Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаррух Зокиров: Аз сари тарошидаи Наргис хушам намеояд, вале...


Фаррух Зокиров
Фаррух Зокиров

Раҳбари гурӯҳи овозадори "Ялла" дар як мусоҳибааш бо радиои Озодӣ дар бораи фаъолияти 45-солаи ин гурӯҳ, муносибаташ ба хоҳарзодаи баҳсбарангезаш Наргис Зокирова ва дигар мавзӯъҳо сӯҳбат кард.

Фаррух Зокиров 69 сол дошта, бахши аслии умрашро ба овозхонӣ ва раҳбарии гурӯҳи мусиқии “Ялла” бахшидааст. Ӯ дар Тошканд зиндагӣ мекунад, соҳиби ду писар аст. Ахиран дар Амрико яке аз писарҳояш издивоҷ кард.

Гурӯҳи “Ялла”, ки имсол аз таъсисёбии он 45 сол пур шуд, ҳоло ҳам ба барномаҳои мухталифи ҳунарӣ, аз ҷумла, барномаҳои телевизиониву консертҳои берун аз Ӯзбакистон даъват мекунанд. Таронаҳои “Чойхона”, “Шаҳрисабз”, “Уч қудуқ” ва дигарҳо аз маъруфтарин оҳангҳои гурӯҳи “Ялла” шинохта мешаванд. Дар як тамоси телефонӣ овозхони маъруф ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Ҷашни гурӯҳатон муборак шавад. Ҳоло ҳам аз барномаҳои телевизионӣ мебинем, ки дар берун аз кишвар консерту барномаҳои зиёди ҳунарӣ доред.

Фаррух Зокиров: Бале, худоро шукр, даъват мекунанд. Ҷое консерт, ҷои дигар дар барномаҳои телевизионӣ иштирок мекунем. Ба Русияву дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ даъват мекунанд.

"Оҳанги хуб миллат надорад"

Радиои Озодӣ: Шумо вақте ба бозори беруна мебароед, аксар вақт ба забони русӣ, гоҳо арабӣ суруд иҷро мекунед. Буданд ҳолатҳое, ки дар дохили Ӯзбакистон ин чиз мавриди интиқоди ҳамватанонатон қарор гирифта бошад?

Фаррух Зокиров: Як чизро ба назар бояд гирифт, ки масъала дар жанри иҷрои суруд аст. Агар шумо дар жанри “Катта ашӯла” ё “Мақом” иҷро кунед, ин сурудҳоро ба забони, масалан, русӣ иҷро карда намешавад. Вале “Ялла” ҳамеша дар жанри мусиқии замонавӣ ё поп иҷро кардааст ва ин жанр ҳақ дорад ҳар гуна тағйирот ё навоварӣ ҷорӣ кунад. Масалан, таронаи “Чойхона”-ро бубинед. Он ба забони русӣ иҷро шудааст, вале вақте онро мешунавед, ҳеҷ гоҳ кас дар фикри ин намешавед, ки забони ин оҳанг русӣ аст. Дар оғоз, вақте мо тоза корамонро шурӯъ кардем, баъзеҳо танқид неву, савол медоданд, ки оё бо интихоби забони русӣ шумо шумо арзишҳои миллиро поймол намекунед? Вале мо ҳамеша боэҳтиёт ва боэҳтиром кор кардем, то ки ба харобкорӣ даст назанем.

Радиои Озодӣ: Ҳоло воқеан ҳам сурудҳои ӯзбакиро дар бисёр нуқоти дигари берун аз Ӯзбакистон шунидан мумкин аст. Дар Қафқоз, дар Булғористон ин сурудҳоро гӯш мекунанд.

Фаррух Зокиров: Суруду оҳанги хуб миллат надорад. Одам аввал оҳангро қабул мекунад ва агар он ба дилаш нишаст, баъд мепурсад, ки ин оҳанг ба кадом забон суруда шудааст?

Радиои Озодӣ: Мо медонем, ки дар Тоҷикистон ва дар Ӯзбакистон ба истилоҳ сензураи оҳангҳои замонавӣ амал мекунад. Дар Ӯзбакистон, масалан, ба баъзе овозхонҳо иҷозат нест, ки дар хориҷа консерт ташкил кунанд. Назари шумо ба ин монеагузориҳо чист?

Фаррух Зокиров: Эстрада як жанри демократӣ аст. Дар Ӯзбакистон, ки суннату анъанаҳои овозхонии худро доранд, ба тарзи тақдими оҳанг ва рафтори овозхонҳо бо ҳассосият муносибат мекунанд. Ман тарафдори сензура нестам. Вале бо назардошти менталитети миллии мо, агар ин чизҳо назорат шавад, бад нест. Бо як шарт, ки онҳое, ки дар сохторҳои раҳбарикунанда менишинанд, ҳамчунин бояд соҳиби маълумот ва ҷаҳонбинии кофӣ бошанд, то ки ба мусиқиву шеър ва овозхонҳо баҳои дуруст дода тавонанд. Онҳо бояд мактаби мусиқиро гузашта бошанд, шахсиятҳои воқеан фарҳангӣ бошанд. Вале агар ин мақомдор фақат кораш манъ кардан бошад, дуруст нест.

"Карим Зокирови бузург аз ҳолати Наргис шок мешуд"

Радиои Озодӣ: Муносибати шумо ба эҷодиёт ва намуди зоҳирии хоҳарзодаатон Наргис Зокирова чӣ гуна аст? Ӯро як шахсияти баҳсбарангез меноманд. Дар як моҷарои охираш ӯ дар маркази як ҷанҷоле қарор гирифт, ки мазмуни динӣ дошт (Дар навиштаҷоташ моҳи апрели имсол дар як шабакаи иҷтимоӣ Наргис Зокирова аз мунаққидони

Наргис Зокирова
Наргис Зокирова

мазҳабии худ дар Ӯзбакистон интиқод карда нахуст навишт, ки аз дин безор аст, вале баъди мавҷи танқидҳо аз онҳо узр пурсид).

Фаррух Зокиров: На, ин баҳси динӣ набуд, ин як ҳолати эҳсосотие буд, ки дар ғояти хашм берун шуд. Ӯро ба ин ҳолат водор карданд. Табиист, ки вақте як ҳолат ё нафари ғайримуқаррарӣ пайдо мешавад, ҳатман вокунишҳои мухталифе ба бор меорад. Дар бораи Наргис чӣ гӯям? Вай аз соли 1994, яъне муддати зиёд дар Ғарб зиндагӣ мекунад, ки қонуну қоидаи зиндагии худро дорад. Пеш аз он ки вай дар проекти мусиқии “Голос” (телевизиони РТР-и Русия) пирӯз шавад, роҳи мушкили касбиро пушти сар кардааст. Чӣ фарқ дорад, ки ман ба ӯ чӣ муносибат дорам? Бале, ман аз сари тарошидаву холкӯбиҳои бадани ӯ хушҳол нестам.

Радиои Озодӣ: Ҳамчун як тағо, яъне?

Фаррух Зокиров: Бале, ҳамчун тағо. Вале аз сӯи дигар, тамошобинро фиреб карда намешавад. Агар овозхониву тарзи рафтори ӯ дар саҳна қобили эътимод буд, пас ҳалолаш бод. Бале, ман вақте фикр мекунам, ки ӯ набераи Карим Зокирови бузург аст (падари Фаррух Зокиров), агар падарам инро медиданд, худо раҳмат кунад, ва ё бародарам Ботур Зокирови раҳматӣ, албатта шок мешуданд (механдад). Вақте ман бори аввал ӯро дар ҳолати сартарошидааш дидам, гуфтам, кори худат. Он вақт фикр намекардам, ки ӯ ба саҳнаи калон роҳ меёбад. Вале ҳоло

ҷавонҳое, ки ӯро мебинанд, аз ӯ хушашон меояд. Масалан, вақте ман консери ӯро дар Чеченистон ва истиқболи гарми тамошобинонро дидам, дар ҳайрат мондам. Шумо медонед, ки суннатҳои мазҳабии он ҷо чӣ қадар сахтанд.

Радиои Озодӣ: Яъне дигар ҳоло шумо ӯро ҳамчун як тағояш насиҳат ҳам карда наметавонед?

Фаррух Зокиров: Албатта, ӯ кайҳост зиндагии худро дорад, соҳиби се фарзанд аст. Вай як одами мустақил аст. Хайр, гоҳе ба Луиза-апаам чизе мегӯям, диламро холӣ мекунам, ғайбат мекунем, вале аз ин зиёд не. Вале ин чизро рад карда намешавад, ки эҷодиёти Наргис эътимодбахш аст, овозаш хуб аст, ӯ як овозхони касбӣ аст ва тамошобин ҳам инро мебинад. Овозхони австриягӣ Кончита Вудсро ёд доред, ки риш дошту сурати зан ва дар “Евровидение” баромад кард? Вале вақте садову ҳунари ӯро мешунавӣ, баъд дар бораи намуди зоҳирии ӯ фикр намекунӣ. Ин ҳам ҳамин хел.

Радиои Озодӣ: Яъне шумо ба Наргис машварат намедиҳед, ки ба Ӯзбакистон сафар кунад?

Фаррух Зокиров: На. Дар ин ҷо расму оинҳои худ амал мекунанд. Ман ба ӯ бо чунин намудаш машварат намедодам, ки ба Ӯзбакистон сафар кунад.

"Худо бояд дар дили одам бошад"

Радиои Озодӣ: Шумо аз зиндагии худ розӣ ҳастед?

Фаррух Зокиров: Худоро шукр, розӣ ҳастам. Албатта, зиндагӣ бемушкил намешавад. Агар аз нав таваллуд мешудам, боз бо ҳамин роҳ мерафтам. Падари мо мегуфтанд, ки агар овозхон шавед, бояд овозхони дараҷаи 1 шавед, вагарна лозим нест. Умедворам, ки ман ба боварии падарам ноил шудам.

Радиои Озодӣ: Шуморо боре дар солҳои пошхӯрии Шӯравӣ дар телевизион дида будам, ки порае аз Қуръонро бо оҳанг иҷро кардед. Шумо эътиқодманд ҳастед?

Фаррух Зокиров: Худо маро бубахшад, ман 5 бор дар рӯз намоз намехонам. Худораҳматӣ модарам мегуфтанд, ки эътиқодро то ифрот набояд расонд, Худо бояд дар дили одам бошад. Ман аз рӯи ҳамин принсип зиндагӣ мекунам.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҷавонҳои зиёд аз ҷомеаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбакистон ҳам барои ҷанг ба Сурияву Ироқ мераванд, ифротӣ мешаванд. Шумо барои онҳо гуфтание доред?

Фаррух Зокиров: Ингуна сӯҳбатҳоро бояд сиёсатшиносон кунанд. Вале ман ҳамчун як инсон ба ин боварам, ки одам бояд ба зиндагӣ муносибати самимӣ ва башардӯстона дошта бошад. Инсон дар табиати худ ба экстремизму терроризм майл надорад. Аз кадом китоб онҳо инро мехонанд? “Устодонашон” равони ин ҷавонҳоро хароб мекунанд. Дар зиндагӣ ҳама чиз меъёр дорад. Дини Ислом аз меҳрубонтарин ва башардӯсттарин динҳои олам аст. Мо бояд ба ҷавонҳо бифаҳмонем, ки дини Ислом дини терроризм нест.

XS
SM
MD
LG