Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД... Кӣ чӣ фаҳмид?


Акси даъватномаи "ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД" ба Илҳом Беков
Акси даъватномаи "ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД" ба Илҳом Беков

Кӯтоҳшудаи исми як ниҳоди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки акси як даъватномааш дар Фейсбук нашр шудааст, ба чистони мағзшикане мемонад, ки барои ёфтанаш бояд хеле майна об кард.

Акси даъватномаи як воҳиди пулиси вилояти Суғд, ки раиси бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳом Беков дар саҳифааш дар Фейсбук гузоштааст, бештар ба чистони мағзшикан мемонад, то ба як санади расмӣ.

Илҳом Беков дар поварақи ин акс ин суолро матраҳ карда, ки оё мақомоти умури дохилаи вилоят аз болои сари мақомоти умури дохилаи ноҳия гузашта, метавонанд касро ба бозпурсӣ даъват кунанд? Вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова ҳам билофосила ба ӯ посух дода, ки бале, чунин ҳақро доранд.

Аммо дар акси даъватномаи пулис таваҷҷӯҳи моро чизи дигаре бештар ҷалб кард. Дар даъватнома аз ҷумла мехонем:

“ Шаҳрванд ___Беков Илҳом Рабиевич

Истиқоматкунандаи _ __ноҳияи Мастчоҳ ______________________

Шуморо зарур аст, ки санаи __ 30 сентяри соли 2014 соати 09 00

Ба ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар вилояти Суғд ... ҳозир шавед.

Дар ҳолати ҳозир нашуданатон бе сабабҳои узрнок дар асоси

талаботи моддаи 115 КМҶ ҶТ маҷбуран оварда мешавед.”

Дар матни ин санади расмӣ исми худи ин ниҳод чистоне дандоншикан ё мағзшикан менамояд: "ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД..." Муаммои дигар - "КМҶ ҶТ" аст, ки Илҳом Бековро метавонанд “дар ҳолати ҳозир нашуданаш бе сабабҳои узрнок” бар асоси моддаи 115-уми ҳамин КМҶ ҶТ “маҷбуран” биоранд.

Оё шумо медонед, ки зери “ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД” кадом воҳиди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон “пинҳон” шудааст? Ва “КМҶ ҶТ” чӣ маъно дорад?

Оё Шумо намунаҳои дигари чунин исмҳои кӯтоҳшударо аз ҷумла дар номи идораҳои дигари давлатии Тоҷикистон медонед?

Ва ба сурати умум, чунин мухтасаркуниҳо ё аббревиатураҳо, ки дар замони Шӯравӣ аз забони русӣ ба тоҷикӣ нуфуз кард, имрӯз дар забони тоҷикӣ бояд бошад ё на? Хусусан агар чун дар мисоли ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД" чунин ба ифрот бурда шаваду мардум, худи хабарро як сӯ гузошта, ба ин бияндешанд, ки зери ин ном оё чӣ нуҳуфтааст?

БМҲНХБ, яъне: Ба мо ҳатман назари худро бинависед.

МПШваШШ, яъне: Мунтазири посухҳои Шумо ва шарҳҳои Шумоем.

XS
SM
MD
LG