Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 моҳи зиндон - барои 21 807 зангу СМС


Додгоҳи Фаронса як марди 33-соларо, ки ба дӯстдухтари собиқаш 21 807 маротиба ё занг задаву ё СМС фиристодааст, маҳкум ба 10 моҳи зиндон кард. Ин мард ҳоло мегӯяд, аҷаб кори "аҳмақона"-е кардааст.

Як марди фаронсавии 33-сола бо ҷурми 21 807 занги телефониву паёмак ба дӯстдухтари собиқаш ба зиндон маҳкум шудааст. Ба навиштаи рӯзномаи британиявии Гордиан (Guardian), ин шахс кори худро “аҳмақона” тавсиф кардааст. Ин муҷрим исрор меварзад, ки дар тамосҳояш мехост, то маъшуқааш ба ӯ “бобати таъмири манзили зисташон ташаккур” гӯяд.

Додгоҳ ба далели музоҳимати телефонӣ ин мардро ба муддати 10 моҳ ба ҳабс гирифта, ҳамчунин ба пардохти 1000 евро маҳкум кард. Аммо 6 моҳ аз ҳукми ӯ шартист ва танҳо дар сурате ки ӯ дар ин муддати шартӣ боз ягон хилофкории дигар кунад, ба зиндон андохта хоҳад шуд. Додгоҳ муқаррар кардааст, ки дар давраи маҳкумият ин мард бояд дар дармонгоҳи тиббӣ табобат бигирад. Ба ӯ инчунин анҷоми ҳар гуна тамос бо зане, ки мавриди “музоҳимат” қарор дода буд, манъ шуда аст.

Фарди маҳкумшуда дар соли 2011-ум низ баъди қатъи робита бо дӯстдухтараш дучори афсурдагӣ шуда, барои табобати ин беморӣ дар шифохона бистарӣ шуда буд. Баъди берун шудан аз дармонгоҳ ин мард хостааст, бо дӯстдухтари собиқаш дар тамос шуда, ба ӯ, ба гуфтаи худаш, бобати таъмири манзили собиқи зисташон сипосгузорӣ кунад ва гӯё барои коре, ки анҷом додааст, музди ӯро пардозад.

Ин мард дар додгоҳи шаҳри Лиони Фаронса гуфт: ”Дар он замон мантиқи ман ин буд, ки то замоне ки (дӯстдухтари собиқам) пулро надиҳад.. ё дастикам, ки ташаккур накунад, тамосҳоро қатъ нахоҳам кард.”

Ба ин тартиб, ин мард талоши занг задун СМС фиристодан ба дӯстдухтари собиқашро идома дода, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз ба ин зан 73 дафъа телефон мекард.

Вакили мудофиаи ҷабрдида мегӯяд, ин муаллимаи 32-сола телефони худро масдуд карда буд, вале марди муҷрим пайваста ба падару модар ва маҳаллли кори ӯ ҳам занг мезад. Дар поёни додгоҳ марди маҳкум гуфтааст, ки имрӯз ба гузашта нигоҳ карда, дарк мекунад, ки чӣ кори “аҳмақона”-е кардааст.

XS
SM
MD
LG