Додгоҳи вилояти Хатлон як ҷавонро барои қасди пайвастан ба гурӯҳи ифротгарои ба ном "Давлати исломӣ", ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин додгоҳ рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Маҳмадсолеҳ Бобоев, сокини ноҳияи Бохтар ҳафтаи пеш содир шуд.
Cокини 26-солаи деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти "Бохтариён"-ро ба қасди ҷиноят ва омодагӣ ба зархаридӣ гунаҳкор донистаанд. Наздиконаш аз шарҳи қазия худдорӣ карданд, вале Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва ҳамзамон қозии парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Маҳмадсолеҳ Бобоев дар сухани охиринаш дар муҳокима нияти ба "Давлати исломӣ" пайвастанашро тасдиқ кардааст.
Ба гуфтаи мақомот, ин сокини вилояти Хатлон аз соли 2013 мунтазам ба муҳоҷират мерафтааст ва дар шаҳри Екатеринбург бо зану ду фарзандаш зиндагӣ мекардааст.
Маҳмадсолеҳ Бобоевро муоширати пайвастааш бо мубаллиғони гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" аз тариқи интернет ба доми тундгароён андохтааст. Аммо ӯро то ба Туркия, яке аз кишварҳои транзитии вуруд ба Сурия нарасида, дар шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова рӯзи 12-уми апрел дастгир карда ва ба Тоҷикистон супурдаанд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли "Одноклассники" ва "Вайбер"-у "Вотсапп" як роҳи ҷалби ҷавонони тоҷик ба ДИИШ будааст ва дар аксар парвандаҳои ҷиноӣ дар додгоҳи вилояти Хатлон аз онҳо ном мебаранд.
Аз ин пештар дар моҳи апрел Баҳодур Тӯхтаев, сокини дигари ноҳияи Бохтарро ҳам бо айнӣ ҷиноят ба 13 соли зиндон маҳкум карданд.
Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва ҳамзамон қозии мурофиа гуфт, ки Баҳодур Тӯхтаев моҳи декабри соли 2016 ҳангоми сафар аз Маскав ба Туркия дар фурудгоҳи Шереметево боздошт шудааст.
Ба гуфтаи додгоҳ, Баҳодур Тӯхтаев бо шахси номаълуме бо номи "Абу Салоҳиддин" дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" дар шаҳри Маскав ошно шудааст ва ба доми онҳо афтода ва хостааст ба Сурия бираваду ба "Давлати исломӣ" бипайвандад.
Хонаводаи Баҳодур Тӯхтаев гуфтанд, ки писарашон дар шаҳри Маскав роҳрӯбӣ мекард ва азбаски вақти зиёдашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронидааст, ӯро аз кор рондаанд ва баъди ҳамин хостааст ба сафи ҷангҷӯён пайвандад.
Чанд моҳи пеш ӯро аз ҷойи кораш пеш карда буданд, ҷойи кор надошт. Гуфтаанд, ки дар интернет зиёд сӯҳбат карда, кор намекунӣ.
"Писарамро ба мудати зиёд зиндонӣ карданд, гуноҳашро бар дӯш гирифт, мо шикоят накардем, намедонам, ки ояндааш чӣ мешавад. Ҳамин писарам буд, ки пул мефиристонд. Чанд моҳи пеш ӯро аз ҷойи кораш пеш карда буданд, ҷойи кор надошт. Гуфтаанд, ки дар интернет зиёд сӯҳбат карда, кор намекунӣ"- мегӯяд, Уразмет Тухтаев, падари 52-солаи Баҳодур
Ғулом Бобоев, вакили Баҳодур Тухтаев, гуфт, ҳукм қувваи қонунӣ гирифт, вале онҳо шикоят намебаранд, чун аз ҳукм розӣ ҳастанд:
"Ҳукми додгоҳ дуруст буд, шикояте накардем, ба фикрам ҷазо сабук аст, ин ҷиноят дар Русия содир шуд, тибқи моддаҳои қонун он кишвар сабуктар ҷазо гирифтааст, агар тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷазо мегирифт мӯҳлати бештар аз 13 сол зиндони мешуд."
Тибқи иттилои додгоҳи вилояти Хатлон дар се моҳи имсол 15 сокини вилоятро барои ифротгароӣ ва ё узвият дар гурӯҳҳои тундрав ба зиндон маҳкум кардаанд.