Он гуна, ки сокинони ин русто мегӯянд, «Гавҳорасанг» таърихи беш аз 600-сола дорад ва мардум низ ба хотири шифо ёфтан, ба хусус кӯдакон ба ин мавзеъ мераванд ва бо давр задан ба атрофии он ва дуохонӣ аз Худованд шифои комил ва оҷил талаб мекунанд.
Зиёратгоҳи «Гавҳорасанг» дар саргаҳи деҳаи Қаратоғ, қисмати шимолӣ ва дар соҳили чапи дарё мавқеъ дорад. Даруни зиёратгоҳ ду санги гавҳорамонанде гузошта шудааст. Андозаи сангҳо баробари гаҳвораанд. «Гавҳорасанг»-ро бештар занон зиёрат мекунад.
Марзия Турсунова, сокини рустои Қаратоғ мегӯяд, ки одамони зиёде аз дуру наздик тамоми фаслҳои сол, ба ин мавзеъ меоянд ва ҳар як зиёраткунанда дар назди ин сангҳо аз Худованд ба дунё омадани тифлони нав ва тансиҳатии онҳоро талаб мекунанд. Вай мегӯяд, «Гавҳорасанг» чун рамзи модар ва муҳаббати он нисбати фарзанд пос дошта мешавад.
Мувофиқи ривоятҳо, мавзеъи «Гавҳорасанг» таърихи бештар аз 600 сола дорад ва нахустин маскангирии мардумони муҳоҷиргашта дар асри 14 низ ҳамин мавзеъ номбурда мешавад. Номи маҳаллае, ки дар он мардум зиндагӣ доранд, мансуби номи ин зиёратгоҳ буда, оромгоҳи хурде, дар қисмати шимолии он ҷойгир аст. Ҳамчунин дар саргаҳи деҳаи Қаратоғ мазори "Дарвоза" низ воқеъ аст. Гуфта мешавад, дар ин маврид таърихнигор Ғолиб Ғоибов корҳои тадқиқотӣ анҷом додааст.
Таърихнигорон ва сокинони солманди ин русто мегӯянд, баъд аз ҳодисаи ба санг табдил ёфтани гаҳвора, ин мавзеъ ҳамчун рамзи гаҳвораи шаҳр маъруф шудааст.
Тибқи ривоятҳо Шайх Эшони Шоҳмансури Самарқандӣ аз муридони Хоҷа Аҳрори Валӣ, дар ибтидои асри 16 ба зиёрати Мавлоно Яъқуби Чархӣ меояд ва ҳангоми бозгашт дар наздикии мавзеъи гавҳорасанг вафот мекунад. Вале дафнгоҳи Шайх Шоҳмансури Самарқандӣ дар ин мавзеъ мавҷуд нест ва гуфта мешавад, ин ҳодиса тахминан ба соли 1511 рост меояд ва ин шайх аз "Гаҳвораи шаҳр" зиёрат кардааст. Дар асрҳои 15-16 "Роҳи абрешим ҳам аз Самарқанд ба Чин тавассути рустои Қаратоғ мегузашт.