Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фатҳулло Гулен, муассиси мактабҳои туркӣ дар ИМА даргузашт


Фатҳулло Гулен. Акс аз соли 2016
Фатҳулло Гулен. Акс аз соли 2016

Ҷонибдорони Фатҳулло Гулен, руҳонии турки муқими Амрико аз даргузашти ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Пенсилвания хабар доданд.

Herkul, хабаргузории наздик ба Фатҳулло Гулен навиштааст, ин рӯҳонии 83-сола рӯзи 20-уми октябр вафот кард. Хабари марги Гуленро яке аз пайвандони ӯ дар суҳбат бо шабакаи CNN Türk низ тасдиқ кардааст.

Ҷузъиёти бештар, аз ҷумла сабаби марги ин руҳонӣ маълум нест.

Фатҳуллоҳ Гулен аз солҳои 90 дар Амрико ба сар мебурд. Ӯ ибтидо аз ёрони раҳбари кунунии Туркия Раҷаб Эрдуғон ном бурда мешуд. Вале баъди табадуллоти нофарҷоми соли 2016 дар Туркия, ҳукумати ин кишвар тарафдорони Фатҳулло Гуленро ҳадаф қарор дод.

Дар муддати ҳафт соли ахир, садҳо нафар дар Туркия бо ҷурми пайравӣ аз Гулен боздошт шуданд. Аммо худи ӯ ҳаргуна даст доштан дар ин ҳодисаро рад карда буд.

Фатҳулло Гулен муассиси мактабҳои туркӣ дар чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG