Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд боздошти пойафзоли Тоҷикистонро қонунӣ медонад


Узбакистон боздошти чаҳор мошини борбари ҳомили пойафзоли эрониро, ки роҳии Тоҷикистон буданд, қонунӣ медонад.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, мақомоти Узбакистон боздошти бори транзитии Эронро, ки мебоист ба Тоҷикистон ворид шавад, қонунӣ мешуморад, зеро он мутобиқ ба санадҳои гумрукӣ набудааст.

Мансабдорони идораи гумруки Узбакистон шикоятҳои ҷониби Эронро беасос номидаанд. Як мақоми гумруки Узбакистон ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ахиран иттилоъ пахш шуда буд, ки Узбакистон чаҳор мошини боркаши Эронро боздошт намуд ва гӯё сабаби ин амал пойафзоле буд, ки дар дохили яке аз ин мошинҳои боркаш кашф шудааст, бар пояи санадҳо ботинка барои сохтмончиён сабт шуда, вале амалан пойафзоли низомӣ будааст.

Мақоми узбак афзудааст, ки 3500 ҷуфт пойафзол ё худ ботинкаҳои низомӣ дар санадҳои бор зикр нашуда буданд. Ӯ ҳамчунон илова кардааст, ки гумруки Узбакистон ин борро на дар мошинҳои боркаш, балки дар вагонҳои роҳи оҳан кашф кардааст. Ин манбаъ, ки номаш ошкор нашудааст, мегӯяд, барои содироти пойафзоли низомӣ тарафи содиркунанда бояд иҷозати вазорати мудофиаи Узбакистонро ба даст меовард.

Владимир Собкалов, муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон.
Владимир Собкалов, муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон.
Намояндаи расмии гумруки Узбакистон ба хабаргузории "Интерфакс" таъкид кардааст, ки сар аз соли 2011-ум ҳангоми транзити бори Эрон ба Тоҷикистон 554 ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии бор ташхис шуда, мақомоти Тошканд ба маблағи 5 миллиард сӯми узбакӣ ё худ 10 миллион доллари ИМА молу колоро мусодира намудаанд. Намояндаи гумруки Узбакистон гуфтааст, ки соли 2011-ум Эрон тавассути Узбакистон бо роҳи оҳан ва мошингард ба Тоҷикистон 332 ҳазор тонна бор интиқол дода буд. Соли 2012-ум ин рақам ба 448 ҳазор тонна расида, дар семоҳаи аввали соли равон 121 ҳазор тонна бори эронӣ ба воситаи Узбакистон ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Мақомдорони Тоҷикистон мегӯянд, муҳосираи Тоҷикистон аз тарафи Узбакистон монеаи бузурги рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон буда, ба ин ҷумҳурӣ миллиардҳо доллар хасоротӣ молӣ меорад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муовини раиси корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон Владимир Собкалов гуфт, дар бораи боздошти пойафзоли эронӣ дар Узбакистон чизе гуфта наметавонад, вале тамоми боре, ки ба воситаи қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон меояд, мавриди таҳқиқи мӯшикофона қарор мегирад: “Ягона чизе гуфта метавонам ин аст, ки Узбакистон ҳар бореро, ки ба Тоҷикистон транзит мешавад, аз тафтиши ҷиддӣ мегузаронад. Бар илова бастани роҳи оҳан дар баъзе самтҳо нархи интиқоли борро хеле баланд кардааст ва онҳо то ҳанӯз кадом роҳеро аз нав боз карданӣ нестанд.”

Собкалов мегӯяд, бар иловаи тафтишу таҳқиқ, ҷониби Узбакистон роҳи оҳан миёни вилоятҳои Сурхондарёи Узбакистон ва Хатлони Тоҷикистонро канда, Тоҷикистонро маҷбур кардааст, ки борашро ибтидо ба марказ-шаҳри Душанбе ва аз он ҷо ба вилояти Хатлон интиқол диҳад, ки пул ва вақти зиёдро талаб мекунад. Ба гуфти номбурда ин амал ба хоҷагии халқи Тоҷикистон миллиардҳо доллар зиён мерасонад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик.
Рӯзи паншанбе донишманди тоҷик, профессор ва доктори улуми иқтисодӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо номае ба президенти Узбакистон Ислом Каримов муроҷиат намуда, аз ӯ даъват кард, ки ба қавлаш вафо намуда, дар пайи тармими равобити миёни Узбакистону Тоҷикистон шавад. Ба қавли Умаров тахминан бист сол мешавад, ки равобити миёни ду кишвари ҳамсоя мояи нигарониҳои амиқ асту аз ин ҳол мардуми ду тарафи марз азият мекашанд. Умаров ёдовар шудааст, ки ду моҳ пеш президент Каримов дар бораи зарурати беҳбуди равобит бо ҳамсоякишварҳо ҳарф зад, вале то ҳол ягон амали воқеӣ дар ин самт ба вуқӯъ напайвастааст.

Профессор Умаров бо такя ба омори Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон овардааст, ки муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон, ки аз тарафи Узбакистон ҷорӣ шудааст, то ибтидои соли 2010-ум ба Тоҷикистон ба маблағи 26 миллиард доллар зарар оварда буд ва ин таҳриму мусоҳира ҳанӯз ҳам идома дорад. Умаров силсилаи иқдомҳои аввалиндараҷа баҳри беҳбуди равобити ду кишварро пешниҳод кардааст, ки аз байн бурдани майдонҳои мина дар марзи муштарак, эҳёи фаъолияти тамоми гузаргоҳҳои марзӣ, лағви низоми раводид ё худ виза дар рафтуомади миёни шаҳрвандони ду кишвар ва барқарор намудани рафтуомади заминиву ҳавоиро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG