Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон барои чорводуздӣ дар Узбакистон 17 сол гирифт


Додгоҳи ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарёи Узбакистон шаҳрванди Тоҷикистон Давлат Арбобовро барои дуздии чорво 17 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Намояндаи додгоҳ ба сомонаи «12 news» гуфт, Давлат Арбобов дар додгоҳ эътироф кардааст, ки вай 3-юми июли соли 2012 бо ҳамроҳии капитани нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус Далер Хушдил ва капитани дигаре бо номи Умар - сардори постгоҳи рақами 2-и Боғи ҷийдаи ин ноҳияи наздимарзӣ ва ҳамчунин се марзбони мусаллаҳи Тоҷикистон марзи Узбакистонро дар мавзеи кӯҳии Боботоғ убур карда, ҳудуди 6 километр вориди хоки кишвари ҳамсоя шудаанд ва дар маҳали аҳолинишини Ҳазратбобои ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарёи Узбакистон бо таҳдиди силоҳ аз чӯпонҳои ин маҳал 355 чорвои майдаро тасарруф кардаанд.

“Ба иқрори Арабов, баъдан онҳо чорвои тасарруфшударо ба ҳудуди қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус овардаанд ва марзбонон барои ҳамкорӣ ба Давлат Арбобов чун подош 43 чорвои майда додаанд», афзуд намояндаи додгоҳ.

Ба гуфти манбаъ, Давлат Арбобов пештар низ дар содиршавии чунин ҷиноёт даст доштааст. Чунончи, соли 2008 айнан бо ҳамин усул марзбонони тоҷик аз маҳали аҳолинишини Ҳазратбобои ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарёи Узбакистон 20 сар чорвои калони шохдорро тасарруф кардаанд ва баъдан онро ба маблағи 5000 сомонӣ (тахминан $1000) фурӯхтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” аз ин қазия изҳори бехабарӣ кард.
XS
SM
MD
LG