Мунтахаби Канада бо 9 медал - чор тилло, се нуқра ва ду биринҷӣ - дар мақоми дувум аст. Варзишгарони Олмон, ки ҳамагӣ 5 медал - чор нишони тиллову як нуқра - ба даст овардаанд, дар мақоми севуманд.
Тими Ҳолланд бо 8 медал (се тилло, ду нуқра ва се биринҷӣ) дар мақоми чорум мебошад. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 7 медал (ду нишони тилло, як нуқра ва чор биринҷӣ) мақоми панҷумро касб кардааст. Дастаи Русия - мизбони бозиҳо - то кунун 7 медал (як тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) дорад ва дар мақоми 7-ум қарор гирифтааст.
Умуман, то ҳоло варзишгарони 22 кишвар медалҳои Олимпиадаи Сочиро ба даст овардаанд ва намояндагони 13 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ мушарраф шудаанд.
Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочи танҳо як варзишгари тоҷик - Алишер Қудратов - дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал, соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, ширкат мекунад.
Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочи то 23-юми феврал идома меёбанд. Дар ин бозиҳо беш аз 2800 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 15 намуд дохиланд: биатлон, бобслей, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронии дуҳарба, пойгаи лижатозӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, варзиши чанаронӣ, скелетон, дави босуръат бо конки, сноуборд, рақси рӯи ях бо конки, фристайл, хоккейи рӯи ях ва шорт-трек.
Имрӯз, 12-уми феврал, дар Олимпиадаи Сочи варзишгарон дар лижаронии кӯҳӣ, конкитозӣ, чанаронӣ, рақси рӯи ях, сноуборд, кёрлинг ва хоккей рақобат мекунанд. Сабқати дастаҳои мардона оид ба хоккей дар гурӯҳи “А” имшаб соати 22 ба вақти Душанбе бо ду бозӣ миёни тимҳои мунтахаби Ҷумҳурии Чех – Шветсия ва Латвия -Швейтсария шурӯъ мешавад.

1 | Норвегия | 4 | 3 | 4 | 11 | ||||||||
2 | Канада | 4 | 3 | 2 | 9 | ||||||||
3 | Олмон | 4 | 1 | 0 | 5 | ||||||||
4 | Ҳолланд | 3 | 2 | 3 | 8 | ||||||||
5 | ИМА | 2 | 1 | 4 | 7 | ||||||||
6 | Швейтсария | 2 | 0 | 0 | 2 | ||||||||
7 | Русия | 1 | 3 | 3 | 7 | ||||||||
8 | Австрия | 1 | 3 | 0 | 4 | ||||||||
9 | Фаронса | 1 | 0 | 2 | 3 | ||||||||
10 | Беларус | 1 | 0 | 0 | 1 | ||||||||
10 | Кореяи Ҷанубӣ | 1 | 0 | 0 | 1 | ||||||||
10 | Лаҳистон | 1 | 0 | 0 | 1 | ||||||||
10 | Словакия | 1 | 0 | 0 | 1 | ||||||||
14 | Шветсия | 0 | 3 | 1 | 4 | ||||||||
15 | Ҷумҳурии Чех | 0 | 2 | 1 | 3 | ||||||||
16 | Словения | 0 | 1 | 2 | 3 | ||||||||
17 17 19 19 21 21 |
Италия Ҷопон Чин Финляндия Британияи Кабир Украина |
0 0 0 0 0 0 |
1 1 1 1 0 0 |
1 1 0 0 1 1 |
2 2 1 1 1 1 | ||||||||