Эрон дар 69-уми ҷашнвораи филми Канн ду ҷоизаи аслиро ба даст овард. Ҷоизаи беҳтарин филмнома насиби Асғар Фарҳодӣ шуд ва ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди мардро Шаҳоб Ҳусайнӣ аз худ кард.
Дар маросими поёнии ин ҷашнвора, ки шоми рӯзи якшанбеи 22 май дар шаҳри Канни Фаросна баргузор шуд, "Нахли тиллоӣ" барои беҳтарин филм насиби Кан Лоач барои филми "I, Daniel Blake" шуд.
Дар ин маросим ҳамчунин ҷоизаи беҳтарин филмнона насиби Асғар Фарҳодӣ аз Эрон барои филми "Фурӯшанда" шуд. Асғар Фарҳодӣ пас аз дарёфти ҷоиза гуфт, ки "филмҳои ман маъмулан филмҳои шодӣ нестанд, вале хушҳолам бо ҷоизаҳое, ки гирифтаам, тавонистам бахше аз мардуми кишварамро шод кунам."
Филми "Фурӯшанда" ҳамчунин тавонист як ҷоизаи дигарро ҳам аз они худ кунад. Шаҳоб Ҳусайнӣ, барои бозӣ дар ин филм, ҷоизаи беҳтарин ҳунарманди мард дар ҷашнвораи Каннро ба даст овард.
Филми "Фурӯшанда" як филми муштараки эронӣ-фаронсавӣ мебошад ва нақшҳои асосиро дар он Шаҳоб Ҳусайнӣ ва Тарона Алидӯстӣ бозӣ кардаанд. Ин филм аз муносибати зану шавҳар бо номи Раъно ва Имод ҳикоят мекунад, ки зиндагии онҳо дар пайи як ҳодиса ба Раъно, дучори мушкил мешавад.
Дар соли 2013 як зани ҳунарманд дар филми "Гузашта", ки онро Асғар Фарҳодӣ сохта буд, ҷоизаи беҳтарини ҷашнвораи Каннро ба даст оварда буд.
Ин барои бори аввал нест, ки филмҳои сохтаи Асғар Фарҳодӣ дар ҷашнвора ва озмунҳои синамоии ҷаҳонӣ соҳиби ҷоиза мешаванд. Филми дигари Асғар Фарҳодӣ бо номи "Ҷудоии Нодир аз Симин" дар соли 2012 ҷоизаи "беҳтарин филми хориҷӣ" дар ҷашнвораи Оскарро ба даст оварда буд. Филм дар бораи марди эроние қисса мекард, ки баъд аз чаҳор соли ҷудоӣ бо хонуми фаронсавияш ба хотири хатми раванди талоқ ба Фаронса бармегардад.
Ҷашнвораи байналмилалии филми Канн ҷашнвораи солонае ҳаст, ки дар шаҳри Канни Фаронса баргузор мешавад. Ин ҷашнвора яке аз бузургтарин ва пуршукӯҳтари рӯйдодҳои синамои ҷаҳон ба шумор меравад. Имсол ҷашнвораи байналмилалии филми Каннро ҳашт нафар -- чаҳор мард ва чаҳор зан доварӣ карданд.