Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

232 дандон дар як даҳон

Табибон дар шаҳри Мумбай (Бомбай) аз даҳони як навҷавони 17-солаи ҳиндӣ 232 дандонро берун кардаанд.

Масъулони бемористони Mumbai's J.J. Hospital мегӯянд, ки ин амалиёти ҷарроҳӣ таърихӣ буда ва дар сатҳи ҷаҳон назир надоштааст.

Ашик Гавай (Ashik Gavai) баъд аз он, ки алошаи росташ варам кард, ба табибон муроҷиат кард ва табибон мушаххас карданд, ки ӯ бо мушкили печидае бо номи одонтома (odontoma) рӯбарӯст.

Раиси бахши дандонипизишкии ин бемористон гуфтааст, ки амалиёти ҷарроҳӣ рӯзи душанбе анҷом шуд ва ҳафт соатро дар бар гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар дохили устухони алошаи ин навҷавон чандин дандони марворидшакл мувҷуд буданд.

Ба гуфтаи табибон, пас аз кашидани ин дандонҳо сохтмонҳои санги мармар монанд пайдо шуданд ва бардошта шуданд. Падари ин навҷавон гуфтааст, ки хонаводаи Ашик нигарон буданд, ки ин варам шояд аз бемории саратон бошад: "Ман нигарон будам, ки мумкин аст ин варамидагӣ  аз саратон бошад. Аз ин рӯ ӯро ба Мумбай овардам."

Табиби ҷарроҳ гуфтааст, ки бар асоси он, чӣ дар китобҳои тиббӣ омадааст, дар чунин як вазъияте ҳадди аксар 37 дандон бардошта шудаанд. Аммо ӯ афзуд, ки ӯ ва тимаш 232 дандонро аз даҳони Гавай берун кардаанд. Вай афзуд, ки "фикр мекунам, ин амалиёт рекорди ҷаҳонӣ аст."

Ба гуфтаи табибон, дандонҳои маъмулии Ашик берун оварда нашудаанд, аммо табибон дар ин амали ҷарроҳи дандонҳои ақли ӯро кандаанд. Дар ҳоли ҳозир вазъи Гавай беҳтар шудааст ва метавонад оби коконут ва шир истеъмол кунад.

Ба гуфтаи раҳбари бахши дандонпизишкии ин бемористон Вандана Тораваде, хароҷоти ин амалиёт 250 ҳазор рупия, муодили 4 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст, ки падари ӯ тавони пардохти онро надоштааст. Падари Гавай як муздур аст ва даромади рӯзонаи ӯ ҳамагӣ 150-200 рубия (2-3 долларро ташкил медиҳад. Хароҷоти ин ҷарроҳиро мақоми маҳаллӣ пардохт кардаанд.

Табибони Гавай гуфтаанд, ки мушкили дандонӣ дар ин навҷавон ҳанӯз замони шашсола будани ӯ шурӯъ шудааст. Аммо ӯ то як моҳи қабл ба ин аҳамият надод, то ин ки даҳони ӯ ба варамидан шурӯъ кард. Табибони деҳа дар 500 километрии Мумбай аз табобати ӯ оҷиз монданд ва  маслиҳат доданд, ки ӯро ба бемористони Мумбай баранд. Табибон гуфтаанд, ки дандончаҳо дар даҳони Гавай эҳтимолан дубора рушд кунанд, аммо на ба ин миқдори зиёд.

T

XS
SM
MD
LG